Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон арбобони фарҳангу ҳунари ду кишварро бо унвонҳои баланди фахрӣ сарфароз гардонданд

  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон арбобони фарҳангу ҳунари ду кишварро бо унвонҳои баланди фахрӣ сарфароз гардонданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамарашон дар нигоҳдорӣ ва оммавӣ гардондани мероси муштараки таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва анъанаҳо, инчунин саҳми арзандаашон дар таҳкими риштаҳои дӯстӣ байни халқҳои бародарии мо ба як гурӯҳ ходимони маданият ва санъати хар ду мамлакат унвонҳои фахрӣ доданд.

Дар доираи барномаи сафари давлатии роҳбари кишварамон маросими супурдани ҷоизаҳо баргузор гардид.

Бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Миралӣ Достизода, дотсенти Консерваторияи миллии Тоҷикистон Исмоил Назриев; роҳбари ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Ф. Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Саидзода, роҳбари ансамбли иҷрокунандагони шашмақоми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Тулқин Тоҷибоев; роҳбари бадеии ансамбли «Фалак»-и назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев Раҳматулло Ҳошимов сарфароз гардонда шуданд.

Дар навбати худ бо унвони фахрии «Ҳофизи мардумии Тоҷикистон» профессори кафедраи «Мақомсароӣ»-и Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон ба номи Ю. Раҷабӣ Муноҷотхон Юлчиева, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Озодбек Назарбеков; роҳбари бадеии ансамбли суруд ва рақси «Лазгӣ»-и Филармонияи давлатии Ӯзбекистон Оғабек Собиров, сароянда Юлдуз Усмонова, инчунин бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» директори Театри миллии академии драмавии ӯзбек Ёдгор Саъдиев сарфароз гардонда шуданд.

Сарони давлатҳо нишонҳои унвонҳои фахриро ба соҳибонашон ботантана супориданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: