«ШАББӮ»

Шеъри нобу насри рангин ва фалсафаомези адибаи равшанзамир Хосияти Рустам бори аввал ба шакли китоби алоҳида бо номи «Шаббӯ» зери тарҷумаи шоир, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Муҳаммадҷон Шодиев ва таҳрири Ато Ҳамдам ба забони тоҷикӣ дар хонаи табъу нашри «Балоғат»-и шаҳри Душанбе соли 2020 чоп шудааст.

Шеъри нобу насри рангин ва фалсафаомези адибаи равшанзамир Хосияти Рустам бори аввал ба шакли китоби алоҳида бо номи «Шаббӯ» зери тарҷумаи шоир, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Муҳаммадҷон Шодиев ва таҳрири Ато Ҳамдам ба забони тоҷикӣ дар хонаи табъу нашри «Балоғат»-и шаҳри Душанбе соли 2020 чоп шудааст. Хонанда баъди мутолиаи китоб дарк менамояд, ки ҳар қатра ашки дидаи Хосият муҳаббати ба шеър табдилёфтаи ӯ мебошад. Сабаб он аст, ки Хосият кулли коинотро адабиёт ҳисобида ва тамоми инсониятро даъват месозад, то меҳри адабиётро дар қалб парварад, онро чун хона ва Ватани хеш дӯсту гиромӣ дорад.
Шоира тавассути номаҳои қалб бо «ман»-е, ки дар ботин дорад, суҳбат меорояд. Ин номаҳоро мутолиа сохта, баробари шинос шудан ба воқеаю ҳодисаҳое, ки дар ҳаёти рӯзмарраи муаллиф рӯй додаанд, ба дунёи рӯҳию маънавии ӯ мепайвандед, гувоҳ мегардед муаллиф чӣ андоза назди худ талабҳо гузошта, бо алла ва навозиш эҳсосоти худро баён месозад.
Боби «Дилпораҳо»-и китоб аз шеърҳои рангин иборат аст. Дар шеъри «Хоб» чунин мисраъҳо оварда шудааст:
Аспҳо бо шиҳаи мастонае,
Рӯи раҳ ҳастанд аз нав ин пагоҳ.
Аз қафо ин дам ҳамеояд як асп,
Пой монад хастаҷон бар рӯи роҳ.
Ҷонваре, ки шомгаҳ чизе нахӯрд,
Музтару маъюс мебошад чаро?
Ҷангдида аспро мушкил, ки хоб
Дидааст аспони таслимгаштаро.
Дар боби «Рӯзномаҳо» нигоштаҳои ӯ диққатҷалбкунандаанд ва баъди мутолиа касро ба андеша водор месозад. Дар «Чордард» чунин менависад: «Аз чӣ бошад, вақтҳои охир мурдаи одамонро пеши назар меоварам, бобати хушрӯ ё бадбашарагии онҳо фикр мекунам. Ба ин вафоти зани ҳамсоя сабаб гашт. Зане, ки ҳамеша оилаашро фикр мекард, дирӯзакак зинда буд. Се рӯз қабл дар кӯча дурудароз ҳамсуҳбат шуда будем. Тасаввур намекардам баъди се рӯз ӯ дигар байни мо нест. Хуллас, хабари марги ӯ гӯё шикофида ба гӯш даромад. Ба видои зане, ки чун модарам меҳрубон буд, шитофтам...
Дар муқобили бозии даҳшатноки ҳаёт ҳар дафъа ларзида истам ҳам, ҷуз марги худ, ки рӯзе муқаррар аст, чизи дигарро фикр намекардам. Ҳатто рӯзе ба ман расонда аммаам ба духтараш «Рӯзи вафотам гиря кун, одамҳо хандида нараванд» гӯён танбеҳ дода буд, ки паси гӯшам ҳамон садо медиҳад. Ҳол он ки духтараш, миён баста, осмонҳоро ба сар мебардошт...» Хонанда вақте китоби тозанашреро ба даст мегирад, мехоҳад аз мазмуну моҳияти асар сабақҳои тоза ба тоза гирад. Фикр мекунем бисёриҳо ин китобро хонда ба вай раҳнамо мегарданд, ба қалби хеш чӣ қадар наздикии ӯро эҳсос менамоянд.

С. БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: