БАРОИ ШАҲРВАНДИ ӮЗБЕКИСТОН ШУДАН ЗАБОНИ ДАВЛАТИРО БОЯД ДОНИСТ

Вале сатҳи забондониро бояд чӣ хел муайян кард?

Вале сатҳи забондониро бояд чӣ хел муайян кард? Ба ин суол аз қарори ба наздикӣ батасвибрасидаи ҳукумат метавон ҷавоб пайдо кард.
Шаҳрвандӣ — ин робитаи ҳуқуқии инсон ва давлат мебошад, ки дар маҷмӯъ ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти тарафайнро таҷассум менамояд.
Додани ҳуқуқи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шахсоне, ки шаҳрванд нестанд ё шаҳрвандони дигар кишваранд, бино ба тартибе, ки дар Қонун «Доир ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», аз 13 марти соли 2020, пешбинӣ шудааст, ба амал татбиқ мегардад. 
Тибқи моддаи 13-уми Қонун, барои ҳуқуқи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба даст даровардан, инҳо асос шуда метавонанд: аз рӯйи таваллуд, ба фарзандӣ қабул кардан, дар натиҷаи қабул ё барқарор кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, бино ба дигар асосҳо низ, ки дар шартномаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қонуни дарамалбуда пешбинӣ шудааст, метавон қабул кард.
Дар Қонун пешбинӣ шудааст: оне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро гирифтан мехоҳад, бояд ба таври бояду шояд забони давлатиро донад. Аммо, аз нигоҳи ҳуқуқӣ, санаде вуҷуд надорад, ки сатҳи зарурии донистани забони давлатиро муайян намояд.
Сатҳи забондонии (забони давлатӣ дар назар аст) онҳое, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро қабул кардан мехоҳанд, аз ҷониби Маркази омӯзишӣ бино ба асосҳои коргузорӣ бо забони давлатӣ ва такмили малакаи назди Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти Тошканд ба номи Алишер Навоӣ муайян карда мешавад. 
Аз рӯйи забони давлатӣ имтиҳони озмоишӣ гузаронда мешавад. Онҳое, ки дар имтиҳон иштирок кардан мехоҳанд, бояд шахсан ё дар шакли электронӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд: ариза, ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ менамояд (яъне, гувоҳномаи таваллуди шахс, ки шаҳрванди кишвари хориҷӣ мебошад ё намебошад, ҳамчунин гувоҳнома дар бораи будубоши шахс дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ё картаи ID), сурати рангаи 3,5 х 4,5 дар манзар (фон)-и сафед, барга (квитансия) оиди пардохти боҷ (20 фоиз аз арзиши ҳисобшудаи пойгоҳӣ).
Нусхаи асли ҳуҷҷатҳо баъди нусхабардорӣ шудан, баргардонда мешаванд. Баъди пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳо, имтиҳон дар тӯли як моҳ бо роҳи тест, хаттӣ ва даҳонӣ гузаронда мешавад. Холҳои ниҳоие, ки бояд ҷамъ карда шавад, 100 холро ташкил медиҳад, супоришҳо ба тарзи зайл тақсимбандӣ мешаванд: тест — холи ниҳоӣ 30; имтиҳони хаттӣ —холи ниҳоӣ 30; имтиҳони даҳонӣ — холи ниҳоӣ 40; 
Бино ба натиҷагирӣ онҳое, ки дар маҷмӯъ аз 50 балл кам гирифтаанд, аз имтиҳон нагузашта ҳисобида мешаванд ва баъди як моҳ метавонанд бо ариза аз нав имтиҳон супоранд. Барои ин аризадиҳанда бояд аз нав пардохт кунад, баргаи нав илова мегардад. Натиҷаи имтиҳони озмунӣ дар тӯли се рӯз эълон карда мешавад. 
Ба иштирокдороне, ки аз имтиҳон сарбаландона гузаштаанд, аз ҷониби Марказ ва шуъбаҳои ҳудудии он сертификат дода мешавад, ки муддати амалкардаш беохир аст.

Бектурсун МУРОДҚОСИМОВ,
ходими масъули 
Вазорати адлия. (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: