Дар Иттиҳодияи тоҷирони Миср мулоқоти нахустини аъзои Шӯрои соҳибкорони Мисру Ӯзбекистон ба амал омад.
Шариф ал-Габалӣ тоҷири бузург ва яке аз арбобони машҳури давлатӣ, раиси Кумитаи палатаи намояндагон (парлумон)-и Миср, роҳбари ширкати «Polyserve For Fertilizersand Chemicals», раиси Шӯро ба шумор меравад. Раиси Иттиҳодияи тоҷирони Миср, директори иҷрогари ширкати «Nahdet Misr Co. For Agroindust-ries» Ҳелмӣ Алӣ Исо муовини раис интихоб гардид.
Дар чорабинии сатҳи олӣ сафири Ӯзбекистон Мансурбек Қиличев, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Сароҷонсии оид ба сармояҳои Миср ширкат ҷустанд.
Дар ҷамъомад иқтидори иқтисодӣ ва сармоявии вилоятҳои Намангон, Қашқадарё ва Тошканд муаррифӣ шуданд, навори видеоии «Doingbusinessin Uzbekis-tan» намоиш дода шуд, намоишгоҳи маҳсулоти дӯзандагӣ ва калобаи Ӯзбекистон ташкил гардид.
Раиси шӯро Шариф ал-Габалӣ ҷамъомадро кушода, қайд кард, ки сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Миср, ки моҳи феврали соли равон ба вуқӯъ пайваст, имкониятҳои навро боз намуд ва мавҷудияти иқтидорҳои зиёдро барои рушди ҳамкории корчаллонӣ намоиш дод. Вай аз тоҷирони мисрӣ даъват намуд, ки дар зиёд кардани ҳаҷми савдои тарафайн ва сармояҳо фаъолона иштирок кунанд, ҳамчунин аз вакилони тиҷорати Ӯзбекистон хоҳиш кард, ки ба ҳамкории дарозмуҳлат омода бошанд.
Сафири Ӯзбекистон дар суханрониаш таъкид сохт, ки ташрифи нахустини расмии Президент Шавкат Мирзиёев ба Миср-20-21 феврали соли 2023 ва мулоқоти ӯ бо намояндагони тиҷорати бузурги ин мамлакат асоси мустаҳкамро ба миён овард ва ба ҳамкориҳои сармоявиву тиҷоратии байни ду кишвар такони пурқувват дод. Дарёфти бозорҳои нав ва шарикони нав дар ҳар ду мамлакат барои баланд бардоштани кори самарабахши Шӯрои мазкур асос мегардад.
Ба тоҷирони Миср дар бораи ислоҳоте, ки дар кишвари мо тӯли шаш соли охир татбиқ мешаванд, шароите, ки барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳам оварда шудаанд, ҳифзи ҳуқуқи онҳо ва сиёсати асъор маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Захираҳои ғании табиии Ӯзбекистон, мавҷудияти иқтидори сармояи инсонӣ, муҳити тиҷоратии дар олам эътирофшуда боиси эътибори соҳибкорони мисрӣ шуданд.
Ғайр аз ин дар бораи номгӯйи маҳсулоте, ки дар мамлакати мо харидоргир мебошанд, соҳаҳое, ки натиҷаи хуби сармоявӣ медиҳанд, ҳамчунин иқтидори содиротӣ маълумот дода шуд.
Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ва лоиҳаҳое, ки аз он бармеоянд, ҳамчунин пешниҳод бинобар таҳкими ҳамкории тоҷирони ӯзбекистониву мисрӣ бевосита дар шакли «B2B» боиси рағбати зиёди иштирокдорони ҷамъомад гардиданд.
Натиҷаҳои анҷумани тиҷоратии ӯзбекистониву мисрӣ, ки дар арафаи ташрифи расмии Президенти Ӯзбекистон ба Миср моҳи феврали соли равон баргузор шуд, бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Бинобар натиҷаи он мулоқот бобати татбиқ сохтани зиёда аз 20 муоҳида ва қарордодҳо ба маблағи умумии 1,6 миллиард доллар шартномаҳо имзо шуданд.
Таъкид гардид, ки дар кишварҳои мо барои кооператсияи саноатӣ дар соҳаҳои энергетика, электротехника, кимиё, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, дӯзандагӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ ва чарму пойафзор имкониятҳои васеъ мавҷуданд.
Баробари ин лоиҳаҳои бузурги сармоявӣ дар Ӯзбекистон, ки татбиқи муштараки онҳо бо ширкати бузургтарини Миср «Orascom Investment Holding» бо арзиши 1,2 миллиард доллар дар соҳаҳои истеҳсоли молҳои хӯрокворӣ, ҷустуҷӯйҳои ҳафриётӣ ва аз худ кардани конҳои филизот, сохтан ва идора кардани маҷмӯаҳои замонавии меҳмонхонавӣ, бунёди истгоҳҳои офтобӣ ва бодии электрӣ пешбинӣ шудааст, хотиррасон карда шуданд. Нақшаи татбиқ намудани лоиҳаҳои мазкур 29 майи соли равон дар вохӯрии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси «Orascom Investment Holding» Наққиб Савирис, ки аз Ӯзбекистон боздид ба амал оварда буд, муҳокима шудаанд.
Дар мулоқоти аъзои Шӯрои соҳибкорони мисриву ӯзбекистонӣ бинобар самтҳои пешомадноки ҳамкории тарафайн ва татбиқ сохтани нуқтаҳои нави пешрафт мубодилаи афкор ба амал омад. Бобати ҳарчи зудтар оғоз намудани татбиқсозии лоиҳа ва муоҳидаҳои муштарак таклифҳо пешниҳод шуданд.
АИ «Дунё»,
шаҳри ҚОҲИРА.