ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ШӮРОИ ТУРКӢ ИШТИРОК МЕКУНАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11-12 ноябр барои ширкат варзидан дар чорабиниҳои навбатии ҳамоиши Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон, ки дар шаҳри Истанбул баргузор мегардад, ба Ҷумҳурии Туркия ташриф меорад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Шавкат Мирзиёев 11-12 ноябр барои ширкат варзидан дар чорабиниҳои навбатии ҳамоиши Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон, ки дар шаҳри Истанбул баргузор мегардад, ба Ҷумҳурии Туркия ташриф меорад.  
Аз рӯзномаи мулоқоти ояндаи сатҳи олӣ масъалаҳои густариши робитаҳои бисёрҷанба дар доираи Шӯро, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, «иқтисоди сабз», технологияҳои рақамӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, инчунин табодули фарҳангӣ-гуманитарӣ ҷой гирифтаанд. Масъалаҳои такмили минбаъдаи фаъолияти ташкилот низ баррасӣ мешаванд.
Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш қабули ҳуҷҷатҳои муштарак, ки ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ ва амиқсозии ҳамкориҳои бисёрҷониба дар самтҳои афзалиятнок нигаронда шудаанд, дар назар аст.
Дар барномаи сафари сарвари давлатамон инчунин баргузор намудани як қатор мулоқотҳои дуҷониба дар шаҳри Истанбул пешбинӣ шудааст.
Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон соли 2009 ба мақсади пеш бурдани муносибатҳои ҳамаҷониба байни кишварҳои узви ин сохтор таъсис ёфта буд.
Айни замон аъзои Шӯро Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Кишвари мо ба ин созмон соли 2019 ҳамроҳ шуд. Венгрия дар Шӯрои туркӣ мақоми нозир дорад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: