Лоиқ ШЕРАЛӢ, Шоири халқии Тоҷикистон

ШУКР ГӮЯМ

Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям,
Ба нигори нав расидам, зи нигор шукр гӯям.
Зи хумори ишқ шодам, ки дили маро 
ҷавон кард,
Ба хумори дил расидам, зи хумор шукр гӯям.
Зи шарори хандаи гул ба дилам шарора 
афтод,
Ба дили шарораборам зи шарор шукр гӯям.
Ғазали ҳазор бошад зи ҳазор ҷилваи гул,
Зи ҳазор нағмаи ӯ ду ҳазор шукр гӯям.
Чу баҳор гул фишонад, ба баҳори нав расонад,
Зи барои ризқи мардум зи барор шукр гӯям.
Чу шавад шукуфаборон ба сару ба дӯши ёрон,
Зи хазон кунам фаромӯш, зи баҳор шукр гӯям.

БАРХЕЗ,БАҲОР ОМАД!

Эй булбули шӯрида, бархез, баҳор омад,
Эй нури дилу дида, бархез, баҳор омад.
Эй лолаи хуниндил, аз хоби гарон бархез,
Чун мавҷ хурӯшида, бархез, баҳор омад.
Тундар ба фиғон омад, шӯре ба миён омад,
Эй олами хобида, бархез, баҳор омад.
Шуд сабз замин то арш, об аз рухи гул шорид,
Эй барги хазондида, бархез, баҳор омад 
Хуршеди ҷаҳонафрӯз чодар зи рухаш афканд,
Эй олами фарсуда, бархез, баҳор омад.
Ҳар рӯзи зимистонам пур гашт зи афғонам,
Эй қалб, биҷӯшида бархез, баҳор омад.
Гулбонг зи нав сар кун, гӯши фалакат кар кун,
Эй мурғи қафасдида, бархез, баҳор омад,

Ӯғилой ҶӮРАБОЕВА,
ноҳияи Узуни 
вилояти Сурхондарё.

ИШҚ ВА 
ИЗДИВОҶ

Шогирде аз устодаш пурсид: 
— Ишқ чист? 
Устод дар ҷавоб гуфт: 
— Ба гандумзор бирав ва пурхӯшатарин шохаро биёвар, аммо ҳангоми убур аз гандумзор, ба ёд  дошта бош, ки наметавонӣ ба ақиб баргардӣ то хӯшае бичинӣ.
Шогирд ба гандумзор рафт ва пас аз муддати тӯлонӣ баргашт. 
Устод пурсид: 
— Чӣ овардӣ? 
Бо ҳасрат ҷавоб дод: 
— Ҳеч! Ҳарчӣ дарунтар мерафтам, хӯшаҳои пурпушттар медидам ва ба умеди пайдо кардани пурпушттарин, то интиҳои гандумзор рафтам. 
Устод гуфт: 
— Ишқ, яъне ҳамин аст. . . 
Шогирд пурсид:
— Пас издивоҷ чист? 
Устод ба сухан омад, ки: 
— Ба ҷангал бирав ва баландтарин дарахтро биёвар, аммо ба ёд дошта бош, ки боз ҳам наметавонӣ ба ақиб баргардӣ! 
Шогирд рафту пас аз муддати кӯтоҳе бо дарахте баргашт. 
Устод пурсид, ки шогирдро чӣ шуд ва ӯ дар ҷавоб гуфт: 
— Ба ҷангал рафтам ва аввалин дарахти баландеро, ки дидам, интихоб кардам. Тарсидам, ки агар дарунтар биравам, боз ҳам дасти холӣ баргардам. 
Устод гуфт: 
— Издивоҷ, яъне ҳамин аст. 

Таҳияи А. КОМРОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: