Миёни мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз 50 санад ба имзо расид

Имрӯз дар шаҳри Тошканд Анҷумани дуюми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард, ки аз ҷониби Вазорати маориф, илм ва инноватсия дар заминаи Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд 15-16 апрели соли равон баргузор мешавад.

Дар натиҷаи ҷаласаи умумии форум миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар беш аз 50 созишнома, ёддоштҳои тафоҳум ва харитаи роҳ ба имзо расид.

Дар ҳуҷҷатҳо табодули академии омӯзгорону донишҷӯён бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, ташкили равандҳои таълимии мутақобила дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва касбӣ, такмили ихтисоси профессорону омӯзгорон, табодули таҷриба, таҷрибаомӯзӣ, конфронсҳои илмӣ, иштирок дар ҳимояи рисолаҳо, баргузории шӯроҳо, нашри мақолаҳои олимони ду кишвар дар маҷаллаҳои илмӣ, иштирок дар лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва ғайра пешбинӣ шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: