Амири Қатар бо сафари корӣ ба Ӯзбекистон меояд

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ барои ширкат дар маросими тантанавии супурдани Ҷоизаи олии байналмилалии мубориза бо фасод 19 декабр ба шаҳри Тошканд сафари корӣ анҷом медиҳад.

Ҷоиза, ки  бо ташаббуси Амири Қатар таъсис ёфтааст, аз соли 2016 ба ин сӯ ҳамасола ба шахсиятҳои маъруфи ҷамъиятӣ, коршиносон ва рӯзноманигорон ба хотири эътирофи талошҳои онҳо дар мубориза бо фасод дар сатҳи ҷаҳонӣ супурда мешавад.

Мувофиқи барномаи сафар музокироти сатҳи олӣ низ сурат мегирад.

Масъалаҳои татбиқи амалии созишҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Қатар 1-2 октябри соли равон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башаррдӯстӣ ҳосил шуда буданд, баррасӣ хоҳанд шуд. Инчунин оид ба рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: