ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ – МАСЪАЛАИ МУҲИМ

Ёдгориҳои таърихӣ мероси гаронбаҳои мадании мардуми мост.

Тоқу мадраса, масҷиду манора, мақбараю зиёратгоҳҳои шаҳрҳои кӯҳнаи мамлакатамон диққати оламиёнро беш аз пеш сӯи худ мекашад. Ҳоло дар шаҳри Бухоро  қариб ҳазор объекти мероси маданӣ мавҷуд буда, баҳри таъмиру таҷдид ва нигаҳдории онҳо эътибор беш аз пеш афзудааст. 
Қарори 110-уми Девони Вазирон аз 10 марти соли 2022 «Дар бораи чораю тадбирҳои инкишоф додани инфрасохтори объектҳои сайёҳӣ ва мероси маданӣ дар соли 2022» дар Бухоро дар 23 объекти таърихӣ ҷараёни корҳои таъмиру таҷдид ва консерватсия ба амал омад. Соли ҷорӣ дар 37 чунин объект гузаронидани корҳои барқароркунӣ дар назар дошта шудааст. Барои татбиқёбии ин корҳо  устоҳои пурмалака лозиманд. Аз ин ҷиҳат омӯхтани таҷрибаи байналхалқӣ ва ба амал татбиқ намудани он ба мақсад мувофиқ аст. Видеомулоқоти ҳокими вилояти Бухоро Ботир Зарифов бо ҷонишини директори Институти тадқиқотҳои маданият ва санъати назди Донишгоҳи Теҳрон Сиёвуш Собири Коҳкӣ, профессори Донишгоҳи Теҳрон Ҳаначӣ, ҷонишини директори Агентии мероси мадании Ӯзбекистон Шӯҳрат Маҳмудов ва масъулони дигар, ки 10 июли соли ҷорӣ сурат гирифт, ба ҳамин масъала дахл дошт. Ҳокими вилоят таърихи зиёд доштани ҳамкориҳои амиқи байни шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хева, Шаҳрисабз ва ғайраро бо шаҳрҳои Исфаҳон, Машҳад, Шероз, Ҳамадон, Язд бобати бунёди мадрасаю масҷид ва таъмири онҳо таъкид намуд. Ҳоло бошад робитаҳоямон дар ин бора ва сайёҳӣ бо шаҳри Ҳамадон вусъат меёбад. Ҳамкориҳои тарафайн, таҷрибаивазкуниҳо имкон медиҳанд, ки усулҳои самаранок ба амал татбиқ гарданд.
Сиёвуш Собирӣ чанде пеш ба Бухоро омада, бо объектҳои мероси мадании Бухоро шинос шуданашро гуфт. Вай таъкид намуд, ки дар Бухоро бобати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ хидматҳои арзанда кардаанд. Бо вуҷуди ин ҳангоми таъмири объектҳои таърихӣ солҳои охир истифода аз семент ва бетон боиси шӯрзании дарун ва беруни бино гаштаанд.
– Танҳо бо истифода аз ашёи табиии сохтмон объекти таърихиро аз фарсудашавӣ нигоҳ доштан мумкин аст, – изҳори ақида намуд вай.
Ҳангоми мулоқот бобати ислоҳ ва пешгирӣ кардани норасоиҳо мубодилаи афкор ба амал омад.
Дар охир оиди ба таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихии Бухоро ҷалб намудани устоҳои пуртаҷрибаи Эрон аҳду паймон карда шуд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: