Ӯзбекистон – ИМА: ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Ҳайати кишвари мо бо сарварии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов 16-22 ноябр аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздид ба амал оварда, дар давраи ҳаштуми машваратҳои сиёсии ӯзбекистониву амрикоӣ ширкат варзид.

Ҳайати кишвари мо бо сарварии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов 16-22 ноябр аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздид ба амал оварда, дар давраи ҳаштуми машваратҳои сиёсии ӯзбекистониву амрикоӣ ширкат варзид.
Дар чорабиниҳо вазъи ҷорӣ ва пешомади рушди муносибатҳои тарафайни ӯзбекистониву амрикоӣ, ҷараёни татбиқшавии муоҳидаҳое, ки бинобар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ИМА моҳи майи соли 2018-ум имзо шуда буданд, муҳокима шуданд. Самтҳои бартариноки минбаъд амиқсозии ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ду мамлакат мушаххас гардиданд.
Ҷониби Амрико ба натиҷаҳои ислоҳоти васеъмиқёсе, ки таҳти роҳбарии сарвари давлати мо татбиқ гардида, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷумҳуриро дарбар мегиранд, баҳои баланд дод. Комёбиҳои муҳими мамлакати мо бинобар пурзӯр кардани ҳифзи ҳуқуқи инсон, мубориза ба муқобили меҳнати иҷборӣ, татбиқ намудани ислоҳот оид ба таъмин кардани озодии дин, ҳамчунин интихоб шудани Ӯзбекистон ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон барои солҳои 2021-2023 бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Зикр шуд, ки ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва ИМА дар соҳаи сиёсӣ ҷиҳати мунтазам ва устувор пайдо карданд. Бинобар масъалаҳои рӯзмарраи шарикӣ дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва сохторҳои бисёрҷанба табодули афкор ба амал омад.
Таъсири манфии COVID-19 ба иқтисодиёт таъкид шуд, зикр гардид, ки ИМА дар мубориза ба муқобили оқибатҳои пандемияи ҷаҳонӣ ба Ӯзбекистон кӯмак мерасонад.
Ба ҷониби Амрико дар бораи аҳамияти бузурги ташаббусҳое, ки роҳбари Ӯзбекистон дар иҷлосияи 75-умини Ассамблеяи Генералии СММ пешбарӣ намуд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Нақши муҳими шакли «C5+1» дар пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ ва мушаххас намудани самтҳои дақиқи кори муштарак таъкид карда шуд. Ба ин маънӣ масъалаҳои таъмин сохтани қаробати амиқи Осиёи Марказӣ ба гузаргоҳҳои ҷаҳонии нақлиётӣ ва транзитӣ, ҳамчунин пурзӯр кардани чораҳои амалӣ бинобар фаъол намудани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ ва энергетикии байни кишварҳои минтақа махсус зикр шуданд.
Ба ҳамкории тарафайн дар доираи шакли сеҷонибаи «Ӯзбекистон – ИМА – Афғонистон» эътибори махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки ҷалби фаъоли Афғонистон ба ҷараёнҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва қаробат дар Осиёи Марказӣ, татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ ва инфрасохторӣ шарти муҳими истиқрори сулҳи мустаҳкам дар ин сарзамин мебошанд.
Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳо дар бораи табдил додани машваратҳои ҳарсолаи дуҷониба ба Мулоқоти шарикии стратегӣ қарор қабул гардид. Дар бораи баргузор намудани ҷамъомади таъсисии мулоқот соли 2021-ум дар Тошканд муоҳида ба имзо расид.
Дар ҷараёни сафар ҳайати Ӯзбекистон дар як қатор вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо иштирок кард. Аз ҷумла, дар вохӯриҳо бо иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи ИМА Кристофер Миллер, муовини мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти миллӣ Мет Поттенгер, ёвари Президент оид ба сиёсати хориҷӣ, мушовири ноиб-президент доир ба амнияти миллӣ Кейт Келлог, ёвари Президент, директори калони Шӯрои амнияти миллӣ оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказии Шӯрои амнияти миллӣ Лиза Кертис, ёвари Котиби давлатии ИМА, роҳбари Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат Роберт Дестро, ёвари Котиби давлатии ИМА, сардори идораи Департаменти давлатӣ оид ба мушкилоти ҷаҳонии занон, сафири оид ба супоришҳои махсус Келли Кюрри бинобар вусъат додани робитаҳои сиёсӣ, мустаҳкам намудани алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният табодули афкор ба амал омад.
Ҷониби Амрико изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА ба дигаргуниҳои босуръати мусбӣ, ки дар кишвари мо ба вуқӯъ меоянд, баҳои баланд медиҳад.
Бинобар фикру ақидаи коршиносони амрикоӣ ин ислоҳот ба ҳаракати воқеии нирӯи рушди устувори нафақат Ӯзбекистон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтанд.
Дар мулоқоти ҳайати кишвари мо бо директори иҷрогари Корпоратсияи байналхалқии молиявии рушди ИМА (DFC) Адам Болер ҷонибҳо ҷараёни татбиқшавии шартномаҳоеро, ки ҳангоми сафари ӯ ба Ӯзбекистон 29 июн – 1 июл ба имзо расидаанд, баррасӣ карданд. Баробари ин пешомадҳои амиқсозии минбаъдаи ҳамкорӣ бобати ҷалби сармояҳои бевосита ва технологияҳои нав ба рушди саноат, соҳаҳои хидмат ва инфрасохтор мушаххас карда шуданд.
Беҳтар намудани инфрасохтор ва истиқрори иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон аз ҷумлаи самтҳои пешомадноки ҳамкории Ӯзбекистон ва DFC ба шумор меравад. Ҷонибҳо зарурати беҳтар кардани мулоқотро дар доираи ҳамкориҳои сеҷонибаи «Ӯзбекистон – ИМА – Афғонистон», ки моҳи майи соли равон оғоз ёфтанд, таъкид карданд. 

Ғ. ХОННАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА 
тайёр кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: