Масъалаҳои рушди равобити фарҳангию инсонпарварӣ байни Ўзбекистон ва Беларус дар соҳаи таълим ва сиёсати ҷавонон баррасӣ шуданд

7 феврали соли равон дар чаҳорчӯби Форуми II байниминтақавии Ўзбекистон-Беларус дар мавзӯи «Рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарии Беларус ва Ӯзбекистон дар соҳаи маориф ва сиёсати ҷавонон» ҷаласаи панелӣ баргузор гардид.

Муовини аввали вазири таҳсилот, илм ва инноватсия Комилҷон Каримов доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва касбӣ, илм ва инноватсия маърӯза кард.

Номбурда зикр кард, ки бо Беларус зиёда аз 190 созишномаи байни донишгоҳҳо ва меморандумҳои ҳамкорӣ (беш аз 80 дарсади ин ҳуҷҷатҳо дар давоми 6 соли охир ба имзо расидаанд) мавҷуд аст. Комиссияи муштараки Ӯзбекистону Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника бомуваффақият фаъолият дорад. Дар соли 2019 озмунҳои муштараки лоиҳаҳои илмии  Ўзбекистон ва Беларус эълон мешаванд. Бо Беларус дар сохахои техника, химия, хоҷагии қишлоқ ва тиб ба маблағи умумии 49,6 миллиард сӯм 54 лоиҳаи илмӣ ба амал бароварда шуд. То имрӯз бо ҳамкории олимони Беларус 30 лоиҳаи амалӣ ба маблағи 36,2 миллиард сӯм ба амал бароварда мешавад.

Мо пешниҳод менамоем, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаи байни мактабҳои олӣ дар заминаи донишгоҳҳои соҳавии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Беларус таъсис додани мактабҳои пешрафтаи муҳандисӣ муайян карда шавад», - қайд кард Қ. Каримов. Мо чунин мешуморем, ки ин манфиатҳои умумии мустаҳкам намудани иқтидори илмию техникии мамлакатҳои моро ифода мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: