«ПЕШГИРӢ КАРДАНИ СОХТМОНҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ – ВАЗИФАИ МУҲИМ»

Чунин ном дошт анҷумани матбуотие, ки ба қарибӣ дар Бухоро баргузор гардид.

Солҳои охир ба туфайли ислоҳот дар вилояти Бухоро низ баҳри ба эътибор гирифтани талабу эҳтиёҷоти аҳолӣ ҷараёни корҳо вусъат ёфта, бобати бунёд кардани объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ пунктҳои аҳолинишин, хонаю ҷой, иморату иншоот, шуъбаҳои савдою хидматрасонӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангӣ, боғҳои  истироҳатию хиёбонҳо, масканҳои варзишӣ сохта мешаванд. 

Баробари ин дар вилоят фактҳои худсарона сохта шудани биною иншооти ғайриқонунӣ кам нестанд. Нисбати бартарафсозии онҳо ҳуҷҷатҳои иҷро таҳия ёфта, масъалаи амалӣ гардондани онҳо дар нишасти матбуотӣ мавриди муҳокима қарор ёфт. Ҷонишини ҳокими вилоят Ҷалол Арашев оид ба масъалаи гузошташуда маърӯза кард. Вай аз ҷумла бобати ҳифзи мулки хусусӣ ва дахолати беасос ба он мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла фармони Президент аз 24 августи соли 2022 «Дар бораи чораю тадбирҳои ҳифзи боэътимоди дахлнопазирии ҳуқуқи мулкдорӣ, пешгирӣ кардани дахолати беасос ба муносибатҳои мулкӣ, афзун гардондани сатҳи ба сармоя табдилёбии мулки хусусӣ» ва ғайра таваққуф намуд. Инчунин таъкид ёфт, ки ба ғайр аз ин бобати дастрас намудани замину қитъаҳо роҳу усулҳои барои ҳама ягонаю шаффоф ва ҷавобгӯи тамоюлҳои бозорӣ ташаккул меёбад. Бинобар қарори махсуси Девони Вазирон аз 14 феврали соли 2022 оиди хусусигардонии қитъаҳои кишт дар шаҳру ноҳияҳо 5449-то қитъае, ки аз 637,5 гектар иборат аст, ба савдои музояда гузошта шуда, 817-то ҷой, ки 67,5 гектарро ташкил мекунад, фурӯхта шуд. Бо вуҷуди ин дар вилоят аз ҷониби шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ худсарона аз худ кардани замин, рухсатнома нагирифта сохтани иморат воқеаи ташвишовар аст, гуфт ҷонишини ҳоким ва барои тақвияти фикраш аз шаҳру ноҳияҳо факту рақамҳои зиёд овард.
– Имрӯз барои бартараф намудани ин аҳвол бо иштироки органҳои суд чораҳои зарурӣ дида мешавад, – гуфт ӯ ва аз журналистон, депутатҳо хоҳиш намуд, ки байни мардум корҳои маънидодкунию тарғиботӣ бурда, ба пешгирии ҷараёни сохтмонҳои ғайриқонунӣ кумак расонанд.
Дар тадбир аз рӯи масъала кормандони прокуратура, бюрои иҷрои маҷбурӣ ва инспексияи назорати сохтмон низ изҳори ақида карданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: