АВТОМОБИЛФУРӮШӢ ДАР МОҲИ ОКТЯБР

Назар ба таҳлили Маркази тадқиқот ва ислоҳоти иқтисодӣ дар моҳи октябри соли равон фурӯши ҳамаи навъҳои воситаҳои нақлиёт дар Ӯзбекистон тақрибан 183 ҳазор ададро ташкил намудааст.

 Ин назар ба октябри соли гузашта 62 фоиз  зиёд аст. Фурӯши автомобилҳои сабук (ҷамъ 168 ҳазор дона) дар давоми моҳ 23 фоиз боло рафтааст.
Хусусан дар давоми моҳи октябр дар бозори автомобил фаъолӣ ду баробар афзуда, наздик 25 ҳазор дона автомобил фурӯхта шудааст. Бозори автомобилҳое, ки дар хориҷ истеҳсол шудаанд, моҳи гузашта андак суст шуда бошад, ин моҳ харид наздик 6 ҳазор ададро ташкил карда, болоравӣ нисбати моҳи гузашта 30 фоиз ба назар мерасад. Вале савдои электромобилҳо то андозае суст шудааст. Дар давоми моҳ 2,7 ҳазор адад автомобил ба фурӯш рафт, ки  ин назар ба моҳи сентябр 26 фоиз кам аст.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».             

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: