МАРДИ ХИРАД

Табиати одам дар талоши ҳаёт рангоранг будааст.

Табиати одам дар талоши ҳаёт рангоранг будааст. Яке мунтазам машғули ҷамъоварии молу мулк аз мардум ҳамеша канораҷӯйӣ намуда, ба шодию сурур ва ғаму андӯҳи онҳо бефарқ аст. Тоифаи дигар низ ба ҷамъоварии пулу сарват майл доранд, вале ҳамеша бо замон ва  мардум ҳамнафасанд. Дар бунёдкорӣ ва ободонии кишвар саҳм мегиранд. Манфиати халқу кишварро аз манфиати худ афзал медонанд. Тоифаи дигари одамон ба ҷамъоварии пулу сарват майл надоранд. Мақсади онҳо дар талоши зиндагӣ ҳимояи манфиати халқу кишвар аст. Маънии ҳаёти худро дар ободонии кишвар ва фаровонии зиндагии мардум мебинанд. Сарвати онҳо ҳимояи анъана, урфу одат, мероси пурғановати аҷдод ва билохира маърифату маънавият, худогоҳиву худшиносии халқ асту бас.
Қаҳрамони мо Ҳотам Бозоров ба тоифаи савум нисбат дорад. То ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта ӯро шахсан намешинохтам. Ному насабашро аз дӯстон шунидаам ва дар расонаҳои ахбори оммавӣ навиштаҳояшро хонда будам.
Дидорбинии аввалини мо соли 1985  ба вуқӯъ омад. Маро ба конфронси бахшида ба зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров дар мактаби деҳаи Моҷарм даъват намуданд. Бояд дар бораи  давлати Сомониён маърӯза мекардам. Он ҷо бо Ҳотам Бозоров ошноӣ пайдо намудем. Минбаъд ин шиносоӣ боз ҳам қавитар гардид.
Марди миёнақад, фурӯтан ва хеле камгап буд ӯ. Ба забони адабӣ равон ҳарф мезад. Аз суханрониаш ошкор буд, ки маърифату маънавияти воло дорад. Ҳар як суханаш мағз андар мағзи дилҳо ҷой мегирифт. Бедордилу худогоҳ буд.
Ҳотам Бозоров соли 1939 дар деҳаи хушманзараи Ӯхми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах таваллуд шудааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (ҳозир Хуҷанд)-ро бо дипломи имтиёзнок хатм намуда, фаъолияти омӯзгориро дар мактаби зодгоҳаш оғоз намуд. Омӯзгор, ҷонишини директор оиди корҳои таълиму тарбия ва ҳамчун  директори мактаб фаъолият намудааст. Ин марди бофарҳанг бисёр заҳматкаш аст. Пайваста меомӯзад. Китобхонае пур аз осори мондагор дорад. Чун забони модарӣ забонҳои ӯзбекӣ ва русиро хуб балад аст ва ба ду забон эҷод мекунад. Алифбои арабиасосро хуб медонад. Аз манбаъҳои таърихӣ фаровон истифода мебарад.
Мегӯянд, ки бе ҳофизаи таърихӣ халқ оянда надорад. Ин ҳикмати мондагорро Ҳотам Бозоров хуб дарк намудааст. Ӯ чун як нафар эҷодкор дар ин роҳ зиёд заҳмат кашид, бисёр сафар кард, бо шахсиятҳои зиёд ҳамсуҳбат шуд, матолиби зиёди таърихӣ-фарҳангиро ҷамъоварӣ намуд. Китоби  «Шарораи хотираҳо, ё худ Ӯхм ва ӯхмиён» (331 саҳифа) соли 2015 аз чоп баромад. Китоб аз ҳафт қисм иборат буда, оид ба таърихи бостон ва навин, маориф ва фарҳанг, намунаҳои фолклори мардум, табиати Ӯхм, шахсиятҳои маъруфи деҳа ва авлодҳои ӯхмиён дар заминаи манобеи хаттии таърихӣ ва ёддоштҳои ӯхмиён маълумоти боэътимод ва саҳеҳ медиҳад. 
Муаллиф аз гузаштаву имрӯзи ҳамдеҳагон ифтихор дорад. Оиди 14 нафар доктор ва номзадҳои илм, ки дастпарварони деҳаи Ӯхм мебошанд, маълумоти саҳеҳ додааст. Доктори илмҳои педагогика, профессор, собиқ ҷонишини аввали вазири таълими халқ, шодравон Рустам Аҳлиддинов, доктори илмҳои биологӣ , профессор Намозбой Бердиев,  номзади илмҳои математика, дотсент Ғанибой Эргашев, номзади илмҳои биологӣ, дотсент Инобат Ширинова ва дигарон ифтихори ӯхмиён гардидаанд.
Ҳотам Бозоров аз пешрафт ва  комёбиҳои кишвар меболад, аз дастовардҳои ҳамдеҳагон мефахрад, аз нокомиҳо дард дорад. Афсӯс мехӯрад, ки имрӯз одамон китобу рӯзномаю маҷалла кам мехонанд, ҳатто хешовандони наздики худро намешиносанд. 
Бешубҳа, «Шарораи хотираҳо» дар ислоҳи чунин иштибоҳот саҳм мегирад. Устод чун як марди хирад дар давоми ҳаёт кореро анҷом додааст, ки сутуданист.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,                             
ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: