МОДАР, ЗИ БУЗУРГӢ САРУ ПОИ ТУ НИГИН АСТ...

Оре, зан азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст.

Аз ҳастиаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноии модар касро зинату самар ва болу пар мебахшад.
Такя бар вуҷуди ҷаҳону инсонофарини Зан-Модар такя бар Яздони пок аст. Зан ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун неъмати бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Аз ин офаридаи бузурги ӯ замину осмон ва ҳамаи ҳастии олам пур аз равшанию нур ва ҳастии рӯҳу ҷон мегиранд. Ҳастии бузурги модар ҳамаи афзалиятҳои зиндагиро сабабгор аст. Шоире фармудааст:
Хуршед ниҳам ном туро ё ки ҷаҳонтоб?
Модар, зи бузургӣ сару пои тy нигин аст.
Бар гӯш расад аз тy садое хушам он рӯз,
Эй хуш, бувад он рӯз садоят ба танин аст.
Зан-Модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Офтобест, ки лаҳзае аз болои кӯҳе баромада, дунёро равшанию ҳаёт мебахшад.
Зан-Модар ба гуфтаи бузургон бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад. Барои ботарбия ба воя расонидан ва баобрӯ гардиданаш кӯшиши зиёде мекунад. Даме тифлаш роҳгардон мешавад, модар мефахрад, даме, ки аввалин сухани бузург – «Модар»-ро ба забон меорад, модар бештар хушҳол мегардад, ки чун муъҷизоти пурафзуни инсони комилро офаридааст. Занон – модарон дар қатори тавлиду тарбияи фарзанд боз бисёр вазифаҳои пурмасъулро ба дӯш доранд. Онҳо, бахусус занони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ кору фаъолият мекунанд. Дар қатори мардон истода, ба оила мададгор мегарданд. Зани тоҷик имрӯз ронанда, бофанда, пазанда, духтур, муҳандис, роҳбар, тоҷир аст:
Гаҳе бинам, ки чун тоҷир тy дap 
бозор мегардӣ,
Гаҳе бинам ба беморе табибу ёр мегардӣ.
Гаҳе бинам, ки медӯзӣ ба тифлат 
ҷомаву дастор,
Гаҳе бинам ба ёрат мунису ғамхор 
мегардӣ.
Яке аз чунин модарони заҳматкаш, пурдида ва дурандеш момои Хурсаной мебошад. Ӯ сокини деҳаи Камонгарони ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд дар муҳити вазнини кӯҳсор ҳамроҳ бо бобои Набӣ 11 нафар фарзандро ба дунё оварда тарбият намудааст. Мо дар хонаи ин зани меҳмондӯсту кушодачеҳра меҳмон шудем. Бо самимияту меҳру муҳаббат барои мо суфра орост ва бо суханҳои модаронааш, панду насиҳати ҳаётиаш, аз рӯзҳои гузаштааш, ки моломоли дард, ғаму ғусса ва дар навбати худ шодию сурур иборат буданд, нақл карда, дили моро тасхир намуд.
– Абдуҳамид гуфт, ки «очаҷон, имрӯз бо ҳамкурсон вохӯрӣ дорем, ба хатми донишкада 41 сол пур шуд. Ҳамкурсонам аз Бухорою Навоӣ, Сирдарёву Тошканд, Фарғонаю Намангон меоянд, дар саҳни Регистон ҷамъ мешавем. Баъди зиёрати қадамҷойҳои муборак онҳоро мехоҳам ба хона даъват намоям. Шумо чӣ мегӯед?» – гуфт ҳангоми суҳбат момои Хурсаной. – Ман хурсанд шудам, охир барои чӣ хурсанд нашавам. Ҳамсабақони азизи фарзандам меҳмон мешудаанду ман чаро не гӯям. Хонаҳо васеъ, арӯсон чаққону хушмуомила. Хизмат мекунанд. «Меҳмон бо ризқаш меояд» ё «Одам бо одам зинда аст» гуфтаанд.
Дар ҳақиқат, ҳавлии Абдуҳамид дар шафати кӯҳ ҷойгир буда, васеъ, сердолу дарахт. Аз поёни ҳавлӣ боз иморати зебое месохтанд, кори устоҳо дар авҷ буд. Ҳамсари Абдуҳамид апаи Мубарро дар сари дег ҷунбуҷӯл дошт, наберакелин Моҳигул дар танӯр нон мепухт. Дар пешайвон тӯрбаҳои чормағз болои ҳам мехобиданд. Набераҳо ҷамъ шуда, чормағз мешикастанд, чормағзро чунон моҳирона мешикастанд, ки мағзҳо бутун мебаромаданд.
– Бо аҳли оила чунин тарзи соҳибкориро ба роҳ мондем. Писарам Аброрҷон соҳаи савдоро интихоб намуд. Чормағз, ғӯлинг, қоқи меваи мухталиф, зиравориро дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷ мефурӯшад. Шукри беадад, зиндагии осуда, ором ва фаровон дорам, ки ин хушбахтиям бо шарофати сабру дурандешии модари азизам насиб гардидааст. Модари 85 солаам дуогӯйи фарзандон ва аҳли деҳа мебошанд. Бо току ангурпарварӣ, тамокую пиллапарварӣ, чорводорӣ, кӯрпадӯзию гилембофӣ барин меҳнати машаққатноки замони худ фарзандонашонро ба воя расондаанд, – мегӯяд омӯзгори мактаби рақами 49-уми  ноҳия Абдуҳамид Ғаниев.
Оре, меҳри модарро ягон мавҷудоти дигар, ки моро ҳастию ҷон бахшидаанд, ҷойгир буда наметавонад.
Зеро ӯ ободгару рӯҳбахши ҳаёт аст. Ҳар ҷо ки ӯст, аз он ҷо бӯйи гулу гиёҳ меояд:
Он ҷо ки туӣ модар, он ҷой гулистон аст,
Он ҷо ки набошӣ тy, як манзили вайрон 
аст.
Аз меҳри шарарборат, равшан шавад ин 
олам,
Дурию фироқи тy, сӯзест, ки дap ҷон аст.
 
Саодат БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
.                           

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: