Муаррифии нақшаҳои рушди технологияҳои иттилоотӣ ба амал омад

  • Муаррифии нақшаҳои рушди технологияҳои иттилоотӣ ба амал омад
  • Муаррифии нақшаҳои рушди технологияҳои иттилоотӣ ба амал омад
  • Муаррифии нақшаҳои рушди технологияҳои иттилоотӣ ба амал омад

Президент Шавкат Мирзиёев 24 декабр бо тақдимоти лоиҳаҳо оид ба рушди соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ шинос шуд.

Технологияҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва қулайӣ дар ҳамаи соҳаҳо хизмат мекунанд. Аз ин рӯ, дар Ӯзбекистон роҳи рушди васеъмиқёси соҳаи мазкур пеш гирифта шудааст. Масалан, дар доираи лоиҳаи «Як миллион барномасоз» дар маҳалҳо зиёда аз 100 мактаби технологияҳои иттилоотӣ ташкил карда шуда, зиёда аз 500 ҳазор нафар ҷавонон аз курсҳои барномасозӣ гузаштанд.

Аз замони таъсиси IT-паркҳо ҳаҷми содироти соҳа 50 маротиба афзуда, ба 40 миллион доллар расид. Шумораи резидентҳои парк аз 147 то 500 нафар расид, зиёда аз 300 корхонаи нав кушода шуд. Дар IT-паркҳо 8500 ҷойҳои кории баландмузд ташкил карда шуданд.

Дар идомаи ин кор нақшаҳои ба зинаи нави тараққиёт баровардани соҳа тартиб дода шуданд. Аз ҷумла, бо барқарор намудани шарикии наздик бо содиргарони бузург то ба 80 миллион доллар расондани ҳаҷми хидмати содирот дар IT-паркҳо ба нақша гирифта шудааст. Пешбинӣ шудааст, ки ҳиссаи иқтисодиёти рақамӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш дода, дар соҳаи хизматрасониҳои электронӣ имтиёзҳо фароҳам оварда шаванд.

Зимни муаррифӣ тадбирҳои дар ин самт пешниҳодшуда баррасӣ шуданд.

Сарвари давлатамон зикр намуд, ки барои дар соли оянда ба 35 фоиз -- то 21 триллион сӯм расондани ҳаҷми хидматрасонии IT ва васеъ гардондани  миқёси  хидматрасонии барномасозӣ тамоми имкониятҳо мавҷуд аст.

Супориш дода шуд, ки кушоиши Маркази зеҳни сунъӣ тезонда, тартиби ҷалб намудани IT-мутахассисон аз хориҷ содда гардонда шавад.

Ба зиммаи Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия вазифаи дар соли оянда 1,8 баробар баланд бардоштани суръати каналҳои интернет ва иловагӣ насб намудани 1 миллион портҳо барои дастрасии фарохмаҷро гузошта шуд. Ин имкон медиҳад, ки тамоми маҳалҳои аҳолинишин бо алоқаи мобилӣ ва интернети фарохмаҷро фаро гирифта шаванд.

Президент таъкид кард, ки технологияҳои нав бояд пеш аз ҳама барои беҳтар кардани бароҳатии зиндагӣ хизмат кунанд. Дар тӯли солҳои охир беш аз 300 хидмати давлатӣ ба шакли электронӣ гузаронда шуда, танҳо дар соли равон аз онҳо  16 миллион дафъа истифода бурданд.

Соли оянда ҳиссаи хидматҳое, ки ба воситаи Портали ягонаи хидматрасонии давлатии интерактивӣ расонда мешаванд, то 60 фоиз меафзоянд.

Дар маросими муаррифӣ дар бораи боз як навоварии дигар - профили шиносномаи рақамии шаҳрванд дар шакли дархости gov pass нақл карданд. Ин замима, ки дар смартфон насб шудааст, дорои версияҳои рақамии бисёр ҳуҷҷатҳо, аз қабили шиноснома, диплом, дафтарчаи корӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ хоҳад буд. Яъне шаҳрванд тамоми ҳуҷҷатҳоро бо худ, дар телефон хоҳад дошт, ки вақту маблағро сарфа намуда, коғазбозӣ ва бюрократизмро коҳиш медиҳад.

Таваҷҷӯҳи махсус ба татбиқи низоми «Шаҳри бехатар» дода шуд. Вазифа гузошта шуд, ки он то соли 2026 пурра ба кор андохта шавад.

Сарвари давлат ҳамчунин дастур дод, ки манбаи маблағгузории чорабиниҳо оид ба рушди соҳа мустаҳкам карда шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: