Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мулоқот намуд

  • Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мулоқот намуд

13 сентябр Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мулоқот намуд.

Зимни мулоқот раисони палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Ӯзбекистон  ва Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки рушди ҳамаҷониба ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Узбекистон дар сиёсати хориҷии давлати мо мавқеи афзалиятнок ишғол намуда,  ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи бо ҳам дӯст мебошад.

Таъкид гардид, ки дар давоми  беш аз сӣ сол муносибатҳо байнидавлатии   Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо такя ба заминаи устувори ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд ва бо назардошти эҳтироми манфиатҳои тарафайн аз озмоишҳои зиёд гузашта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.

Имрӯз робитаҳои байни ду давлат дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷорати иқтисодӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар соҳаҳо пайваста густариш меёбад.

Ҷонибҳо ба тавсеаи фаъоли робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин ҳамкории парламентҳои ду давлат дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилаливу байниминтақавӣ таваҷҷуҳи хосса дода, ҳавасмандии худро барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати тақвияти муколамаи байнипарламентӣ ва таъмини рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳои мардумони ду давлат изҳор доштанд.

Ҳамчунин дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи Афғонистон табодули назар карда  шуд.

Пас аз музокироти дуҷониба маросими имзои Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Сенати Олий Мажлиси  Ҷумҳурии Узбекистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки бо имзои Созишномаи мазкур сатҳи муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавсеа ёфта, дар сатҳи Комиссияи доимамалкунанда ба роҳ монда мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: