ХАЗИНАИ ИЛМИ НИЁГОН

Омӯхтан ва ба хати имрӯза баргардондани дастнависҳои қадима аз корҳои шоёни олимони мост, ки маҳз туфайли ин заҳмати фаровони онҳо мо аз асрори илми ниёгон, афкори баланди гузаштагони худ хабардор мегардем.

Пас аз он, ки алифбои зиёда аз ҳазорсолаи миллати мо тағйир дода шуд, миёни гузаштагону имрӯзиён монеа ба вуҷуд омад ва робитаҳо халал ёфтанд. Имрӯз барои пур кардани ҳамин холигоҳ олимони мо кӯшиш мекунанд.


Президент Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 9 апрели соли 2019, ҳангоми зиёрати мақбараи Султон Содот, ки дар қарибиҳои шаҳри Тирмиз ҷойгир аст, аз аҳли илм даъват карда буд, ки осори гузаштагонамонро хубтар омӯзанд ва ба алифбои кунунӣ баргардонӣ намуда, дар хидмати умум қарор диҳанд. Баъд аз ин саъю ҳаракати аҳли илм дар ин самт зиёд гашт. 
Аз ҷумла, чунин талошҳо дар Донишгоҳи давлати Самарқанд бо номи Шароф Рашидов ҳам бештар шуданд ва ҳоло олимони зиёд ба омӯзиши дастнависҳои куҳна машғуланд. Соҳаҳои манбаъшиносӣ, матншиносӣ, тарҷума, замоншиносии осори қадима бештар рушд мекунанд. Бояд гуфт, ки дар Донишгоҳи давлати Самарқанд китобхонаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ мавҷуд аст, ки аз оғози таъсиси донишгоҳ амал мекунад. Китобхона шуъбаи дастхатҳо низ дорад ва дар он зиёда аз 12 000 осори нодир ҳифз мешаванд. Ин китобҳо ба соҳаҳои гуногуни илм мутааллиқанд.
Дастнависҳои қадимаи мазкур бо забонҳои арабӣ, форсии тоҷикӣ ва туркӣ навишта шудаанд. Масалан, рисолаи Муфтии Самарқандиро (рақами инвентариаш 1259609) метавон мутолиа намуд, ки барои олимони ҳуқуқшинос аҳамияти калон дорад.
Устод Муҳаммадхон Бузруков дар хусуси як китоби дигар ҳарф заданд, ки номаш «Рисолаи Алии Қушчӣ» буда, ба илми риёзиёт – математика бахшида шудааст. Ӯ гуфт, ки қадимтарин маъхази он ба асри XIV тааллуқ дошта, асари Разиуддин Абулфайз ал-Ҳусайн бин Муҳаммад бин ал-Ҳусайн ас-Соғонӣ мебошад. Ин китоб ба забони арабӣ навишта шудааст.  Инчунин асари «Тафсири луғати машҳур»-и олими араб Ҷавҳарӣ  маҳфуз буда, санаи таълифи он 14-уми рамазони соли ҳиҷрии 706 қайд шудааст, ки ба моҳи марти соли 1307 милодӣ рост меояд. Чунин осори гаронбаҳову омӯхтанӣ хеле зиёданд.
Дар шуъбаи дастхатҳои китобхонаи мазкур бисёр манбаъҳои таърихӣ нигоҳ дошта мешаванд. Барои омӯзиши ин дастхатҳо олимон ва тарҷумонҳо шуғл меварзанд, ки устодони донишгоҳ Муҳаммадхон Бузруков ва Фозил Шукуров аз он ҷумлаанд. Аз шакли электронии онҳо олимони хориҷӣ низ истифода мебаранд.  
Хуллас, шуъбаи дастхатҳои китобхонаи ба номи Ҷомии Донишгоҳи давлатии Самарқанд як маркази хазинаи бебаҳост.  

Тӯйчӣ ҚУРБОНОВ, 
донишҷӯйи соли сеюми факултаи филологияи 
Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: