Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпинро ба муносибати 70-солагии зодрӯзаш табрик кард

Дар табрикоти Сарвари давлатамон аз ҷумла гуфта мешавад:

«Таҳти роҳбарии бевоситаи Шумо халқи дӯсти Чин дар солҳои охир ба муваффақиятҳои бесобиқа ноил гардид. Ислоҳоти васеъмиқёс барои аз камбизоатӣ баровардани аҳолӣ, барҳам додани қашшоқӣ, анҷом додани равандҳои сохтмони ҷомеаи мутаносиби шукуфоӣ самаранок амалӣ карда мешавад.

Қайд кардан мехоҳам, ки ба шарофати таваҷҷуҳи шахсии Шумо муносибатҳои Ӯзбекистону Чин ҳарчӣ бештар таҳким ёфта, ба зинаи сифатан нав мебароянд.

Натиҷаҳои сафари давлатии ахири ман ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва гуфтугӯҳои пурмазмуни мо дар чаҳорчӯби нахустин нишасти сарони кишварҳои "Осиёи Марказӣ ва Чин", ки дар Сиан баргузор шуд, бешубҳа ба таҳкими шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мусоидат хоҳад кард.

Президенти мамлакатамон Раиси Си Сзинпинро ба сафари расмӣ ба Ӯзбекистон даъват намуда, ба ӯ умри дароз, саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ, дар фаъолияти хеле масъулиятнок ва пуршарафи давлатӣ комёбиҳои нав ва ба мардуми Чин сулҳи дарозмӯҳлат, беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзу намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: