Дар маҳаллаи Лалмикор буттамеваҳои дар бозоргир парвариш карда мешаванд

  • Дар маҳаллаи Лалмикор буттамеваҳои дар бозоргир парвариш карда мешаванд

Президент Шавкат Мирзиёев ба маҳаллаи Лалмикори ноҳияи Зарбдори вилояти Ҷиззах ташриф овард.

Дар ин ҷо зиёда аз 3,7 ҳазор нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» маҳалла обод гардонда, дарахт шинонда шуд.

Маҳалла ба зироаткорӣ ва чорводорӣ махсус гардонда шудааст. Дар ҳар кадоми 668 хонавода қитъаи наздиҳавлигӣ ҳаст. Ғайр аз ин ба сокинон 126 гектар замин барои кишт ҷудо карда шудааст.

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 марти соли ҷорӣ ҷиҳати ба кор андохтани захираҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти серталаб дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Сарвари давлат ин корро аз назар гузаронд.

Ҳамин тавр, дар маҳалла барои парвариши буттамева майдончаи таълимӣ ташкил карда шудааст. Дар ин ҷо ниҳолҳои марминҷон, малина ва кабудбутта тайёр карда, баъд дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ шинонда мешаванд. Пас аз ҷамъоварии ҳосил маҳсулотро содиркунандагон харид мекунанд.

Президент аҳамияти ба соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ омӯзондани парвариши хушсифати ин меваро қайд кард. Доир ба тавсеаи лоиҳа, ҳамкории самарабахши соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ ва бонкҳо дар баланд бардоштани қобилияти харидории аҳолӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: