ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ БА МАНФИАТИ ИНСОН ХИДМАТ МЕКУНАНД

Алҳол дар тамоми соҳаҳои мамлакати мо ислоҳоти куллӣ ба амал бароварда мешаванд.

 Ба хусус дар 5-6 соли охир дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар дигаргуниҳое рух медиҳанд, ки касро ба ҳайрат меоваранд. 
Бинобар он ки Ӯзбекистон барои ба амал татбиқ сохтани марраҳои баланде, ки дар назди худ гузоштааст, бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ, давлатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои бузург ҳамкории қаринро ба роҳ мондааст, ҳоли хозир дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо суръати тез ва мустақиман пеш меравад. 
Дар доираи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав, ки якҷо бо халқи кишвар коркард шуда, айни вақт бо ҷидду ҷаҳд амалӣ мешавад, дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти ҷиддӣ татбиқ мегарданд. Барои дар тӯли солҳои 2022-2026 муваффақ шудан ба пешрафти инклюзивӣ ва суботи иқтисодӣ, инкишоф додани капитали инсонӣ ва ҳадди ақалл 2 баробар кам кардани нодорӣ корҳои азиме ба сомон мерасанд.
Ба куллан зиёд кардани нақши сектори хусусӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани соҳибкорӣ ва беҳтар сохтани муҳити рақобати солим эътибори махсус дода мешавад. Бо назардошти шароити ҳудудҳо ва хусусияту имкониятҳои онҳоро ба инобат гирифтан, ҳамчунин мунтазам кам кардани бори андоз барои тиҷорат ва бинобар бо захираҳои молиявӣ таъмин кардани онҳо корҳои мунтазам ба амал бароварда мешаванд. 
Он чиз хурсандиовар аст, ки ба мақсади беҳтар намудани сифати ҳаёти аҳолӣ ва шароити зисту зиндагии вай дар доираи барномаҳои «Обод қишлоқ», «Обод маҳалла» ва «Буҷаи ташаббуснок» таъминоти оби ошомиданӣ, нируи барқ ва беҳсозии ҳолати роҳҳои дохилӣ, ки барои аҳолӣ хеле зарур мебошанд, корҳои мунтазам татбиқ шуданд. Туфайли бунёд гардидани муассисаҳои таълимию тиббӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар тарз ва дараҷаи ҳаёти аҳолӣ дигаргуниҳои назарраси мусбат амалат гардиданд. 
Бо низоми ҳифзи нишонадори иҷтимоӣ пурра фаро гирифтани табақаҳои нодор ва эҳтиёҷманди аҳолӣ, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намудан, беҳтар кардани сифати таълими касбӣ аз тариқи омӯзондани касбу ҳунарҳои замонавие, ки ба онҳо дар бозори меҳнат талаб зиёд аст, аҳолӣ, пеш аз ҳама ҷавонон ва занону духтаронро ба соҳибкорӣ ҷалб кардан ва бо манбаи даромади кафолатнок таъмин сохтани онҳо низ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуданд. 
Агар гӯем, ки ба ҳамаи ин комёбиҳои солҳои охир таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муваффақ мегардем, хато намекунем. Барои таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, озодкунии иқтисодиёт, дар мамлакат беш аз пеш беҳтар намудани муҳити тиҷорат, дастгирӣ кардани соҳибкорони хориҷӣ ва маҳаллӣ ислоҳоти куллӣ амалӣ мешаванд, дар низоми бонк дигаргуниҳои ҷиддӣ татбиқ мегарданд. 
Зеро дар асоси ислоҳоти иқтисодӣ гузошта шудани манфиатҳои инсон, ислоҳсозии иқтисодиёт ва озодкунии ҷамъият, ки бинобар онҳо саъю кӯшиши мунтазам идома доранд, боиси дар ҷомеаи ҷаҳон зиёд гардидани эътибор ба Ӯзбекистони Нав, эътимод ба нирӯ ва имкониятҳои мамлакати мо торафт меафзояд. 
Чунончи, Ӯзбекистон барои гузаштан ба иқтисодиёти «сабз», истифода аз манбаъҳои энергияи коркардшуда ба натиҷаҳои хуб ноил мегардад, ба ин ҷараён сектори хусусӣ низ фаъолона ҷалб карда мешавад, инро ҳамҷамъияти байналхалқӣ эътироф менамояд. Дар асоси натиҷаҳои мазкур бошад, иқдоми дурандешонаи роҳбари давлати мо ва татбиқ шудани сиёсати одилона таҷассум меёбад. 
3-4 ноябри соли равон дар шаҳри куҳан ва бемисли Самарқанд таҳти мавзӯи «Ба мазмуни асосии ислоҳоти иқтисодӣ табдил додани манфиатҳои инсон» баргузор шудани Анҷумани II-и байналхалқии иқтисодии Ӯзбекистон ва дар он ҷамъ омадани иштирокдорони зиёд низ дорои аҳамияти баланд мебошанд. 
Анҷуман дар беш аз даҳ сессия кори худро давом дод, дар онҳо бобати ислоҳоти иқтисодие, ки дар пояи Стратегияи рушди Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, муҳити мусоиди сармоявӣ, сиёсати иҷтимоӣ, табодули фикр ба амал омад. Ҳамчунин лоиҳаҳое, ки Ӯзбекистон ва идораҳои байналхалқии ноҳиявӣ якҷо амалӣ менамоянд, истиқболи ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд. 
Ба ин масъала бахшида шудани мавзӯи асосии мулоқоти анҷумани имсола низ бесабаб нест. Зеро вобаста ба идома ёфтани оқибатҳои мураккаби пандемия ва инқирози ҷаҳонии иқтисодӣ, нооромӣ ва зиддиятҳои гуногун таъминоти бехатарии хӯрокворӣ ва энергетика беш аз пеш муҳим мегардад. 
Пӯшида нест, ки шароити мураккаби имрӯзаи ҷаҳон ва мушкилоти вазъияти мавҷударо метавон танҳо бо ҳамкориву ҳамфикрӣ ҳаллу фасл намуд. Анҷумани мазкур воқеан барои муайян кардани чунин чораву тадбирҳо бо сохторҳои байналхалқӣ ва ҳамкорҳоямон соҳати мусоид гардид. 
Дар анҷуман намояндагони созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла, вакилон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки инфрасохтор ва сармояҳои Осиё, ҳамчунин сармоягузорони босалоҳият ширкат ҷустанд, ки ба самарабахштар гардидани кори он мусоидат намуд. Агар дақиқтар гӯем, иштирокдорони анҷумани мазкур бобати ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои нав ба имзои мувофиқаҳои барои тарафайн муфид муваффақ шуданд, анҷуман барои беш аз пеш васеъ гардидани алоқаҳои шарикӣ саҳми муносиб гузошт. Дар доираи анҷуман 62 муоҳида ба маблағи 3 миллион доллар ба имзо расид. 
Хулоса, ин анҷумани бонуфуз бо иштироки созмонҳои байналхалқӣ, ширкатҳои номдори хориҷӣ ва коршиносони шинохта баҳри баррасӣ кардани таҷрибаҳои пешқадами соҳа ва кор карда баромадани нақшаи ҳаракатҳои умумӣ имконияти мусоид фароҳам овард. Зеро метавон танҳо аз тариқи ислоҳоти самарабахши иқтисодӣ  мушкилоти мавҷудаи иҷтимоиро ҳаллу фасл кард, ба аҳолӣ шароити хуби ҳаётро фароҳам овард.

Ботирбек ТӮРАЗОДА, 
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: