БА КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ ИТТИҲОДИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ МАРТИН ЧУНГОНГ ДАР ЖЕНЕВА НИШОНИ «БАРОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН» СУПУРДА ШУД

Котиби генералии Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг ба сафи барандагони нишони «Барои ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар соли 2023 дохил гардид.

Дӯст ва шарики доимии Ӯзбекистон ин мукофотро барои саҳмаш дар рушди ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба даст овард.
Дар ҷараёни сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Швейтсария барои иштирок дар чорабиниҳои расмиву фарҳангӣ бахшида ба 75-умин солгарди Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон, ки 10-12 декабр ба вуқӯъ пайваст, ҳамчунин вохӯрӣ бо котиби генералии Иттиҳоди байнипарлумонӣ ба амал омад. Дар ҷараёни мулоқоти роҳбари ҳайат – муовини аввали раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, директори Маркази миллии оид ба ҳуқуқи инсон Акмал Саидов мукофотро бо тантана ба соҳибаш супурд. 
Мартин Чунгонг таъкид сохт, ки парлумони Ӯзбекистон дар фаъолияти созмони байналхалқие, ки ӯ роҳбари он мебошад, ҳамчунин дар рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва бомуваффақият татбиқ сохтани чорабиниҳои муштарак нақши махсус дорад. Вобаста ба ин ӯ ба Президенти Ӯзбекистон барои саҳми бузургаш дар таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миннатдорӣ изҳор кард. 
Дар ҷараёни мулоқот бори дигар эътироф гардид, ки баённома «Дар бораи пурзӯр кардани нақши парлумонҳо дар татбиқсозии «Ҳадафи рушди устувор», аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ 14 декабри соли 2022-юм қабул шудааст, натиҷаи ташаббусҳои Ӯзбекистон ба шумор меравад. Бинобар суханони котиби генералии Иттиҳоди байнипарлумонӣ Ӯзбекистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини баробарии гендерӣ, баланд бардоштани сифати хидмати тиббӣ, зиёд кардани сатҳи маърифати аҳолӣ ва кор бо ҷавонон таҷрибаи бемисл дорад. 
Дар анҷоми суҳбат Мартин Чунгонг ба парлумони мо барои изҳороташ бобати тайёр будан ба баргузор кардани ҷамъомади 150-умини Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ дар Ӯзбекистон, ки барои соли 2025-ум пешбинӣ гардидааст, миннатдорӣ баён кард.

АИ «Дунё»,
шаҳри ЖЕНЕВА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: