Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон

Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз!

Депутатҳо ва сенаторони муҳтарам!

Меҳмонони арҷманд!

Ӯзбекистони азизи мо ба даврони нави пешрафти миллии худ қадами устувор мегузорад. Дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаётамон дигаргуниҳои бузург ба вуқӯъ меоянд.

Зиёда шукр, ки имсол аҳолии мо аз 36 миллион нафар гузашт. Ҳар сол ба сафи мо тақрибан 900 ҳазор нафар насли нав ҳамроҳ мешавад.

Мо барои осудагиву фаровонҳолии ҳар як узви он оилаи тифоқ ва бузург, ки Ӯзбекистон ном дорад, дар роҳи фароҳам овардани шароитҳои зарурии зиндагии онҳо муттасил саъй менамоем.

Агар гӯям, ки соли 2022-юм, ки анҷом меёбад, соли бағоят мураккаб ва пурсанҷиш буд, аз ҳар ҷиҳат дуруст аст. Таҷрибае, ки дар ин давр ҳосил намудем, як ҳақиқатро равшан собит месозад: тараққиёт танҳо ва танҳо ба туфайли меҳнати фидокорона ба даст меояд.

Аз ин сабаб дар бораи меҳнати  қаҳрамононаи халқамон, ки бо вуҷуди буҳронҳои амиқи иқтисодиву сиёсӣ, зиддиятҳо содир гардид, ҳамчунин дар бораи баъзе муваффақиятҳоямон таваққуф карданро мувофиқи мақсад меҳисобам.

Дар натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёс ва самарабахши мо ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бори аввал аз 80 миллиард доллар гузашт.

Танҳо дар худи ҳамин сол ба иқтисодиёти мо 8 миллиард долларина сармояҳои хориҷӣ ворид гардид, содиротамон бошад, ба 19 миллиард доллар расид.

Чунин натиҷаҳои баланд пештар ба даст наомадаанд.

Мо соли равон дар таърихи худ бори аввал миқдори нафақа ва нафақаҳои иҷтимоиро ба дараҷаи на камтар аз харҷи камтарини истеъмолӣ расондем. Барои мисол, агар дар соли 2017-ум 500 ҳазор нафар оилаи камтаъмин кумаки иҷтимоӣ гирифта бошанд, алҳол ба беш аз 2 миллион оилаҳо кумак расонда мешавад. Маблағҳои ҷудошуда бошад, 7 баробар афзуда, соле ба 11 триллион сӯм расид.

Мо сиёсати ба сари ҳар як нафар аҳолӣ зиёд кардани миқдори музди меҳнат, нафақа ва иловапулиҳоро муттасил идома медиҳем.

Ин рақамҳо ба гуфтан осон аст. Дар зери ҳар яки онҳо меҳнати пурмашаққат нуҳуфтааст. Зеро қадри инсон, эъзоз намудани инсон аз масъалаҳои асосии мавриди эътибори мост.

Бо ин мақсад тӯли шаш соли охир дар мамлакат тақрибан 300 ҳазор ё худ нисбати солҳои аввал 10 баробар бештар манзилҳои истиқоматӣ бунёд гардиданд.

Дар ин давр барилова 500 ҳазор ҷойи хонанда фароҳам оварда шуд, миқдори умумии онҳо ба 5 миллиону 300 ҳазор нафар расид. Ҳоли ҳозир барои фароҳам овардани боз ҷой ба 1 миллиону 200 ҳазор хонанда мунтазам кор мебарем.

Барои ҳифзи саломатии халқамон тамоми хидматҳои тиббиётро ба дараҷаи ноҳия ва маҳаллаҳои дурдаст мефарорем.

Барои соҳиби касбу ҳунар кардани аҳолӣ, роҳи васеъ кушодан ба тиҷорати онҳо, мулкдори ҳақиқӣ шудан ва дарёфти даромад шароитҳои заруриро фароҳам месозем.

Соли равон 381 нафар варзишгаронамон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва Осиё, 43 нафар ҷавонони соҳибиқтидор ва заковатманди мо дар олимпиадаҳои бонуфузи байналхалқии фаннӣ, ҳамчунин озмунҳо иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ҷоизавӣ гардиданд, ки ин албатта хурсандиовар аст.

Шукргузорӣ ва дуоҳои падарону модарони нурониамон дар ҳалқаи оила, ҳамчунин дар зиёратҳои ҳаҷ ва умра ба неру ва ғайрати мо меафзоянд.

Алҳол Ӯзбекистон ба яке аз марказҳои сиёсати ҷаҳон табдил меёбад ва ин аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ васеъ эътироф мегардад, ки ҳақиқати воқеист.

Мо ба ҳамоишҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони давлатҳои туркӣ, ҳамчунин ба даҳҳо анҷуманҳои бонуфузи байналхалқӣ мизбонӣ кардем, ташаббусҳои муҳимро пеш гузоштем. Ҳамаи ин аз торафт баланд шудани нуфузи байналмилалии кишварамон далолат медиҳад.

Ман ба ҳар як ҳамватанамон, ки барои расидан ба чунин комёбиҳо меҳнати фидокорона карда, саҳми муносиб гузоштаанд, миннатдории худро изҳор менамоям. Ба писарону духтарон, ҷавонони бошуҷоати мо, ки дар шоҳсуфаҳои илму фан, маданият ва варзиши ҷаҳон парчами моро баланд мебардоранд, муваффақиятҳои нав ба нав орзу мекунам. Онҳо боиси ифтихор ва ғурури мо мебошанд.

Ба посбонҳои Ватанамон, ки дахлнопазирии сарҳад ва оромиву осоиштагии моро чун гавҳараки чашми худ ҳифз мекунанд, низ ниятҳои неки худро ирсол менамоям.

Ба собиқадорони муҳтарам, хоҳарони меҳрубон, соҳибкор ва фермерҳоямон эҳсоси ҳурмату эҳтироми худро ифода мекунам.

Ба ҳамкорони хориҷии мо, ки ислоҳотамонро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ менамоянд, ба намояндагони ҳайатҳои дипломатие, ки дар анҷумани имрӯзаи мо иштирок доранд, низ ташаккур мегӯям.

Бешубҳа, тамоми комёбиҳои бадастомада дар кишваре, ки қадри инсон баланд аст, дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав муваффақиятҳои аввалин мебошанд. Мо якҷо бо халқи бунёдкори худ чунин корҳои некро идома медиҳем ва албатта, ба қуллаҳои баланде, ки фатҳи онҳоро мақсад кардаем, муваффақ мешавем.

Ҳамватанони муҳтарам, меҳмонони азиз!

Ҳамаи мо мебинем ва медонем, ки имрӯз инсоният даврони басо мураккабро аз сар мегузаронад. Мушкилоти дар сайёра қатъиян тағйир ёфтани иқлим, кам шудани захираҳои об ва дигар сарватҳои табиӣ ба хатари азим мубаддал мегарданд.

Дар муносибатҳои байналхалқӣ эътимоди тарафайн коҳиш меёбад, афзудани зиддиятҳо ва ҷанҷолҳо барои истиқрор ва инкишоф хавфи ҷиддӣ мегарданд.

Мутаассифона, чунин хавфу хатарҳо аз мо низ сарфи назар намекунанд.

Воқеаҳои нохуше, ки дар Қароқалпоқистон тобистони соли ҷорӣ рух дод, боиси андӯҳи гарони халқамон шуд. Шукри Худо, ки туфайли донишу хиради халқи сермиллатамон вазъият зуд барқарор гардид.

Барои мо ғояи «Комёбии Қароқалпоқистон – комёбии тамоми Ӯзбекистон, ғаму ташвиши Қароқалпоқистон – ғаму ташвиши тамоми Ӯзбекистон» ҳамеша барномаи ҳаракати амалӣ буд ва минбаъд низ чунин хоҳад монд.

Мақсади неки мо бо меҳнати ягона бунёд кардани Ӯзбекистони Нави аз ҳар ҷиҳат мутараққӣ, Қароқалпоқистони Нави ободу фаровон мебошад.

Ба дӯстии халқҳоямон, ки тӯли асрҳо ба якдигар чун гӯшту нохун пайванд мебошанд, ягон ниру таъсир расонда наметавонад. Зеро гузаштаи мо ягонааст, имрӯз ва фардоямон ҳам ягона хоҳад буд.

Мо барои таъмин кардани бехатарии Ватани азиз ва ягонагии ҳудуди он аз ҳар ҷиҳат қодир ҳастем. Ҳаёти орому осоиштаи худро эҳтиёт карда, истиқлоламонро мустаҳкам ва роҳи тараққиёти устувори худро идома медиҳем!

Дӯстони азиз!

Мехоҳам як ҳақиқати ҳаётро таъкид кунам – ҳоло замон беш аз ҳар вақт тезутунд шудааст. Баробари афзудани фаровонҳолӣ талаб ва эҳтиёҷоти аҳолиамон низ меафзояд.

Барои ба зинаи нав бардоштани тараққиёти мамлакат бояд ҳам тарзи идоракунӣ, ҳам қонунгузорӣ, ҳам ҷамъиятамон тағйир ёбанд. Агар ба ин тарз кор набарем, муаммоҳои мавҷударо нодида гирем, аз замон қафо мемонем. Халқамон, насли ҷавонамон аз мо ризо нахоҳанд шуд.

Аз ин рӯ, бояд ғояи «Аввал – инсон, пас – ҷамъият ва давлат»-ро ҳам ба Сарқонун ва қонунҳоямон, ҳам ба ҳаёти ҳаррӯзаамон амиқ ҷорӣ намоем. Бояд асосҳои давлатдории миллии худро, ки ба паси сар сохтани хавфу хатарҳои имтиҳонҳои ҷиддии имрӯза ва башораташон ғайриимкон қодир бошад, мустаҳкам намоем.

Бо назардошти ҳамаи ин корҳои такмил додани Қонуни асосии мо идома доранд. Халқамон аз ин ислоҳот дигаргуниҳои бузургро чашмдор мебошад. То ҳол дар ин бобат беш аз 220 ҳазор таклиф пешниҳод шудааст, ки далели равшани ин гуфтаҳост.

Муҳокимаҳо идома доранд.

Дар ин ҷараён мебинем, ки депутатҳоямон, ҳизбҳои сиёсиамон масъулиятнокӣ ва фаъолнокӣ зоҳир мекунанд, ба ҳар як таклиф муносибати ҷиддӣ доранд. Барои ин ба онҳо изҳори ташаккур мекунам.

Мо дар пояи тамоили «Ҷамъият – ташаббускори ислоҳот» саъй менамоем, ки тамоми масъалаҳоро якҷо бо халқамон ҳаллу фасл  кунем.

Умуман, бояд Сарқонуни муҳтавояш бо рӯҳи баланд бардоштани қадри инсон ғанигардида, ба насли оянда хидмати муносиб карда метавониста, ба Ӯзбекистони Нав аз ҳар ҷиҳат мувофиқ коркард шавад, дар ин бобат ҳамаҷониба андешидан, саросема нашудан лозим аст.

Тамоми таклиф ва дархостҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандон изҳор мешаванд, бешубҳа, ба инобат гирифта ва лоиҳаи Сарқонун ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта хоҳад шуд.

Аз ҳама муҳимаш, бояд ҳар як ҳамватани мо ба ислоҳоти конститутсиявӣ дахлдор бошад ва бо ифтихору ғурур «ин Сарқонуни ман аст» – гуфта тавонад.

Ҳамватанони муҳтарам!

Барои дуруст ба роҳ мондани нақшаҳои соли оянда фикру ақидаи халқамонро бинобар ҳар як самт амиқ таҳлил намуда, тақрибан 20 ҳазор таклифро муҳокима кардем.

Мардуми мо дар самтҳои таълим, нигаҳдории тандурустӣ, иқтисодиёт масъалаҳои дақиқро бардошта, бинобар ҳаллу фасли бонизоми онҳо низ таклиф мегузоранд.

Аҳолиамон аз мо зиёд кардани миқдори мактаб, кӯдакистон ва шифохонаҳо, беҳтар кардани сифати таълиму тиббиёт; дар маҳалла ҳаллу фасл намудани масъалаҳои роҳ, об, электр, нақлиёт; афзудани ҷойҳои корӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои соҳибкорӣ; таъмин сохтани адолат, аз байн бардоштани сарсониву саргардонӣ, бюрократия ва коррупсияро интизоранд.

Масъалаҳои ба миён гузошташуда дақиқ ва бамаврид мебошанд. Ҳар қадар мураккаб ва душвор бошад ҳам, мо бояд ин мушкилотро ҳаллу фасл намоем. Зеро ҳеҷ кас аз берун омада, ин муаммоҳоро ҳаллу фасл карда намедиҳад. Барои ташаббус, шуҷоат ва салоҳияти одамонро ба кор андохтан фароҳам овардани тамоми шароитҳо бояд вазифаи асосии мо боқӣ монад.

Ба халқамон чӣ қадар имконият фароҳам оварем, фоидаи он даҳҳо, садҳо маротиба зиёд бармегардад.

Бинобар ҳамин ҳам пешниҳод менамоям, соли нави 2023, ки фаро мерасад, «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» номида шавад.

Барои чӣ ба сол чунин ном медиҳем?

Мо дар маркази сиёсати давлатие, ки дар  Ӯзбекистон татбиқ мегардад, таъмин сохтани манфиатҳои инсонро вазифаи устувори худ муайян кардем. Ба ҳамаи мо равшан аст, ки ин сиёсат бо як сол маҳдуд нагардида, доимо давом кунад.

Дар асл ҳам сарвати бебаҳотарини мо оё ин халқи бунёдкорамон, падару модарони дуогӯ, насли ҷавонамон нестанд?

Мо барои бахту осоиштагии ҳаёти ҳар як инсон, ки дар ин кишвар зисту зиндагӣ дорад, беҳбуди саломатии ӯ, соҳиби таълими хуб шудан, барои муҳайё сохтани шароити оилавиаш, фароҳам овардани тамоми имкониятҳо барои ӯ саъю ҳаракат мекунем ва ин корро  мунтазам давом медиҳем.

Афзудани сифати таълим роҳи ягона ва дурусти тараққиёти Ӯзбекистони Нав аст.

Тавре ки ниёи мо Юсуф Ҳос Ҳоҷиб фармудааст:

«Ба ҳар ҷое заковат ҳаст,

 шуҳрат ҳаст,

Ба ҳар ҷое савод ар ҳаст,

 шавкат ҳаст».

Бинобар ҳамин ҳам мо бояд ислоҳотеро, ки дар ин соҳа оғоз кардаем, идома диҳем, ба даргоҳҳои таълим рафта, бо омӯзгорону мураббиён бештар мулоқот кунем, масъалаҳоеро, ки онҳо баҳри беҳтар намудани сифати корҳои таълиму тарбия пеш мегузоранд, якҷо ҳаллу фасл намоем.

Мо соли оянда ҳамаи масъалаҳоеро, ки халқамон ба миён гузоштааст, бо роҳҳои дақиқи ҳаллашон ба Барномаи давлатӣ дохил мекунем. Дар ин ҷараён ман мехостам депутатҳо ва сенаторон, вакилони маҳалла, зиёиён, ҷавонон, соҳибкорон ва ҷомеаи васеъ фаъол бошанд, таклифу ташаббусҳои нав ба навро пеш гузоранд.

Депутат ва сенаторони муҳтарам!

Акнун мехостам ба самтҳои устувори соли 2023 таваққуф намоям.

Самти якум. Гузаштан ба идораи давлатдории ихчам ва самаранокро пешниҳод менамоям.

Барои чӣ ман суханро айнан аз ислоҳоти ин самт оғоз мекунам?

Моро лозим омад, ки барои «ба по гузоштани» соҳаҳое, ки дар арафаи «нестшавӣ» қарор доштанд, тӯли шаш сол вазорат ва идораҳои навро ташкил диҳем. Ба ин маҷбур будем, дар акси ҳол комёбиҳое, ки имрӯз дорем, намебуданд.

Дар соҳаҳои таълими томактабӣ, хонаву манзилҳои коммуналӣ, кори «маҳаллабай», сармоягузорӣ, хидматҳои давлатӣ, шарикии давлативу хусусӣ ба натиҷаҳои бузург муваффақ шудем. Инкишофи сектори хусусӣ ва соҳибкорӣ ба ҷараёни бебозгашт табдил ёфт. Фаъолнокии аҳолиамон, саъю кӯшиши онҳо барои аз худ кардани технологияҳо ва касбу ҳунарҳои замонавӣ меафзояд. Дар иқтисодиёт рӯз аз рӯз самтҳо ва соҳаҳои нав ба миён меоянд.

Дар ин бобат беш аз пеш вусъат додани ташаббусҳои хусусӣ, ба мақсади барои онҳо боз кардани истиқболҳои нав акнун вақти аз «идораи дастӣ» гузаштан ба идораи бонизом расид.

Бояд рӯйирост гӯем, ки алҳол дар дастгоҳи давлатӣ такроршавиҳо, штатҳои нозарур зиёданд. Дараҷаи марказонидашуда баланд аст. Дар натиҷа барои ҳаллу фасли дурусти масъалаҳои мураккаб вақт, ниру ва захираҳои иловагӣ сарф мешаванд.

Вазирон ба қарорҳое, ки Ҳукумат қабул мекунад, ба таъбире «овоз надоранд», саҳм намегиранд. Яъне, дар тайёр кардан ва ба ҳаёт ҷорӣ намудани ин қарорҳо иштирок ва масъулияташон ба дараҷаи зарурӣ нест. Минбаъд вазирон ҳақ надоранд бо чунин усули куҳна кор кунанд.

Агар вазир бинобар соҳаи худ нуқтаи назари шахсӣ надошта бошад, дурбин набошад, туфайли фаъолияти ӯ мушкили одамон осон нашавад, худатон бигӯед, аз чунин роҳбар чӣ фоида мерасад?

Бинобар ҳамин ҳам ман ба Фармон дар бораи ислоҳоти нави маъмурӣ имзо гузоштам. Ба ин муддати мадид тайёрӣ дидем.

Дар самти аввал вазоратҳо ислоҳ мешаванд, услуби кори Ҳукумат низ куллан тағйир меёбад. Пеш аз ҳама миқдори вазорату идораҳо аз 61 адади кунунӣ ба 28 адад коҳиш дода хоҳад шуд. Минбаъд ҳар як вазорат дар соҳаи зарурӣ барои ба амал татбиқ намудани сиёсати давлат масъул мешавад, ба кумита, оҷонсӣ ва инспексияҳое, ки дар тартиби вай ҳастанд, роҳбарӣ менамояд.

Бисёр вазирон дигар мешаванд. Вазироне, ки соҳаи худро амиқ медонанд, фидоиянд ва халқ аз кори онҳо розӣ мебошад, дар вазифа мемонанд. Фикр мекунам, ин тарзи кор аз рӯйи адолат мешавад.

Миқдори хидматчиёни давлатӣ зина ба зина 30-35 фоиз ихтисор хоҳад шуд. Маблағҳое, ки сарфа шудаанд, ба масъалаҳои иҷтимоӣ равона карда мешаванд.

Мақоми сиёсии ҳар як вазир, масъулияти ӯ дар назди Президент, парлумон ва ҷомеа меафзояд. Мувофиқи ин ҷавобгариаш низ пурзӯр мегардад. Ба онҳо барои ҳал намудани мушкилоти аҳолӣ ваколату маблағи кофӣ дода мешавад.

Дар фаъолияти вазоратҳо рӯшодгӯӣ, қонуният, натиҷа ва сифат мизони асосӣ қарор хоҳад гирифт.

Мо дар бораи тамаъгарӣ бисёр ҳарф мезанем, вале агар дар низоми вазорат ба тамаъгарӣ роҳ дода шавад, чаро бояд вазир ҷавобгар набошад? Минбаъд талаб дигаргуна мешавад. Вазир барои истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳое, ки ба соҳаи худаш роҳбарикунанда ҷудо карда шудаанд, пеш аз ҳама, худаш ҷавоб медиҳад.

Ҳикмати ҳаётии ниёи мо Имом Мотурудӣ: «Бо халқу кишвар ҳамдард зиндагӣ кун, то ки халқ ҳамеша бо ту бошад» бояд ба шуур, қалб ва саъю ҳаракати ҳар як вазир, ҳар гуна роҳбар муҳр бандад.

Вакилони давлат бояд бо меҳнати ҳалол, хоксорӣ, халқдӯстӣ, самимият ва фидокориашон соҳиби меҳру муҳаббати одамон бошанд.

Минбаъд масъулияти сиёсии вазирон афзуда, лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат, масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодии оид ба ҳаёти мамлакатамон бевосита бо иштироки вазирон ҳаллу фасл карда мешаванд.

Барои ҳаллу фасли мушкилоти ҳар як вилоят ҳар моҳ ба маҳалҳо баромада баргузор кардани «Рӯзи Ҳукумат» ба роҳ монда хоҳад шуд.

Вазир дар оғози ҳар сол дар назди ҷомеа бинобар нақшаҳои соҳа ва дар ҷамъбасти сол мувофиқи натиҷаҳои он ҳисобот медиҳад.

Мехоҳам таъкид кунам – минбаъд ҳар вазире, ки аз ӯҳдаи кор баромада наметавонад, ба истеъфо бароварда мешавад.

Дар ин маврид мехоҳам боз як фикрро ба вакилони парлумон бирасонам.

Солҳои охир мо бисёр ваколатҳоро ба Олий Маҷлис гузарондем, ҳоло барои боз васеътар кардани ин ваколатҳо меандешем. Ҳангоми ба кор таъин кардани вазири нав низ депутатҳо иштирок мекунанд, бо нақшаҳои онҳо шинос шуда, онҳоро маъқул менамоянд. Лекин, мутаассифона, минбаъд фақат бо танқид маҳдуд мешаванд.

Маълум аст, ки дар ҳар ду палата ҳам бинобар соҳаҳо кумитаҳо, комиссияҳо мавҷуданд. Дар асл онҳо бояд ба вазирон бобати дар кадом ҳудуд хуб ба роҳ монда нашудани кор маълумот диҳанд, мувофиқи камбудиҳо ба ҷойҳо баромада, фикри халқро омӯзанд, барои ҳаллу фасли масъалаҳо якҷо саъю ҳаракат намоянд.

Аз ин нуқтаи назар бобати самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти вазир муайян кардани масъулияти кумита, комиссия ва депутатҳо низ, фикр мекунам, дуруст аст.

Бешубҳа, танқид ҳам зарур мебошад. Аммо аз ваколат ва имкониятҳои бузурге, ки алҳол ба депутатҳо дода шудааст, бояд самарабахш истифода бурд.

Ман низ солҳои дароз чун депутат кор кардаам, дар он давр ёд надорам, ки ягон вазир ба парлумон ҳисобот дода бошад. Ҳоло бошад вазъият куллан дигар аст, охир! Барои ҳамин ҳам дар масъалаи аз ҳама муҳим – тақдири мамлакат барои розӣ кардани халқамон бояд ҳама якҷо кор барем.

Умуман беҳтар кардани услуби кори Парлумон ва афзудани самаранокии фаъолияти он низ бояд дар Сарқонуни мо акси худро пайдо кунад.

Ба сифати самти дуюми ислоҳоти маъмурӣ соли оянда низоми идораи ҳудудҳо низ ислоҳ карда  хоҳад шуд.

Тамоми ташаббусҳои нав дар доираи ислоҳоти маъмурӣ бояд, албатта, дар Сарқонун инъикоси худро пайдо кунанд. Фикр мекунам, шумо ҳам ба ин ҳамроҳ мешавед.

Соли равон мо қонуни нави «Дар бораи хидмати шаҳрвандии давлат» -ро қабул кардем. Минбаъд қабул дар вазифаҳои давлатӣ танҳо дар асоси озмун баргузор мегардад. Ба фаъолияти тамоми роҳбарон дар асоси нишондиҳандаҳои самараи кори онҳо баҳо дода мешавад.

Ҳар сол 500 нафар мутахассисро барои таҳсил дар донишкада ва марказҳои бонуфузи хориҷӣ сафарбар менамоем.

Дар ду соли оянда ба ҳар як ноҳия ва шаҳр кадрҳои саводнок ва таҷрибадоре, ки дар мансабҳои баланди идораҳои ҷумҳурӣ кор кардаанд, ҳоким таъин карда мешаванд. Аз оғози соли нав, фикр мекунам, бояд ҳар як ҳоким ба ноҳияи худ 40-50 миллион доллар сармояҳои хусусӣ ворид намояд.

Вазирон фақат маблағи давлатро сарф накарда, худашон низ ташаббус нишон дода, бояд сармояҳои хусусиро ҷалб намоянд. Масалан, аз тариқи шарикии давлативу хусусӣ ба соҳаҳои хоҷагиҳои қишлоқ, об, ҷангал, нақлиёт бевосита соле то 1 миллиард доллар сармоя дохил намудан мумкин аст.

Дар доираи ислоҳоти маъмурӣ мехоҳам боз як ташаббуси муҳимро пешкаш созам.

То ҳол дар Осиёи Марказӣ шаҳрҳое, ки аҳолиашон аз 1 миллион зиёд аст, ба 7-то расид. Дар минтақаамон дар якҷоягӣ бо пойтахтҳо дигар шаҳрҳои бузург низ ба «нуқтаҳои рушд» табдил меёбанд. Дар байни онҳо шаҳрҳои Самарқанд ва Намангон низ ҳастанд. Дар ҳар яки онҳо миқдори аҳолӣ ба 1 миллион мерасад. Дар ҳар дуи ин шаҳр корҳои бузурги созандагӣ ба амал татбиқ мегарданд.

Шаҳри Самарқанд чун бузургшаҳри дунё ба маркази сайёҳӣ ва тиҷорати байналхалқӣ табдил меёбад. Намангон низ дар соҳаҳои саноат, соҳибкорӣ, таълим ва маданият ба сифати маркази минтақавӣ ҷойгоҳи худро пайдо менамояд. Аз ин боис таклиф мекунам, ки шаҳрҳои Самарқанд ва Намангон ба сифати воҳиди алоҳидаи маъмуриву ҳудудӣ ба тобеияти ҷумҳурӣ гузаронда шаванд.

Ин дар қатори пойтахтамон Тошканд дар бобати зиёд намудани «марказҳои ҷолиб», ки ин сиёсатро сар кардаем, қадами нави амалӣ мегардад; даромади ҳар сари аҳолӣ, ҷойҳои корро зиёд менамояд; дар ҳар ду вилоят барои ривоҷ додани ноҳияҳо эътиборро зиёд мегардонад ва ин низ аз рӯйи адолат хоҳад буд.

Акнун ҳокимони ин вилоятҳо на фақат бо шаҳрҳои бузург, балки дар бобати беҳтар намудани шароити ноҳияҳо низ кор карданашон талаб карда мешавад.

Барномаи рушди ҳар ду шаҳр дар Девони Вазирон тасдиқ гардида, барои иҷрои онҳо бевосита Сарвазир ҷавоб хоҳад дод.

Самти дуюм. Мо мақсад гузоштаем, ки Ӯзбекистони Навро дар асоси тамоили «давлати иҷтимоӣ» бубинем. Инро дар Конститутсия бояд ҷойгир созем.

Давлати иҷтимоӣ ин пеш аз ҳама барои амалӣ сохтани салоҳияти инсон ба вуҷуд овардани имконияти баробар, фароҳам овардани шароити зарур барои ҳаёти муносиби одамон, коҳиш додани камбағалӣ мебошад.

Аз ин боис, дар навбати аввал эътиборро ба бузургтарин сармояи Ӯзбекистони Нав – дастгирӣ намудани таълим менигаронем.

«Наҷот – дар таълим, наҷот – дар тарбия, наҷот – дар дониш». Чунки ба ҳама гуна мақсадҳои нек ба туфайли дониш ва тарбия муваффақ мегарданд.

Ин суханони бобоёни маърифатпарвари ҷадидамон ба ҳаракати амали депутату сенаторҳоямон, ҳизбҳои сиёсӣ, шӯроҳои маҳаллӣ, тамоми дастгоҳи давлат, ҷамъияти васеъ бояд табдил ёбад. Аз ин боис, афзудани сифати таълим дар мактаб ва ҳам дар ҷамъият, боло бурдани нуфузи касби муаллим, беҳтар намудани шароити омӯзгорон дар соли 2023 яке аз вазифаҳои асосиамон мегардад.

Чунин ҳисоб мекунам, ки мақоми омӯзгорон, ҳимоя намудани шаън ва қадри онҳо дар Конститутсия алоҳида бояд муайян гардад.

Аз соли оянда эътиборан дар синфҳои ибтидоӣ таълим комилан аз рӯйи китобҳои дарсие, ки бо усули нав таҳия гаштаанд, роҳандозӣ мегардад. Ҳоло онҳо аз экспертизаи байналхалқӣ гузашта, дар худамон озмуда мешаванд. Аммо дар синфҳои боло чӣ хел? Ошкоро бояд гуфт, сифати таълим ва тарбияе, ки дар онҳо дода мешавад, дониши омӯзгорон ва маҳораташон дар дараҷаи матлуб нест.

Фарзандонамон дар мактаб забони модарӣ ва забонҳои хориҷиро хуб аз худ намуда, кори компутерро бояд омӯзанд. Завқи фарзандонамонро ба касбу ҳунар, санъат ва маданият бедор намоем.

Дар хонандагон фикри озод ва танқидиву эҷодкоронаро тарбия намуда, дар ҷамоа кор кардан ва мулоқот намуданро ташаккул додан зарур аст.

Ана, ба мактабҳоямон чӣ гуна муҳит бояд ворид гардад!

Дар ин бобат барномаи таълимии «A-level», ки дар 130 мамлакат қобили қабул гаштааст, ба роҳ монда мешавад, ки самараи худро мебахшад.

Дар ин ҷараён ҳар як омӯзгор бинобар қобилияташ аз рӯйи самтҳои аниқ амиқ омӯзонда мешавад, ба бонуфузтарин мактабҳои олии ҷаҳон имконияти дохил гардиданашон васеъ мегардад.

Аз ин боис аз соли 2023 таълими мактабро дар асоси барномаҳои таълими байналхалқӣ комилан ислоҳ намуданро сар мекунем.

Барои ба роҳ андохтани ин корҳо, таҳия намудани китобҳои дарсии нав, ҷорӣ намудани стандартҳо ва методикаҳои пешқадами таълимӣ институти алоҳидаи илмӣ ва лабораторияҳо ташкил мегарданд. Ба тимсоли худшиносии миллӣ, асоси маънавиятамон, забони модарӣ эътибор боз ҳам пурзӯр мегардад.

Сиёсати имрӯзаи кушод, афзудани сармояи хориҷӣ ва корхонаҳои нав боиси он мегардад, ки ҷавононамон ба донишҳои замонавӣ ва забонҳои хориҷиро омӯхтан азм менамоянд. Аз ин боис, маҷбур мегардем, ки ба мактабҳо омӯзгорони баландмалакаи хориҷиро даъват намоем.

Аз фурсат истифода намуда, ба тамоми ҷамоаи мактабҳои диёрамон муроҷиат кардан мехоҳам.

Фарзандони азизамон агар дар мактаб забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар ва саводхонии компутериро сара омӯзанд, медонед, ҷамъиятамон чӣ гуна дигаргун мегардад?

Дар Ӯзбекистони Нав масъулияти ҷамоаҳои мактаб ва муаллимон айнан дар чунин масъалаҳо хеле равшан намоён мегардад. Ва ман боварӣ дорам, ки шумо, омӯзгорони ҷонфидо, ин вазифаро шарафмандона ӯҳда менамоед.

Соли оянда 70-то мактаби нав сохта шуда, 460-то мактаб васеъ карда мешавад. Бо иштироки сармояҳои хусусӣ лоиҳаи сохтмони 100 мактаб оғоз ёфта, дар 5 соли оянда миқдори онҳоро ба 1 ҳазор мерасонем.

Аз аввали сол дар Қароқалпоқистон ва Хоразм барои 285 ҳазор нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ хӯроки бепул ба роҳ гузошта мешавад. Дар ин бобат таҷрибаи кофӣ дорем.

Аз аввали соли хониши оянда ин таҷриба дар вилоятҳои боқимонда ва мактабҳои шаҳри Тошканд низ ҷорӣ мегардад ва барои ин 2,3 триллион сӯм ҷудо мегардад. Барои шаффофияти ҷараёни ташкили ин кор, таъмини фарзандонамон бо хӯроки солим ва босифат вазири маорифи халқ масъул ва ҷавобгар хоҳад буд.

Самти муҳими  навбатии соҳаи таълим ин ба вуҷуд овардани тамоми шароити ногузир барои андухтани касбу ҳунари замонавии ҷавононамон мебошад.

Он чиз, ки 50 фоизи хатмкунандагони мактабҳоямон бидуни касби ягон малака ба бозори меҳнат дохил мегарданд, ҳамаи моро нигарон бояд созад. Аз ин боис аз бештар аз 700 мактаби касбу ҳунар, коллеҷ ва техникум босамар бояд истифода кард.

Бо ин мақсад аз соли 2023 барномаи нав ба амал татбиқ мегардад. Дар ҳар як вилоят дар яктоӣ техникум стандарти таълими касбии Аврупо ҷорӣ мегардад. Дар панҷ соли оянда тамоми коллеҷ ва техникумҳо бо ин низом фаро гирифта мешавад.

Ҳамзамон, дастгирӣ намудани ҷавонони иқтидорнокро васеъ мегардонем. Дар соҳаҳои саноати кимиё, электротехника, нақлиёт ва энергетика якҷоя бо ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мактабҳои алоҳидаи муҳандисӣ ташкил мегарданд. Ин низом то ҳануз дар мо вуҷуд надошт. Хуллас, низоми тарбияи муҳандисони замони навро фароҳам меорем.

Дар шаш соли охир дараҷаи бо таълими томактабӣ фаро гирифтани бачагон аз 27 фоиз то 70 фоиз расид, ки дар натиҷа имрӯз қариб 2 миллион кӯдак бо кӯдакистон фаро гирифта шудааст. Ба қарибӣ дар Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба таълими томактабӣ дар шаҳри Тошканд низ ин ислоҳотамон хеле баланд арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон дар панҷ соли оянда барои то 80 фоиз расондани фарогирии кӯдакон 600 ҳазор ҷой дар боғчаи бачагона зарур мегардад. Ин хеле мақсади бузург аст. Аз ин боис дар бобати зиёд намудани миқдори кӯдакистонҳо, комилан беҳтар намудани сифати таълим ва тарбия дар онҳо барномаи панҷсола қабул мегардад. Дар бобати васеъ намудани фарогирии боғча ба сектори хусусӣ шароити иловагӣ фароҳам оварда мешавад.

Солҳои охир мактабҳои олӣ 2,5 баробар афзуда, ба 198-то расид, дараҷаи фарогирӣ аз 9 фоиз то 38 фоиз афзуд.

Мо мақсад гузоштаем, ки ин рақамҳоро боз ҳам афзоиш диҳем. Аммо саволе моро нигарон мекунад, ки сифати таълим чӣ гуна мегардад.

Дар қадами аввал барои ин ҳар як мактаби олӣ бояд кӯшиш кунад, дар ин сурат натиҷа ба даст меояд.

Дар ин бобат ба 41 мактаби олӣ мустақилияти академӣ ва молиявӣ дода шуда, дар онҳо идораҳои трансформатсия кушода шуд. Ректорон, профессорон ва омӯзгорони мактабҳои олӣ дар ин ҷараёнҳо бояд фаъол бошанд, усулҳои пешқадамро бояд ҷорӣ намоянд.

Соли оянда барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ захираи кредити имтиёзноки таълимӣ ду баробар зиёд гардида, 1,7 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.

Имсол барои илм ва инноватсия 1,5 триллион сӯм равон гардид. Ин нисбат ба соли 2017 қариб шаш баробар зиёд мебошад.

Музди меҳнати олимон низ 4,5 баробар зиёд гардид.

Аз ҳисоби онҳо ба мисли нано ва биотехнология, геологияи рақамӣ барин 18 самти нави илмӣ ташкил гардид.

Соли оянда барои илм ва инноватсия 1,8 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.

Акнун олимонамон дар соҳаҳои сарфаи об ва энергия, самаранокии хок ва ҳосилдорӣ, геология, саноат, сохтмон, ки бароямон имрӯз аз самтҳои муҳим ба шумор мераванд, бояд натиҷаҳои дақиқ нишон диҳанд.

Ҳамдиёрони муҳтарам!

Имкониятҳои аз хидмати бомалака ва сифатноки тиббӣ истифода намудани халқамонро боз ҳам васеъ мегардонем.

Дар қадами аввал, ҳаҷми кафолатноки ёрдами тиббии бепул бо қонун муайян карда мешавад.

Барои он ки маблағи ҷудокардашуда ба ҳар як бемор рафта расад, ба бимаи давлатии тиббӣ гузаштанро метезонем. Соли оянда ин низом дар шаҳри Тошканд оғоз меёбад. Давра ба давра дар ҳудудҳои дигар низ ҷорӣ карда мешавад.

Дар ин маврид аз масъалаи мураккаб ёд кардан мехоҳам. Ҳоло 7 миллион нафар аҳолиамон ба бемориҳои доимӣ гирифторанд.

Дар бораи тарзи ҳаёти солим 6 сол аст, ки  гап мезанем. Аммо Вазорати тандурустӣ то ҳол инро ҷо ба ҷо гузошта наметавонад. Дар бораи ратсиони хӯроки солим тавсияҳо ба одамон расонда намешавад, барои одамони синни гуногун машқҳои ҷисмонӣ ёд дода намешавад. Дар асл, саломатии инсон, заминаи тиббиёт низ ҳаминҳоанд! Аз ин боис ҳаракати нави умумимиллии «Тановули дуруст ва тарзи ҳаёти солим»-ро аз маҳалла сар мекунем. Дар ин ҳаракат пиру ҷавони тамоми диёрамон ҷойгоҳи худро бояд пайдо кунанд.

Ба аҳолӣ боз ҳам наздик намудани хидмати ибтидоии тиббӣ давом дода мешавад. Дар ду соли оянда ба ҳар як поликлиникаи оилавӣ ва бунгоҳи тиббӣ дастгоҳ ва ҷиҳозҳои зарурӣ расонда мешавад, лабораторияҳои экпресс комилан нав гардонда мешаванд.

Дар соли нав барилова 140-то бунгоҳи тиббии оилавӣ ва поликлиника, дар 520-то маҳаллаи дур ва канор бунгоҳҳои тиббии ихчам ташкил мегардад.

Ҳамзамон, барномаи калони сесолаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ба амал ҷорӣ мегардад. Тамоми маҷмуаҳои таваллудхонаҳо пурра таъмир ва муҷаҳҳаз мегардад, теъдоди ҷойҳо 35 фоиз зиёд мегардад.

Ғайр аз ин, дар мамлакатамон қариб 15 ҳазор нафар бемори онкологӣ эҳтиёҷ ба давои нур дорад. Аз ин боис соли оянда лоиҳаҳои дар Самарқанд, Фарғона ва Хоразм, дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ташкил намудани Маркази радиологияро оғоз менамоем.

Мӯҳтарам иштирокдорони маҷлиси муштарак!

Маълум аст, ки замина ва оинаи тамоми ислоҳотамон маҳалла мебошад. Тамоми ҷараёнҳои ҷамъиятамон, ҳолатҳои хубу некамон низ дар ҳаёти маҳалла ифода ва ҳалли амалии худро меёбад.

Маҳалла пойдевори сулҳу осоиштагӣ, аҳлӣ ва ҳамҷиҳатӣ, маърифат ва маъвои тарбия аст. Аз ин рӯ пас аз ин барномаҳои сармояи давлатӣ ба дараҷаи маҳалла фуроварда мешавад.

Дар қадами аввал соли 2023 барои лоиҳаҳои самтҳои обу электроэнергия, роҳ, мактаб, ки аз тарафи аҳолӣ таклиф гаштааст, қариб се баробар зиёд, яъне 8 триллион сӯм равона карда мешавад.

Ҳар як маҳалла бояд соҳиби китобхона, майдончаи варзишии худ  бошад.

Барои он, ки маҳалла масъалаи худро мустақилона ҳал намояд, низоми «Буҷаи маҳалла» ҷорӣ карда мешавад. Барои ин дар соли нав аз 1 январ як қисми андози мулк ва замин дар худи маҳалла мемонад.

Ҳамзамон, ман фикр мекунам, ки  ба Конститутсия дар бораи ҳаёти муносиб ва соҳиби манзил гардидани аҳолӣ моддаҳои нав бояд дохил карда шаванд.

Ҳаҷми сохтмони манзили аҳолиро 1,5 баробар афзуда, ба 90 ҳазор мерасонем. Дар ин бобат дар асоси шартҳои имтиёзнок додани кредити ипотека, ки ду сол пеш сар шуда буд, давом дода мешавад. 

Соли оянда дар вилояти Тошканд барномаи нави ипотекаи «Манзили аввалини ман» сар мешавад. Дар доираи барнома, дар навбати аввал барои эҳтиёҷмандони манзил ва оилаҳои ҷавон дар асоси шартҳои муносиб манзил барпо мегардад.

Ғайр аз ин, вазъияти нақлиёти ҷамъиятӣ комилан тағйир меёбад. Барои шаҳри Тошканд барилова 1 ҳазор автобуси замонавӣ харид гардида, 7 истгоҳи метрои рӯйизаминӣ ба кор андохта мешавад. Аз ҳисоби инҳо ҳар рӯз беш аз 500 ҳазор аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт ба қулайиҳои иловагӣ соҳиб мегарданд.

Дар ҳудудҳо низ бо мақсади беҳсозии мусофиркашонӣ боз 1 ҳазор автобус ба хатсайр гузошта мешавад. Бинобар ин вазъияти мураккаби нақлиёти ҷамъиятии 300 маҳалла бо аҳолии 1 миллионаш беҳтар мегардад.

Самти сеюм. Лозим аст, ки ҳимояи бовариноки ҳуқуқи инсон ва озодии он ба сифати уҳдадории конститутсиявии давлат бояд муайян гардад.

Дар солҳои охир дар низоми суду ҳуқуқ дар бобати барқарор намудани адолат корҳои зиёд анҷом дода шуд. Ҳамзамон дар бобати таъмини суди одил ҳанӯз ба баъзе масъалаҳо дастрасӣ надорем. Афсӯс, ки ҳозир низ паст будани сифати тергов, оворагардиҳои одамон дар судҳо, иҷро нагардидани қарорҳои суд барин ҳолатҳо дучор мегарданд.

Ин масъалаҳо, пеш аз ҳама, раиси Суди олӣ ва Сарпрокурорро бояд ба ташвиш орад.

Чаро ҳанӯз низоми ба тариқи электронӣ интихоб намудани адвокатҳо аз ҳисоби давлат барои бепул таъмин намудан ба кор андохта нашуд? Ба ин кӣ зид мебошад?

Бояд ин масъаларо алоҳида зери назорат гирифта, дар рӯзҳои наздик пурра ба кор андохтани ин низомро таъмин намудан зарур.

Аз ин боис дар муддати кӯтоҳ низоме ба вуҷуд меорем, ки идораҳои ҳуқуқу тартиботро ба тарзи нав кор кардан меомӯзад, сифати суди одилро меафзояд. Дар бобати ин масъала фармони алоҳида имзо мегардад.

Дар қадами аввал, дар маҳалҳо дар идораҳои суд сарсон гардидани одамонамон барҳам дода мешавад. Барои ин дар бобати ҳукм ва қарори адолатнок содир намудан ваколати судҳои вилоят ва масъулияти онҳо зиёд карда мешавад.

Санксияи кофтуков, хуфиёна шунидани сӯҳбатҳои телефонӣ ва рӯйхат намудани мулкро аз ихтиёри прокурор ба суд мегузаронем. Акнун муфаттишро ба ҷиноят алоқадор гумошта, ҳар гуна мулкро рӯйхат карда наметавонад. Охир мо бисёр заҳмат мекашем, ки дахлнопазирии мулки хусусиро пурзӯр намоем.

Пас аз ин, барои маҳдуд намудани ҳуқуқи мулк ҳар гуна амал фақат аз тариқи суд сурат мегирад.

Дар бобати беҳсозии сифати тафтиш низ чораҳои низомӣ меандешем. Тафтиш на  барои гунаҳгор намудани шахс, аз тариқи фош намудани ҷиноят барои аниқ намудани ҳақиқат бояд кор кунад.

Ҳамзамон ҳайати алоҳидаи прокурорҳо ташаккул меёбанд, ки дар суд барои баррасии парвандаҳо иштирок менамоянд. Онҳо махсус таълим дода мешаванд, барои дар суд холисона баррасӣ намудани парванда, мустақил буданашон бо қонун муайян карда мешаванд.              

Дар таъмини суди одилона ҳуқуқҳои ба ҳимоятгар додашуда низ аз нав дида баромада, ваколатҳои зарурӣ дода мешаванд.

Чаро ба адвокат аз қарор дар бораи кушодан ва қатъ кардани кори ҷиноӣ нусха дода намешавад? Дар ин гуна ҳолат оиди баробарӣ чӣ гуфтан мумкин?

Акнун дар судҳо кори ҷиноӣ фақат бо хулосаи айбдоркунӣ не, балки якҷо бо фикри ҳимоятгар қабул карда мешавад.

Низоме ҷорӣ карда мешавад, ки дар он ҳар як ҳолати аз ҳимоячӣ рад кардани айбдоршаванда аз ҷониби прокурор ва суд амиқан омӯхта мешавад.

Вақтҳои охир дар баъзе ҷойҳое, ки гумонбарҳо муваққатон нигоҳ дошта мешаванд, оиди вайрон шудани ҳуқуқҳои инсон масъалаҳои дарднок пеш мебароянд.

Дар диёри мо рух додани ин гуна ҳолатҳо умуман мумкин нест. Касе ба ин амал накард, қонун устувор ва ҷазо муқаррар хоҳад гашт.

Аз ин боис, барои баҳисобгирии тамоми шахсоне, ки ба ин гуна ҷойҳо оварда мешаванд, сохтори онлайн ҷорӣ гардида ва он ҷо таҷҳизоти шинохти чеҳра насб карда мешавад. 

Касе ҳақ надорад фаромӯш кунад – талаботи қонун ва ҳуқуқҳои инсон – барои мо арзиши олӣ.

Сарпрокурор ва вазири корҳои дохилӣ бояд ин ҳақиқатро ба ҳар як ходим расонанд ва назорати пуртаъсирро ҷорӣ созанд.

Дар асоси таҷрибаҳои пешқадами хориҷӣ фаъолияти судҳои маъмуриро ба давраи нав мебардорем.

Дар тақдири аз қарори ҳоким норозӣ шуда ба суди маъмурӣ муроҷиат сохтан, корҳо дар тартиби экстерриториалӣ, яъне амалиёти дар ҳудудҳои дигар низ дидан ҷорӣ карда мешавад.

Чи вазирон ва чи ҳокимон бояд як ҳақиқатро дуруст фаҳманд: дар Ӯзбекистон ҳимоятгари мулк ва сармоя кадоме аз ҳокимон ё вазирҳо не, фақт Конститутсия, қонун ва суд мебошад.

Дар ин хусус оиди дар Ӯзбекистон низ ташкил кардани Суди тиҷоратии байналхалқӣ корҳои амалӣ оғоз ёфтанд.

Ташаббусҳои дар боло зикршударо дар Конститутсия бевосита сабт кардан лозим.

Дар ин маврид ба масъалаи коррупсия алоҳида истода гузаштаниам, ки барои мо рӯзмарра аст.

Дар давоми ду соле, ки гузашт, наздик 5 ҳазор нафар мансабдор вобаста ба корҳои ҷиноӣ оиди коррупсия ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Лекин, бояд кушод гӯем, ба сабаби масъала не, ба оқибати он бояд мубориза бурд.

Депутат ва сенаторҳоро, шӯроҳои маҳаллиро низ лозим нест бонг зада, соҳаҳои аниқро таҳлил сохта, оиди бартарафсозии коррупсия фаъолтар бошанд?

Агар ҳар як депутат дар ҳавзаи худаш сохтмонҳо ва роҳҳоеро, ки аз ҳисоби буҷа барпо мешаванд, ҳар моҳ рафта бинад, аз фармоишгар ва пудратчӣ сифатро талаб намояд, медонед, чӣ қадар аҳвол дигаргун мегардад? Барои ин дар шумо ваколат ва шуҷоат кофӣ ҳаст.

Оиди мубориза алайҳи коррупсия қонунҳои алоҳида қабул ва асосҳои ҳуқуқӣ офарида шуданд.

Акнун корҳои амалиро бояд пурзӯр намуд. Ба монополияи сунъӣ, схемаҳои пӯшида ва умуман холиҷойҳое, ки ба коррупсия имкон медиҳанд, барҳам дода мешавад.

Самти чаҳорум ба муаммои глобалӣ табдил ёфта истодани экология, хусусан, масъалаҳои об вобаста мебошад.

Мо нафақат имрӯзро, балки авлоди ояндаро низ бояд фикр кунем. Аз ин боис, дар Конститутсияамон оиди ҳифз намудани захираҳои табиӣ, аз ҷумла, ҳавзаҳои обӣ ва муҳофизат намудани захираҳои зеризаминӣ талаботро бояд пурзӯр намуд.

Медонед, мамлакатамон дар 3 соли охир хушксолиро аз сар гузаронд. Таъсири ин, хусусан, дар ҳудудҳоямон воқеъ дар ҳавзаи поёнии Амударё равшан ҳис гашт.

Аз ин маврид дар маҷрои дарёи Амӯ оиди барпои канали нав якҷо бо ҳукумати муваққати Афғонистон ва ҳамҷамъияти ҷаҳон дар асоси меъёрҳои байналхалқӣ ва ба инобат гирифтани манфиати ҳамаи давлатҳо, фикр мекунем, мулоқотҳои амалӣ пеш бурдан лозим. Бовар дорем ин гуна фикррониҳоро ҳамсоягонамон дастгирӣ месозанд.

Умуман, дар 15 соли охир боришот 25 фоиз кам шуд. Дар тобистон бардавомии рӯзҳои гарм аз он далолат дод, ки дар наздамон ҳоло санҷишҳо зиёданд. Лекин дар вақти ҳозира бинобар дастрассозии об ба майдонҳои кишт муаммоҳо ҳис мешаванд. Аз ин боис, сохтори хоҷагии об ислоҳ карда мешавад.

Сохтори ҳисоби ошкорову кушоди об ҷорӣ гардонида ва дар давоми се соли оянда наздик 13 ҳазор объектҳои хоҷагии об барпо мешаванд. Баробари ҳамин 16-то истгоҳи насосии калон дар асоси шарикии давлатию хусусӣ модернизатсия мегардад ва ба энергияи муқобил гузаронида мешавад.

Барилова ба инҳо як қисми андози аз об афтода барои рушди хидматҳои обёрӣ дар ноҳияҳо, бетоннамоии ҷӯй, заҳбур ва каналҳо равона карда мешавад.

Дар вақти ҳозира чун дар тамоми дунё дар Ӯзбекистон низ муаммоҳои ҷиддии экологӣ пайдо мешаванд. Дар қисми зиёди ҳудудҳоямон таркиби хок вайрон шуда, заминҳои ҳосилхез торафт кам мешаванд,  чӯлшавӣ, норасоии об, хушксолӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз ҳамин ҷумлаанд.

Эҳтиёт кардани табиатамон, тоза нигоҳ доштани об, ҳаво ва муҳити гирду атроф дар соли оянда  ба маданият ва ҳаракати амалии аҳолии ҳар як маҳалла  бояд табдил ёбад. Дар ин самт барои ба ҷониби мусбӣ дигаргунсозии вазъияти мавҷуда оиди нигоҳдории экология ва муҳити гирду атроф саъю ҳаракатҳоямонро, хусусан, корҳоямонро дар доираи лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” пурзӯр менамоем.

Муҳтарам вакилони халқ!

Мо ислоҳоти хоҷагии кишоварзиро қатъиян давом медиҳем.

Оиди муносибатҳои заминӣ ба корҳои калон оғоз бахшида, худи ҳамин сол 100 ҳазор гектар заминҳои киштро ба аҳолӣ барои деҳқонӣ тақсим карда додем. Аз ҳамин ҳисоб барилова 1,5 миллион тонна озуқаворӣ парвариш карда шуд.

Аз ҳама асосиаш, дар деҳот 400 ҳазорто хоҷагии нави деҳқонӣ ташкил гашт, бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор нафар одамҳоямон ба шуғл фаро гирифта ва соҳиби даромад шуданд.

Агар ҳамин ислоҳотро намекардем, бозор ва дӯконҳоямон мисли ҳозира сарпур мешуданд, содирот ба чунин дараҷа мерасид, даромад ба ҳар сар меафзуд?

Аз ин боис, дар соли 2023 низ 100 ҳазор гектар майдонҳои киштро, ки таъминоти обашон хуб аст, барилова ба аҳолӣ ҷудо менамоем. Аз ҳисоби ин наздик 350-то хоҷагиҳои нави деҳқонӣ ташкил карда мешаванд.

Агар ҷамъ 750 ҳазор хоҷагиҳои нави деҳқониро ба соҳибкор – ба соҳиби замин диҳем, дар деҳот бисёр муаммоҳои иҷтимоӣ, аввало, масъалаи  бекорӣ ва камбағалӣ ҳалли худ меёбад. Ман ба ин бовар дорам.

Ҳокимони вилоят ва ноҳияҳо барои самаранок ташкил кардани ин кор масъул ва ҷавобгар буда, дар назди халқ ҳисобот дода рафтанашон лозим. Барои ин кооператсияро фаъолона дастгирӣ месозем, корхонаҳои нигоҳдории иқтидорашон хурд ва миёна, инфрасохтори сара намудан ва азнавкоркардро равнақ мебахшем.

Умуман, ба лоиҳаҳои барпои занҷири арзишноки ба соҳаи аграрӣ пайвастшуда дар соли 2023 1 миллиард доллар ҷудо карда мешавад.

Самти панҷум. Ҷорӣ сохтани механизмҳои бозаргонии озод, таъмини рақобати солим ва дахлнопазирии мулки хусусӣ, пуштбонии соҳибкорон дар Конститутсия бояд мавқеи алоҳида дошта бошанд.

Аз ҷараёнҳои шадид, ки имрӯзҳо дар дунё рӯй медиҳанд, ҳамаатон огоҳед. Дар ҷаҳон вазъияти геосиёсии мураккаб, танқисии захираҳои энергетикӣ пурзӯр мегардад, ба озуқаворӣ эҳтиёҷ афзуда, захираҳои молиявӣ қиммат мешаванд.

Дар ин гуна вазъият, чи қадар вазнин набошад, ислоҳоти иқтисодиро қатъиян давом медиҳем, имкониятҳои дохилиро пурра сафарбар сохта, сектори хусусиро боз ҳам пуштбонӣ менамоем. Барои ин, аввало, оиди торафт беҳ намудани муҳити соҳибкорӣ ба ислоҳот суръат мебахшем.   

Дар навбати аввал, доир ба кӯтоҳ кардани нобаробариҳои иқтисодии байни ҳудудҳо, дар як вақт ривоҷ додани ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳо муносибати нав ҷорӣ карда мешавад.

Мо амиқ таҳлил намудем. Аз оғози соли оянда шаҳру ноҳияҳо бино ба шароит, салоҳият ва имкониятҳояшон ба 5 тоифа ҷудо карда мешаванд. Аз ҷумла, барои рушди соҳибкорӣ 26 ноҳия ба тоифаи 1; 46 ноҳияи инфрасохтораш хуб ба тоифаи 2; 76 ноҳияи шароиташ нисбатан қаноатбахш ба тоифаи 3; 40 ноҳияи ҷолибияташ нопурра ба тоифаи 4; 20 ноҳияи шароиташ душвор ба тоифаи 5 рост меояд.

Акнун бино ба тоифа рушди иқтисодии ноҳияҳоро муайян месозем. Барои соҳибкорон мувофиқи тоифаашон субсидия, вомҳо ва компенсатсияҳо ҷудо карда мешавад. Барои онҳо меъёрҳои андоз гуногун мешавад.

Масалан, барои 20 ноҳияи шароиташ душвортарин, ки ба тоифаи 5-ум дохил мешаванд, ставкаҳои андози муомилот, андози фоида, андози иҷтимоиро ба миқдори 1 фоиз муайян менамоем. Соҳибкорони ноҳияҳои мазкур танҳо 1 фоизи андози замин ва молу мулкро мепардозанд. Соҳибкорони инфиродӣ аз пардохти андози қатъии меъёрӣ озод карда мешаванд.

Ҳамин тавр, ба ноҳияҳои ба тоифаҳои дигар дохилшаванда як қатор имтиёзҳо дода мешаванд, аз ҷумла, истифодаи фоизи ками қарзҳо, аз ҳисоби давлат пӯшондани хароҷоти инфрасохтор барин як қатор сабукиҳо дода мешавад.

Мо дар сурати иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои худ дар назди хароҷоти буҷет, тоҷирон ва соҳибкорон корҳоро доир ба кам кардани бори андоз ба соҳибкорон идома медиҳем. Аз ҷумла, аз  1 январ сар карда аз 15 то 12 фоиз кам кардани ставкаи андози иловагӣ дар ихтиёри соҳибкор дар як сол камаш 14 триллион сӯм маблағ мемонад. Аммо барои беҳтар кардани муҳити бизнес фақат кам кардани андоз кифоят намекунад.

Пурсишҳо нишон медиҳанд, ки ба 70 фоизи соҳибкорон аз ҷониби идораҳои андоз, гумрук, ҳокимият, электр, кадастр, бехатарӣ аз сӯхтор, назорати санитарӣ ва ғайра фишорҳои маъмурӣ расонда шудаанд. Аз ин рӯ, дар соли 2023 фаъолияти идораҳои назоратӣ ва рухсатдиҳӣ бори дигар аз назари танқидӣ дида баромада мешавад.

Дар навбати аввал, дар асоси таҷрибаҳои пешқадам корбарии маъмурияти андоз ва гумрук ҷиддӣ ислоҳ карда мешавад. Дар ҳамаи идораҳои давлатӣ ба соҳибкорон сохтори баҳодиҳӣ ба хизматрасонӣ ҷорӣ карда мешавад. Соли оянда бо ин масъала ҷиддӣ машғул мешавем.

Таъкид мекунам: мо ислоҳотҳоямонро, ки оиди сабук кардани ҷавобгарӣ дар соҳаи соҳибкорӣ оғоз намудем, бо суръат идома медиҳем.    

Дӯстони муҳтарам!

Сир нест, ки халқ, соҳибкору сармоягузорон аз мо роҳи ҳалли масъалаи мубрами соҳаи энергетикаро интизор мебошанд. Бояд рӯйирост гуфт, ки муаммоҳои ин соҳа имрӯз пайдо нашудаанд.

Дар давоми солҳои дароз ба конҳои нави газ дохил накардани инвеститсия, модернизатсия нашудани шабакаи электр ва газ ҳам ба ҳама аён аст. Дар натиҷаи набудани ҳисобу китоби аниқ талафоти калони соҳа ба ҳолати оддӣ табдил ёфт.

Дар баробари ин дар 6 соли охир шумораи аҳолии мо ба 13 фоиз, корхонаҳои саноатӣ ду баробар афзуда, аз 45 ҳазор ба 100 ҳазор расид. Дар натиҷа талаб ба энергияи электрикӣ ба 35 фоиз афзуд ва сол аз сол зиёд мегардад.

Барои рушди барқарори иқтисодиёти кишвар ба соҳаи энергетика 25-30 миллиард доллар сармоя лозим. Ба он танҳо тавассути ҷалбкунӣ ба инвеститсияҳои хусусӣ муваффақ мегардем.

Аз ин боис дар се соли охир ба соҳа 8 миллиард долларина сармояи бевосита ҷалб гардид. Аз ҷумла, ба қарибӣ дар Бухоро, Намангон ва Хоразм озмун барои сохтмони 3 неругоҳи офтобии қувваи барқи иқтидораш 500 мегаватт ба охир расид.

Қонунҳои аз ҷониби депутат ва сенаторон қабулгашта ба он асос гардид.

Аз сари сол мо 7 неругоҳи барқии иқтидораш 1,5 ҳазор мегаваттро ба кор андохтем.

Соли оянда 11 лоиҳаи калони 4,5 ҳазор мегаваттаро ба амал мебарорем. Аз ҷумла, аз ҳисоби неругоҳҳои барқии офтобӣ ва бодие, ки дар вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Самарқанд, Фарғона ва Тошканд бунёд мешаванд, иловагӣ боз 14 миллиард киловатт энергияи барқ ҳосил мегардад.

Бо ин восита қувваи барқе, ки ба хонадонҳо расонда мешавад, 50 фоиз зиёд мегардад.

Ошкоро бояд гуфт, ки иқтисодчиёни зиёд дар соҳаи энергетика ба бозори озод гузаштанро таклиф медиҳанд.

Ин роҳи дуруст аст. Ман ҳам тарафдори онам. Лекин пеш аз гузаштан ба ислоҳоти мазкур, даставвал даромади ҳар сари аҳолӣ, ҳимояи иҷтимоии онҳоро ба назар гирифта, зина ба зина амалӣ гардонем.

Истифодаи самаранок аз захираҳои энергия – аз масъалаи муҳим мебошад. Мутаассифона, сарфи қувваи барқ дар иқтисодиёти мо нисбати дигар кишварҳо ду баробар зиёд аст. Аз ин рӯ, Барномаи миллии баланд бардоштани самаранокии қувваи барқро қабул мекунем. Албатта, ба ин кор депутат ва сенаторон сарварӣ намоянд, албатта ба натиҷаҳои назаррас хоҳем расид. 

Дар хона, корхона, боғчаю мактаб ва кӯчаҳо сарфа кардани энергияро ба одамон ёд додан лозим. Ин масъаларо дар қонунҳоямон низ мустаҳкам кардан зарур аст.

Ҳамзамон, истифодаи манбаъҳои хурди энергияи барқароршаванда зиёд мешавад. Барои намуна, агар комбинатҳои Бекобод, Олмалиқ ва дигар корхонаҳои калон барои эҳтиёҷоти худ дар вилояти Тошканд неругоҳҳои электрикии офтоби бо иқтидори 1 ҳазор мегаватт насб кунанд, дар як сол 2,5 миллиард киловатт соат қувваи барқӣ истеҳсол карда мешавад. Тавассути ин қариб 30 фоизи истеъмоли энергияи вилояти Тошкандро таъмин карда, 500 миллион метри мукааб газ сарфа мешавад.

Дар ҳамин асос дигар вилоятҳо низ ҳисобу китоб карда, барои соли оянда нақшаҳои дақиқро муайян кунанд.

Ҳокимони ноҳия ва шаҳри ҷумҳурӣ дар ҳар як хонавода ва корхонаҳои минтақаи худ бояд лоиҳаҳои энергияи барқароршавандаи 5-10 мегаваттро амалӣ созад.

Агар ба ин масъала ҷиддӣ таваҷҷуҳ кунем, ин корҳо бешубҳа самараи худро мебахшанд.

Дар маҷмӯъ, дар 3 соли оянда дар тамоми ташкилотҳои давлатӣ панелҳои офтобӣ ва коллекторҳои оби гарм насб карда мешаванд. Бо ин мақсад 20 миллиард доллар сармоя ҷалб мешавад. Аз ҳисоби ин 60 фоизи истеъмоли электр ва газ ба «энергияи сабз» мегузарад.

Дар хонаводаҳои аҳолӣ бошад, субсидҳое, ки барои насби панели офтобӣ ҷудо карда шудааст, ду баробар зиёд карда мешавад.

Агар мо «энергия сабз»-ро суръат надиҳем, дар ин бобат дар қонунҳоямон механизмҳои навро муқаррар накунем, шаҳрвандон ва соҳибкоронро розӣ карда наметавонем.

Бо мақсади зиёд намудани захираи газ барномаи даҳсолаи кофтукови геологиро қабул мекунем. Дар ин сурат мо технологияи навро ҷорӣ карда, бори аввал ба истихроҷи газ дар қабатҳои чуқур шурӯъ мекунем. Аз ҷумла, сармоягузорони бонуфузи хориҷӣ дар кофтуковҳои қабатҳои чуқури пешомадноки Устюрт ҷалб карда шудаанд.

Тамоми иҷозатномаҳои пеш аз истихроҷи газ додашуда, аз нав баррасӣ шуда, нисбати корхонаҳои бесамар чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Самти шашум. Мо минбаъд низ шароити зиёд кардани сармояи дохиливу хориҷиро ба иқтисодиёт беҳтар мегардонем.

Мо муяссар шудем, ки дар шаш соли охир ҳаҷми маблағгузории маҳсулоти дохилиро 30 фоиз зиёд кунем.

Соли оянда қариб 30 миллиард доллар сармоягузорӣ мешавад, ки 25 миллиард доллари он сармояи хусусӣ мебошад. Аз ҷумла, беш аз 300 лоиҳаро ба маблағи 8 миллиард доллар роҳандозӣ мекунем ва 40-то лоиҳаи нави калонро ба роҳ мемонем.

Масалан, марҳилаи аввали азхудкунии миси «Ёшлик» ба охир расида, корхонаи 3-юми истихроҷи мис, ки иқтидори коркарди 60 миллион тонна маъданро ташкил медиҳад, ба кор шурӯъ мекунад. Тавассути ин, иқтидори маъдани комбинати Олмалиқ аз 40 миллион тоннаи ҳозира ба 100 миллион тонна мерасад.

Ҳамзамон дар Олмалиқ лоиҳаи фабрикаи ғанигардонии мис ва обкунии мис оғоз меёбанд.

Сохтмони маҷмааи коркарди 4 миллион тонна маъдани тиллои кони Писталӣ дар Навоӣ ба охир мерасад.

Барномаҳои асосӣ, ки дар соҳаи металлургия амалӣ мешавад, пас аз 5 сол имкон медиҳад, мис – 3 баробар,  тиллоро соле то 150 тонна расонем.     

Дар саноати кимиё, автомобилсозӣ ва мошинсозии хоҷагии қишлоқ низ лоиҳаҳои бузург ба кор андохта мешаванд.

Дар баробари ин, зарур аст, ки барои ҷалби сармояи фаъол аз имкониятҳои хусусигардонӣ ва шарикии давлатию хусусӣ пурра ва самаранок истифода бурда шавад.

Соли оянда ба «хусусигардонии калон» шурӯъ мекунем, қариб 1000 корхона ба фурӯш бароварда мешавад.

Имрӯз мехостам ба шумо як нияти дар дил доштаамро ошкоро бигӯям. Нияти бузурги ман ин аст, ки дар байни ҳамватанони мо садҳо ҳазор мулкдорон ва саҳмдорон пайдо шаванд. Бигузор мардуми мо пасандозҳои худро сармоя карда, даромади баланд гиранд.

Барои ҳамин супориш додам: соли оянда саҳмияҳои 10 ширкати калон ва бонкҳои тиҷории мо барои мардуми мо ба савдои кушоду шаффоф гузошта мешаванд.

Ман боварӣ дорам, ки он IPO-и халқпарвар хоҳад гардид.

Ба ин муносибат такрор кардани гуфтаҳои пештараро бамаврид мешуморам: халқ бой бошад, давлат ҳам бой ва пурқудрат мешавад.

Масъалаи навбатӣ – дар соли 2023 ҳадафи асосии мо ба таври иловагӣ 4 миллиард доллар зиёд кардани содироти маҳсулоти тайёр хоҳад буд.

Барномаи “Ӯзбекистони Нав – кишвари маҳсулоти рақобатпазир”, ки соли ҷорӣ роҳандозӣ шуда буд, самараи худро дода, дар як сол ҳудуди 2000 соҳибкор бори нахуст ба бозорҳои хориҷӣ баромад.

Дар соли оянда ба содиркунандагон ҷуброн кардани хароҷоти нақлиёт ва хароҷоти дигар давом дода мешавад.

Мо содироти матоъҳои бофандагӣ, электротехника, чарм-пойафзор ва дигар маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои Аврупо камаш 2 баробар зиёд мекунем. Расмиёти гумрукӣ оид ба содироти маҳсулоти иборат аз 9 марҳала 3 баробар кам карда мешавад.

Музокироти асосӣ оид ба узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷоратро ба охир расонда, корҳои ҳамоҳангсозии қонунгузории дохилӣ, ҷорӣ кардани стандартҳои навро суръат мебахшем.

Умуман, дар соли 2023 ҳаҷми содирот бори аввал дар таърихи мо аз 23 миллиард доллар зиёд мешавад.

Депутат ва сенаторони муҳтарам!

Мо дар шароити кунунии мураккаби ҷаҳон сиёсати хориҷии ошкоро ва прагматикии ба эътимод ва эҳтироми мутақобила асосёфтаро пайваста идома медиҳем.

Минбаъд низ мо таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судмандро бо тамоми кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии худ дар ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ пурзӯр хоҳем гардонд.

Мо кори худро ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ба зинаи нав мебарорем.

Дар ин маврид ба депутату сенаторон, ба аҳли маҳалла, пиронсолон, занону духтарон ва ҷавонони фаъол, ба тамоми халқи худ гуфтаниам: ба қадри бебаҳотарин неъмат – сулҳу оромӣ расем, ин сарвати бузургро баҳри саодати оилаҳо, фарзандон ва наслҳои ояндаи мо нигоҳ дорем.

Бо ин мақсад мо бояд ба тарбияи ҷавонони худ дар рӯҳи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, баланд бардоштани муҳаббату садоқати онҳо  ба Ватан аҳамияти бештар диҳем.

Мо дар ҳамчун баркамол, инсонҳои ба кишвар фидоӣ тарбия намудани насли наврасамон ба пиронсолони муҳтарами худ такя мекунем.

Мо корҳоямонро оиди дар сиҳатгоҳҳо барқарор намудани саломатии падарону модарони дуогӯямон, ки файзу фариштаи ҳаёти мо мебошанд, шароити иловагӣ фароҳам овардан дар маҳаллаву масканҳои ҷамъиятӣ барои онҳо идома медиҳем. Новобаста аз миллат, забон ва дину мазҳаб, ҳар як шаҳрванд, ки Ӯзбекистонро Ватани худ медонад ва дар рушди он саҳм мегузорад, минбаъд низ дар таваҷҷуҳи давлату ҷомеаи мо қарор хоҳад дошт.

Мо тамоми қувваю имкониятамонро барои боз ҳам мустаҳкам намудани муҳити дӯстии байни миллатҳо, ҳамҷиҳатии конфессияҳои динӣ, таҳаммулпазирии иҷтимоӣ сафарбар мекунем.

Хатарҳое, аз қабили радикализм, ифротгароӣ, терроризм, савдои одам, нашъамандӣ, ки дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфта истодааст, мутаассифона, моро низ дар канор намегузорад. Аммо такрор мегӯям, оё дар кишвари мо, ки Имом Бухорӣ, Имом Термизӣ, Имом Мотуридӣ барин уламои бузурги ба уммати мусалмонон сабақдода ба воя расидаанд, афроди дар ин бобат гумроҳшуда, ба ақидаҳои радикализм ва ифротгароӣ додашуда буда метавонанд?

Мо дар ҷомеаи худ ба ҳар гуна радикалишавӣ, заҳролуд кардани зеҳни ҷавонони мо бо ғояҳои харобиовари бегона, истифода аз дин ба ҳадафҳои сиёсӣ, ҷойгузини ҷаҳолатро ба маърифатнокӣ роҳ намедиҳем. Барои ин на фақат ташкилотҳои масъул, балки ҳамаи мо бояд бобати кушода додани моҳияти  инсондӯстии дини мубини худ, дар оила, маҳалла ва муассисаҳои таълимӣ дар рӯҳи миллӣ ва арзишҳои умумбашарӣ тарбия намудани фарзандонамон кор пеш барем.

Дар ин масъалаи муҳим Барномаи алоҳидаи миллӣ қабул мекунем.

Таҳкими пояҳои маънавии ҷомеаи мо, рушди соҳаи фарҳанг, дастгирии фаъолияти созмонҳои илмию эҷодӣ ва зиёиёни арҷманд яке аз самтҳои афзалиятноки мо хоҳад буд.

Моро зарур аст, ки таърихи қадимиву бойи худ, бахусус фаъолияти аҷдодони худро, ки дар шароити ниҳоят душвор ғояҳои илму маърифат, озодии инсон, озодии мардум, муҳаббату садоқат ба Ватан ва арзишҳои миллиро далерона баланд бардоштаанд, боз ҳам амиқ омӯзем. Муборизаи диловарона ва фидокориҳои онҳо дар роҳи мақсадҳои бузург дар бунёд намудани Ӯзбекистони Нав ба ҳамаи мо, аввало, ҷавононамон бояд мактаби ҳақиқии ибрат шуда хидмат кунад.

Намоишгоҳи миллӣ, ки ҳоло дар Осорхонаи машҳури Луври Фаронса ҷараён дорад, аз сатҳи баланди таваҷҷуҳи хориҷ ба мероси беназири таърихӣ, фарҳанги нотакрор ва анъанаҳои миллати мо шаҳодат медиҳад. Барои ба ҷавонони мо ва сайёҳони хориҷӣ шинос намудани чунин ганҷҳои таърихию фарҳангӣ, мутобиқ намудани осорхонаҳо ба талаботи замон барномаи махсус амалӣ карда мешавад.

Ҳамватанони азиз!

Ҳоло  мо ҳамроҳи шумо барои соли 2023 мақсаду вазифаҳои бузург муайян намудем. Албатта, дар шароити имрӯзаи мураккаби ҷаҳон татбиқи ин вазифаҳо осон нест. Вале мо дар давраи гузашта донишу таҷрибаи зиёде ҷамъ кардем. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки боварии мо ба қувваю имкониятҳои худамон меафзояд.

Аз ин рӯ, ҳар қадар душвор бошад ҳам, мо аз роҳи интихобкардаамон ҳеҷ гоҳ барнамегардем. Мо бешубҳа, ба ҳадафҳои худ мерасем. Дар ин роҳ мо ба халқи нияташ нек, қалбаш пок ва меҳнатдӯстамон такя мекунем.

Бовар дорам, ки агар мо як тану як ҷон шуда ҳаракат кунем, ҳатман Ӯзбекистони Навро, ки халқу кишварамон саъй дорад, ҳамаамон якҷоя бунёд мекунем.

Аз фурсат истифода бурда, бори дигар  ба халқи диловар, наҷиб ва таҳаммулпазири мо, ки ислоҳоти моро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҳама озмоишҳоро мардонавор паси сар карда, бо меҳнати фидокоронаи худ дар пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми беандоза мегузоранд, эҳтиром мегузорам.

Ҳамаи шумо, тамоми мардуми моро бо фарорасии Соли нав аз таҳти дил табрик гуфта, ба шумо саломатии бардавом, файзу баракат ва хушбахтии оилавиро таманно дорам.

Бигузор дар кишварамон ҳамеша сулҳу осоиш ҳукм фармояд!

Офаридгор ҳамаамонро, Ӯзбекистони моро дар паноҳаш нигоҳ дорад!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: