ОИД БА ГУЗАРОНДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЛОИҲАҲО СУПОРИШ ДОДА ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 25 январ бо муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат ва логистика шинос шуд.

Президент Шавкат Мирзиёев 25 январ бо муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат ва логистика шинос шуд.
Яке аз лоиҳаҳо ташкили истеҳсоли тунукаи сафед дар Тошканд мебошад, ки арзиши он 280 миллион евроро ташкил медиҳад. Ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори истеҳсолии корхона соле 120 ҳазор тоннаро ташкил дода, 750 ҷойҳои корӣ муҳайё карда шаванд.
Лоиҳаи истеҳсоли сементи баландсифат дар вилояти Ҷиззах низ пешомаднок мебошад. Лоиҳаи арзишаш зиёда аз 2 триллион сӯм имкон медиҳад, ки солона 1,3 миллион тонна семент истеҳсол карда шавад, ки 200 ҳазор тоннаи он ба хориҷ содир хоҳад шуд.
Арзиши лоиҳаи истеҳсоли компрессорҳои герметикӣ барои яхдонҳо, сардкунакҳо ва кондитсионерҳо 735 миллиард сӯм аст. Иқтидори солонаи он 3 миллион ададро ташкил медиҳад ва ба хориҷа интиқол додани 500 ҳазор адад дар назар аст. 300 ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад.
Инчунин лоиҳаҳои истеҳсоли ҳисобкунакҳои электронии об, маснуоти оҳану бетонӣ ва сафолӣ тақдим гардиданд.
Ба лоиҳаҳои ташкили марказҳои логистикӣ дар Тошканд ва вилоятҳо диққати махсус дода мешавад. Ин марказҳо анборҳои хӯрокворӣ ва ғайриозуқавориро дар бар мегиранд ва хидматҳои боркашонӣ, хаткашонӣ ва тиҷорати электрониро пешниҳод хоҳанд кард. Зиёда аз 5 ҳазор ҷойҳои корӣ муҳайё карда мешаванд.
Роҳбари давлат дастур дод, ки экспертизаи лоиҳаҳо ҷиҳати таъмини иҷрои босифати онҳо гузаронида шавад ва инчунин қайд кард, ки дар қисмати соҳаҳо ва минтақаҳо низоми мазкур ҷорӣ карда, ба омодагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ баҳо дода, ба мутахассисони сатҳи поёнӣ кӯмак расонда шавад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: