Омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 13-уми деҳаи Порашт Собир Эргашевро ҳанӯз аз даври мактабхонӣ мешиносам.
Таҳти роҳбарии ӯ баҳори соли 1992 мо як гурӯҳ аз мактабҳои тоҷикии ноҳияи Фориш барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз забону адабиёти тоҷик ба ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё рафтем.
Баъдтар рафиқони даври донишҷӯияш дар шаҳри Душанбе ӯро мепурсиданд. Вақте ки аз факулта барои таҷрибаомӯзӣ ба идораи рӯзномаҳо фиристоданд, корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» Нуриддин Қаршибоев аз кору зиндагии ӯ пурсид. Дарвоқеъ, Собир Эргашев соли 1983 шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, бо тақозои шароити оилавӣ ба зодгоҳ баргашт. Инак, аз ҳамон давр дар ин мактаб ба насли наврас дарс мегӯяд.
– Дар бадали ин қадар солҳо шогирдони зиёд тайёр кардам. Аз ҳама қобилиятнокашон Лайло Сатторова, Марям Султонова, Гулҳаё Завқиева мебошанд, – мегӯяд бо хушҳолӣ Собир Эргашев. – Ба ғайр аз ин, шогирди дигарам М.Назарова се сол аз рӯи ин фан дар марҳилаи вилоятии озмун ҷойи аввалро гирифта, дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок кардааст.
Ба наздикӣ дар ин мактаб ҳузур доштем. Дар хонаи муаллимон менишастем. Муаллим аз дохили китобу дафтарҳояш ду варақи рангпарида ва куҳнашударо ба ҳамроҳам дароз карда гуфт:
– Ин диктантҳои замони мактабхонии шумост. Аз сӯрохии тирезаи хона ҳамин сол зимни таъмир пайдо кардем. Маълум гардид, ки соли 1969 падарам аз фанни забони русӣ диктант гирифтаанд.
Диктантҳо марбут ба хонандагони синфи III Қӯшмурод Одинаев ва Раҳимбек Тӯев буд. Муаллим Ҳасанбой Эргашев (падари Собир Эргашев) ба онҳо дарс додааст. Мавзӯи диктант «Муравей и зерно» («Мӯрча ва гандум») ном дорад. Аз байн қариб 52 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, варақҳо дар сӯрохи девор то ба даври мо омада расидаанд ва хотираҳоро пеши назар зинда мегардонанд.
Муҳити оила ба фарзандон бетаъсир намемонад. Духтараш Савсан ҳам ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳад. Собир Эргашев ҳоло вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ-маърифатиро дар ӯҳда дорад.
Як андоза дилсӯзӣ нисбат ба рӯзнома аз ҷониби Собир Эргашев барин омӯзгорон эҳсос мегардад. Эътибори бештари роҳбарони мактабҳо лозим аст.
Солҳои охир ба мактабу маориф диққату эътибор ва ғамхории ҳукумати ҷумҳурӣ бевосита бо ташаббуси сарвари давлат дучанд гардид. Маоши омӯзгорон афзуд. Дубора ба китобу китобхонӣ эътибор дода шуд. Як идда омӯзгорони ҷавон ба мактаб омаданд. Онҳо ҳам дар ҷараёни дарсҳо навоварӣ кардан мехоҳанд. Албатта, дар роҳи таълим ба ин авлоди ҷавон муаллими ботаҷриба Собир Эргашев сару сарвар мебошад. Дар ин ҷо боз солҳои мактабхонӣ ба ёд омад. Барои дарёфти медали тилло дар синфи 11-ум мебоист аз ду фан: алгебра ва адабиёт имтиҳони хаттӣ месупоридем.
Дар аснои иншонависӣ муаллим ба иштирокчиён ду мисраъ шеър ё як ҷумла ба сифати кӯмак навишта дода буд. Барои ман дар қоғазчае навишта буд: «Дили одамизод моломоли орзуву умед аст».
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.