ПАРТИЗАНЕ, КИ ФАШИСТРО ВАҲМОНД

Солҳое, ки мактабхон будем, қаҳрамонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Тешабой Одилов ва Солеҳҷон Олимов, ки аз Сӯх баромадаанд, дар қайди ҳаёт буданд.

Солҳое, ки мактабхон будем, қаҳрамонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Тешабой Одилов ва Солеҳҷон Олимов, ки аз Сӯх баромадаанд, дар қайди ҳаёт буданд. Дружинаи пионериамон номи Амиралӣ Саидбековро дошт, ки низ аз деҳаамон баромада ва дар яке аз қабристонҳои бародарии Аврупо ба хоби абадӣ рафтааст. Дар пешлавҳе роҳи ҳаётӣ ва ҷангии ӯ сабт ёфта буд. Дар болои лавҳ сурати қаҳрамон, дар сари синаи  вай ситораи тиллои қаҳрамонӣ медурахшид.
Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 25 нафар диловарон аз вилояти Фарғона бо унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» тақдиронида шудаанд. Дар бачагиамон Сӯх ба ноҳияи Риштон нигоҳ мекард. Амиралӣ Саидбеков қаҳрамонона ҷон супурда бошад, Мамадалӣ Топиболдиев ва Тӯхтасин Аҳмедов, ки низ аз Риштон баромада ва Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ буданд, сиҳату саломат кору зиндагӣ карда, дар фронти меҳнатӣ мардонагӣ нишон медоданд.
Ибтидои моҳи майи соли 1969. Баҳри истиқболи сазовори 24-солагии Пирӯзии бузург аз болои фашизм омодагӣ дида мешуд. Ман дар синфи сеюм мехондам. Ҳарчанд хурдсол будам ва аз байн солҳои зиёд гузаштанд, чӣ тавр тайёрӣ дидани мактаби мо низ баҳри тантанавор таҷлил сохтани Ғалаба ҳамон дар пеши назарам. 7 май нохост хабари нохуш ба гӯшҳо расид ва дилҳоро ба ларзиш овард: Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Мамадалӣ Топиболдиевро куштаанд... Дар бораи чӣ тавр ва бо чӣ мақсад ба ҷони қаҳрамон қасд кардани нобакоре ҳар хел овозаҳо ба гӯш мерасиданд. Қотил ба айби худ иқрор ва ба муддати тӯлонӣ «ҳабс» шуд. Як тракторрони оддӣ буду М.Топиболдиев раиси хоҷагӣ.
Мегуфтанд, корномаҳои бемисли М.Топиболдиев дар бешазорҳои Белорус ба сарони Гестапо дар Берлин ва ҳатто ба фюрер маълум буд. Бале, шахсан Гитлерро ҳам ҷасорату матонати ҳамватани мо ба воҳима андохта ва ба сари ӯ 50 ҳазор маркаи немисӣ, ки он вақт қурби баланд дошт, ваъда карда буд. Чӣ қадар каллабурҳо аз паяш афтоданд, вале ба мақсад нарасиданд. Тири чӣ қадар пулемёту тӯпу танкҳои душман ба нишон нарасиданд. Чанд бор зери бомбаборон монд қаҳрамони мо, таркишҳо ҷуссаашро ба ҳаво афканданд, ба хун печид, таҳи хок монд. Хусусан, дар яке аз набардҳои сахт дар назди шаҳри Борисов ҷароҳати вазнин бардошт ва асир афтод. Агар филми бадеии «Суруди фаромӯшнашуда»-ро дида бошед, азобу шиканҷаҳои Мамадалӣ Топиболдиев ва асирони дигарро дар лагерҳои ҷазодиҳандаи фашистӣ (нақши қаҳрамони лавҳаи моро  ҳунарпешаи номӣ Рустам Саъдуллоев бозидааст) тасаввур карданатон мумкин.
Вале дар асорат низ М.Топиболдиев тан ба тақдир дода нанишаст. Роҳҳои зарба задан ба фашистон, торумор сохтани онҳоро ҷуст. Душманро ба ғафлат гузоштаву симхорҳоро бурида, чанд нафар таҳти сардории ӯ аз асирӣ гурехтанд ва боз ба сафҳо баргаштанд. То поёни ҷанг, ҳамин тавр, чун ҳаёти дигар ҷанговарон таҳти хавфу хатари ҷиддӣ монда буд ҳаёти ӯ. Вале, хушбахтона, сиҳат ва саломат ба зодгоҳ баргашт. Дубора таваллудшудагон мегуфтанд аз фронт баргаштаҳоро. Баъдтар ҷароҳатҳои ҷангӣ аксарияти фронтчиёнро аз по афканд, ҳаёташонро хазон намуд. Вале М.Топиболдиев ҳамон бақувват буд, кори чанд ҷавонмардро мекард, хоҷагии калони ба парвариши пахта махсусонидашударо пеш мебурд. Чӣ шуд, ки аз ҳамлаи як ақлбохта «бабри осиёӣ» (бале, ҳамин хел мегуфтанд ӯро) худро муҳофизат карда натвонист, чанд зарби корд ба ҳаёташ нуқта гузошт...
Он асно хурдсол будам, ӯзбекиро нағз намефаҳмидам, вале таъзияномаро дар рӯзномаи ноҳиявии «Риштон ҳақиқати» бо қалби пуризтироб чанд бор хонда баромаданам, аз сурати қаҳрамон соатҳо чашм наканданам ҳамон дар хотир ва пеши назарам.
М.Топиболдиев модархонд дошт дар Белорус – Ганна Василевна. Хабари фавти фоҷианоки писархондашро шунида, дарҳол расида омад вай. Чун модаре, ки писари ҳақиқиаш фавтидааст, ашк рехт, нолаҳо кард. Ба қабристон рафтану дар маросими ба қабргузорӣ иштирок кардани занҳо ба одатҳои мо хос нест. Вале ба Ганна Василевна иҷозат доданд писарашро худаш ба қабр гузорад.
Дар Белорус духтареро дӯст дошта ва бо ӯ оила сохта буд М.Топиболдиев. Номаш Лидия. Духтар ёфта ва Валентин ном гузоштанд. Лидия Корнилова ҳоло дар қайди ҳаёт нест, Валентин зинда аст, дар Қазоқистон умр ба сар мебарад. Вақте Валентин ба Риштон меояд, аҳли деҳа ӯро чун нишони аз ҳамдеҳаи диловарашон монда самимона истиқбол менамоянд.
Боз як факти ҷолиб. М.Топиболдиев бо ҳамполкҳо, ки дар сангарҳои оташфишон якҷоя размидаанд, меҳри зиёд дошт. Онҳо низ бародарвор ӯро эҳтиром мекарданд. 
Зуд-зуд ба дидорбинии якдигар мешитофтанд. Наздикони ду нафар ҷанговарони собиқ вафот карда ва онҳо тамоман бекас монданд. Дар зодгоҳи худ нишаста натавонистанд ва гуфтанд, ба Риштон меравем, ба хонаи Мамадалӣ. Бекасиамонро вай номаълум карда ва ба дардамон даво шуданаш мумкин. М.Топиболдиев ҳамполкҳоро гарм пешвоз гирифт, барояшон манзил ёфт, ба ҳамдеҳагон гуфт маро чӣ қадар ҳурмат кунед, ин ду нафарро низ, ки акнун риштонианд, ҳамон андоза эҳтиром намоед. Николай Афаненко ва Иван Грошин солу моҳҳои охири ҳаёти худро дар оғӯши меҳри риштониён хотирҷамъ гузаронданд. Вақте вафот карданд, ба маросими дафни онҳо М.Топиболдиев сару бар гашт. Чи қадар қудрат дошт ваҳдат дар солҳои собиқ иттиҳод, ки воқеан дарахти дӯстӣ гул-гул мешукуфт, дӯстии халқҳо бо риштаҳои меҳр миллатҳоро ба ҳам мепайваст.
Чӣ хуб, ки дар давраи нави таърихӣ яхҳо ба оҳистагӣ об ва баҳри боз ба якдигар майл сохтани халқҳо имконот фароҳам меоянд.
М.Топиболдиев солҳои панҷоҳум ва шастуми асри сипаришуда дар ободгариҳо саҳми муносиб гузошт, ба мумфарш гардонидани роҳҳо, бинои нави мактаб ва объектҳои маишӣ, нуқтаҳои савдо, хонаи маданият дар деҳаи Зоҳидон сабаб гардид. Дар давраи раисиаш Зоҳидон ба шаҳрчаи ҳақиқии сабзу хуррам табдил ёфт.
Баъди вафоташ дабистони таълими умумии рақами 27-умро  ба номаш гузоштанд. Бо қарори махсус номи мактабҳоро бардошта ва рақамҳо монданду халос. Вале ба номи М.Топиболдиев ба тариқи мустасно дахл накарданд. Дар саҳни мактаб бюсти қаҳрамон гузошта шудааст. Ба зери ёдгорӣ ҳамеша гулҳои тару тоза гузошта, хотираи ҳамдиёри шарафмандашонро пос медоранд мактабиён. Дар мактаб Хона-музейи «Шаъну шараф» ташкил карда шудааст. Қатори дигарон шуъбаҳои дар тасарруфи корҳои мудофиаи вилояти Фарғона қарордошта ба бой шудани экспонатҳои осорхона ҳисса мегузоранд. Саҳифаҳои таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳониро ин ҷо варақ задан, симои азизи қурбониён ва собиқадорони ҷангро, ки аз Фарғона баромадаанд, пеши назар овардан мумкин. Ҳаёт ва муборизаи қаҳрамони ҷангу фидоии майдони меҳнат М.Топиболдиев бошад, бештар намунаи ибрат.
Вай воқеан дар бешазорҳои воқеъ дар вилоятҳои Могилевский ва Витебскийи Белорус шермардӣ кард, чун фармондеҳи отряди разведкавии рақами панҷум душвортарин супоришотро ба иҷро расонд, бригадаи партизании «Чекист»-ро шуҳратманд сохт, лақаби партизаниаш «Казбек» буд. Панҷ эшелони душманро тарконд, 73 нафар фашистро замин газонд, як генерали немисро асир гирифт. 15 августи соли 1944 ба ӯ унвони олии қаҳрамонӣ дода шуд.
Ҳамватанамон М.Топиболдиевро Белорус низ фарзанди азиз мешуморад, яке аз деҳаҳо дар ин ҷумҳурӣ Топиболдиевка ном гирифтааст.

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: