Ўзбекистон – АҚШ: масъалаҳои ҳамкории дутарафа дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

Дар Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷонатан Ҳенник мулоқот доир гардид, ки ҳадафи он баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Ҷонибҳо аз аҳамияти фароҳам овардани шароити фарогир дар бозори меҳнат барои қишрҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, рушди неруи онҳо тавассути рафъи камбудиҳо дар соҳаи маориф ва малакаи касбӣ, инчунин тавсеа ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ҷонибдорӣ карданд.

Дар ҷамъбасти мулоқот оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар ин соҳаҳои зикршуда тавофуқ ҳосил шуд, ки барои таҳкими рушди соҳа дар Ӯзбекистон дурнамои нав мекушояд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: