Лоиҳаи сармоягузории сохтмони неругоҳи барқии офтобии ширкати чиноии «China Gezhouba Group Overseas Investment» дар ноҳияи Қаровулбозори вилояти Бухоро ба қарибӣ оғоз гардид.
Дар муддати кӯтоҳ дар марҳилаи аввали маҷмӯи бузург 90 фоизи корҳо анҷом дода шуданд. Дар арафаи таҷлили Соли нав мутахассисон нақша доранд, ки лоиҳаи иқтидораш 200 МВт-ро ба кор андозанд.
Лоиҳа бо ташаббуси Сарвари давлат амалӣ шуда, дар соҳаи энергетикии кишварамон саҳифаи навро боз мекунад.
– Мо нақша дорем, ки аз 30 декабри соли 2023 тавлиди неруи барқро оғоз кунем, – мегӯяд менеҷери лоиҳа Ге Чуанбинг. – Пайвастшавӣ бо иқтидори пурра бояд то 30 сентябри соли 2024 анҷом дода шавад. Айни замон корҳо оид ба насби модулҳои фотоэлектрикӣ анҷом ёфта, васлкунии кабелҳо, пайвастшавӣ ва бартарафсозии норасоиҳо идома дорад. Сохтмони конструктивии неругоҳи борбардор ба охир расида, таҷҳизоти барқӣ васл карда мешавад. Ҳамаи маводи зарурӣ аз ҷумла ҷузъҳо, кронштейнҳо, қуттиҳои пайвастшавӣ, кабелҳо мавҷуданд. Барои мо имтиёзҳо ва сабукиҳо дода шудаанд, ки ба суръатбахшии корамон мусоидат мекунанд.
Дар айни ҳол дар маҷмӯъ қариб 150 адад техника кор мекунад. Сохтмони хати ҳавоӣ, ки арзиши умумии он 113 миллиард сӯм мебошад, ба охир расид. Он дар нуқтаи пайвастшавӣ ба «Турон» бо дастгоҳи тақсимоти кушод бо иқтидори 220 кВт пайваст карда шудааст. Хароҷот оид ба пайвастан ба низоми ягонаи энергетикиро ҶС «Шабакаи миллии барқии Ӯзбекистон» ба зиммаи мегирад.
Корхонаи нав, ки дар паҳнои ноҳияи Қаровулбозор ба кор андохта шуд, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ба беҳдошти минбаъдаи инфрасохтори минтақа, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва некуҳолии аҳолӣ хидмат мекунад.
Дар натиҷаи ба истифода дода шудани неругоҳи барқии офтобӣ соле то 1,3 миллиард киловатт-соат қувваи электр истеҳсол карда мешавад. Ин 30 фоизи талаботи вилоятро мепӯшонад. Ба туфайли самарабахшии баланд таҷҳизот инчунин имкон медиҳад, ки 360 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда шавад.
З.КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.