БА ШАРОФАТИ ИРОДАИ СИЁСӢ ВА ТАЛОШҲОИ МУШТАРАКИ РАҲБАРОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ЧИН МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБА ДАР ТАМОМИ СОҲАҲО БА САТҲИ БЕСОБИҚА БАРОМАДАНД

Сафари серӯзаи давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Чин пурмаҳсул ва пурсамар гардид. Мулоқот бо раҳбари Чин Си Сзинпин, аъзои раҳбарияти кишвар, намояндагони ниҳодҳои молӣ, бунёдҳо ва доираҳои соҳибкорӣ ва тавофуқоти дар натиҷаи онҳо ҳосилшуда, ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ аз оғози марҳилаи нав дар фаъолияти равобити ду давлат дарак медиҳад.

Таҳлилгарон ҳамчунин бар ин назаранд, ки ин раванд ба ҳамкориҳои Чин бо минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар фазои иттиҳодияҳои байналмилалӣ таъсири мустақими мусбат мерасонад.
Директори генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Хусрав Нозирӣ:
–  Барномаи ғанӣ ва пурмазмуни чорабиниҳои дуҷониба дар ҷараёни боздид аз ҳавасмандии ду кишвар ба таҳким ва густариши минбаъдаи шарикии бисёрҷанбаи стратегӣ шаҳодат медиҳад.
Махсусан, суръати баланди рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни Ӯзбекистон ва Чин, инчунин манфиатдории Пекини расмӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Ӯзбекистон ҳамчун як кишвари калидии СҲИ  қобили таваҷҷуҳ аст. Ёдовар мешавам, ки Чин шарики асосии тиҷоратии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад.
Мулоқоти Президенти Ӯзбекистон бо раҳбарони ширкатҳои бонуфузи Чин ва ниҳодҳои бонкиву молӣ аз зарфиятҳои бузург дар равобити дуҷониба ва имконоти ояндадор барои густариши равобит  ва иртибототи тиҷоратӣ, фаъолсозии сармоягузориҳои мутақобила ва афзоиши тиҷорати мутақобила шаҳодат медиҳад.
Дар ин замина, мехоҳам қайд намоям, ки иштироки ширкатҳои чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои технологияҳои олӣ, электротехника, саноат, инфрасохтор ва энергетика ба рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва беҳбуди вазъи некуаҳволии мардуми кишвар хидмат мекунад. 
Итминон дорам, ки сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Чин шарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаро таҳким бахшида, онро бо ташаббусу ҳадафҳои нави амалӣ ба хотири некуаҳволӣ ва шукуфоии кишвару минтақаҳо ғанӣ мегардонад.

Коршиноси пешбари Фонди илм ва сиёсати Олмон Якопо Пепе (Олмон):
– Муносибатҳои хуб бо Чин барои Ӯзбекистон, инчунин барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Чин ҳамчун як бозори фурӯш, манбаи технология ва сармоягузорӣ ва ҳамчунин шарики муҳими сиёсати хориҷӣ, бахусус дар шароити вазъи Афғонистони ҳамсоя нақши калидӣ дорад.
Наздикии ҷуғрофӣ ва пайвастагии афзояндаи инфрасохторӣ аз таваҷҷуҳи Чин ба Ӯзбекистон, аз ҷумла дар чунин соҳаҳо ба мисли  энергетика, саноат, кишоварзӣ ва логистика шаҳодат медиҳад.
Дар Пекин раҳбарон як нуктаро иброз доштанд, ки имкон дорад дар ояндаи наздик ин рақамро ба 20 миллиард доллар расонанд. Ҳаҷми сармоягузории Чин ба иқтисодиёти Ӯзбекистон низ ба маротиб афзоиш ёфта, теъдоди корхонаҳои муштарак афзуда, ҳамкориҳо миёни манотиқи ду кишвар фаъолтар шудааст.
Дар музокирот дар Пекин ҷонибҳо аҳамияти оғози зудтари сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон»-ро, ки барои табдили ҷузъи муҳими пули фароминтақавӣ ва транзитии нақлиётӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» пешбинӣ шудааст, таъкид карданд. 
Олмон, албатта, ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистонро оид ба  инкишоф додани пайвастагии нақлиётиву коммуникатсонӣ, ки ба мустаҳкам намудан ва вусъат додани алоқаҳои байни халқҳо на танҳо дар Роҳи бузурги абрешими қадим, балки умуман байни Аврупо ва Осиё нигаронида шудааст, дастгирӣ мекунад.
Олмон ва Иттиҳоди Аврупо омодаанд, ки Ӯзбекистонро дар самти татбиқи сиёсати мутавозини хориҷӣ дастгирӣ кунанд ва дар ин замина амиқтар кардани ҳамкориҳои Ӯзбекистону Чинро ангезаи фаъолгардонии сиёсати шахсии мо нисбати кишвари шумо ва дар маҷмӯъ Осиёи Марказӣ мешуморад.

Ходими калони илмии Донишкадаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои Русия ба номи Е.М.Примаков Станислав Притчин:
– Сафари Президенти Ӯзбекистон ба Чин дар пасманзари рушди хеле мунтазами босуръати савдои мутақобила, робитаҳо ва умуман ҳамкориҳои ду кишвар сурат гирифт.
Ин манфиатҳои  Ӯзбекистонро инъикос менамояд, ки  кӯшиш мекунад, сиёсати хориҷӣ ва алоқаҳои иқтисоди  хориҷиро ҳарчи бештар диверсификатсия кунад, савдои байниҳамдигарӣ, ҷалби сармояро фаъол гардонад. Аз ин лиҳоз, ҳамкорӣ бо Чин бо дарназардошти миқёси иқтисоди кишвар ва дурнамои пешвоии он дар иқтисоди ҷаҳонӣ яке аз истиқболноктарин маҳсуб мешавад.
Дар ҳамин ҳол, барои худи Чин бо назардошти аҳамияти геосиёсӣ, иқтисодӣ ва демографии Ӯзбекистон, ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз такягоҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Робитаҳои пуршиддат дар сатҳи олӣ ба таври мунтазам сурат мегиранд, ки ин бори дигар таваҷҷуҳ ва муносибати стратегии Чинро ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ тасдиқ мекунад.
Бо дарназардошти нақшаҳои модернизатсия ва рушди иқтисодиёти Ӯзбекистон ин самт яке аз самтҳои ояндадортарин дар фаъолияти иқтисоди хориҷии кишвар ба шумор меравад.

Директори иҷроияи Донишкадаи «KingsleyStrate-gicInstitute»-и Малайзия Макс Сей:
– Вазъи кунунии муносибатҳои Ӯзбекистону Чин ба таври анъанавӣ ба сатҳи баланди эътимод хос буда, модели намунавии ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Мисоли равшани ин муколамаи мунтазами сиёсии раҳбарони ду давлат ва сатҳи бадастомадаи шарикии стратегӣ мебошад.
Боиси хушнудист, ки дар паи сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Пекин дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту логистика, ҳамкориҳои илмию техникӣ ва байниминтақавӣ бастаи муҳими ҳуҷҷатҳо ба имзо расид.
Аз ҷумла, созишномаҳо дар бораи воситаҳои молиявии дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ифтитоҳи намояндагии минтақавии Эксимбонки Чин барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд ва бунёди муштараки «Роҳи абрешими ҳавоӣ» сазовори таваҷҷуҳи махсус аст.
Бешубҳа, татбиқи созишномаҳои ҳосилшуда ба нашъунамои минбаъдаи иқтисодиёт ба манфиати халқҳои ҳар ду мамлакат мусоидат мекунад.  
  
 АИ «Дунё»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: