Дар Самарқанд Истироҳатгоҳи экологии ҷавонони Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ кард.
Дар доираи Барномаи дахлдори сайёҳии «Роҳи абрешим» ва Донишгоҳи байналхалқии мероси маданӣ анҷумани экологӣ ташкил карда шуд.
Дар ибтидои чорабинӣ бо иштироки зиёда аз 60 нафар экофаъолони ҷавоне, ки аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ҳудудҳои гуногуни кишварамон омадаанд, парчами рамзии истироҳатгоҳ барафрохта шуд.
Дар анҷумани нахустини экологии ҷавонони Осиёи Марказӣ вазири ҳифзи муҳити атроф ва тағйироти иқлим Азиз Абдуҳакимов, роҳбари ваколатхонаи UNICEF дар Ӯзбекистон Мунир Мамедзода ва дигарон ба сухан баромада, иштирокдоронро табрик карданд.
Тавре ки нотиқон таъкид намуданд, Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи минтақаҳое ба шумор меравад, ки дар он таъсири мушкилоти экологӣ баланд мебошад. Роҳбарони ҳукуматҳо, мутахассисон оид ба ин муаммо аз минбарҳои байналхалқӣ гаштаву баргашта бонги изтироб мезананд. Бешубҳа, ҷавонони мо низ ҳамчун соҳибони фардои мамлакат ба ин масъала бефарқ нестанд. Истироҳатгоҳи экологие, ки дар минтақа бори аввал созмон дода шуд, ба сифати минбари ташаббусҳо, афкор ва ғояҳои нави ин мушкилот хидмат хоҳад кард.
– Ташаббуси созмон додани истироҳатгоҳи экологӣ низ аз ҷониби ҷавононамон ба миён гузошта шуд, – мегӯяд муовини директори бунёди ҷамоатии байналхалқии «Замин» Абдуқаҳҳор Абдуғаниев. – Ҳоли ҳозир маҳз онҳо муҳаррикони ғояҳои нав маҳсуб меёбанд. Бинобар ҳамин ҳам дар чорабинӣ бобати ягон мавзӯъ ё самт ҳадду монеа гузошта нашуд. Худи иштирокдорон мушкилоти экологии минтақаро таҳлил карданд ва барои бартараф сохтани онҳо пешниҳоду таклифҳои худро иброз доштанд. Ба ин ҷараён барои кумакрасонӣ ба ҷавонон мутахассисони соҳа низ ҷалб карда шудаанд.
Дар тӯли чорабинии панҷрӯза аз тариқи қаробат пайдо кардани саъю ҳаракатҳои экологии ҷавонони Осиёи Марказӣ стратегияи маданияти экологии минтақавӣ ва бисёр дигар лоиҳаҳо коркард хоҳанд шуд. Ин лоиҳаҳо ба Конвенсияи СОП 28 - оид ба дигаргунии иқлим, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб воқеъ мебошад, пешниҳод карда мешаванд.
– Мо ҷустуҷӯҳоро дар чаҳор гурӯҳ оғоз кардем, – мегӯяд экофаъоли ҷавони қароқалпоқистонӣ Нурҷаҳон Жадигирова. – Ман бобати ба таълими томактабӣ дохил кардани лоиҳаи омӯзиши маданияти экологӣ кор мебарам. Мавриди зикр мебошад, ки тамоми иштирокдорони анҷуман фаъолнокии хуб намоиш медиҳанд. Гуногунрангии фикру ғояҳо имкон медиҳад, ки муаммои мазкур аз самтҳои мухталиф омӯхта ва роҳҳои ҳаллу фасли он пайдо карда шавад. Нақшаҳоямон бузург аст ва мо баҳри ба ҳаёт татбиқ сохтани онҳо аз таҳти дил саъю ҳаракат дорем.
Дар доираи барнома бо иштироки коршиносони байналхалқӣ машваратҳо, вохӯриҳо ва мувофиқи стратегияи дахлдор муҳокимаҳо ташкил карда хоҳанд шуд.
Ғ. ҲАСАНОВ,
хабарнигори ӮзА.