ҶАРАЁНИ «МАҲАЛЛАБАЙЪ» ДАР НОҲИЯИ ҚАРОКӮЛ

Самарабахш будани усули «маҳаллабайъ»-и корҳоро, ки бо ташаббуси сарвари давлат дар сартосари мамлакат доман паҳн кардааст, рӯзгор исбот мекунад.

 Корбарӣ бо ин роҳ имкон медиҳад, ки масъалаҳои аҳолии ҳудудҳо пурра омӯхта шуда, баҳри бартарафнамоии онҳо чораҳои зарурӣ дида шаванд.  


Ба соҳибкорӣ ҷалб намуда коҳиш додани сатҳи бекорӣ, барои оилаҳо боз намудани роҳҳои даромади оилавӣ, дар муҳити хонадон фароҳам овардани шароити корӣ ба бонувону ҷавонон, кӯмакрасонӣ баҳри рӯиоб баровардани ташаббусҳои ояндадори тадбиркорон барин ҷараёнҳои судовар, бешубҳа, самараи кор бо усули «маҳаллабайъ» аст. Дар маҳаллаҳо ба роҳ монда шудани вазифаи ёрдамчии ҳоким ба дастгирии моддию маънавии оилаҳо, мустаҳкамсозии муҳити соҳибкорӣ, кӯмакрасонӣ ба қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ барин омилҳоро ба марҳилаи нав мебардорад. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар 50 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳияи Қарокӯл 50  ёвари ҳоким ба кор оғоз намуда буд. Онҳо ба ҳар як хонадон даромада маълумоти зарурӣ ҷамъ оварданд. Аз ҷумла сарчашмаи даромади ҳар як хонадон, шуғли аҳолӣ, бекорони муваққатӣ, муайян намудани онҳое, ки шомили «Дафтари бонувон», «Дафтари ҷавонон» ва «Дафтари оҳанин» гаштаанд, саҳеҳтар гардид. Дар маҳаллаҳои инфрасохтораш вазнини «Мустақиллик», «Човлӣ», «Мирзоқалъа»-и ноҳияи Қарокӯл, ки ба сектори ҳоким дахл дорад, 8 ҳазору 255 нафар аҳолӣ умр басар мебарад. Баъди омӯхтани масъалаҳои ин ҳудудҳо қариб 10 километр роҳҳои ин ҷо таъмир ва шағалпӯш гардонда шуд. Дар  маҳаллаи  «Човлӣ» ҳамаи 380 хонадон пурра омӯхта шуда, қариб 400 масъалаю таклифҳои аҳолӣ ба қайд даромад.Ҳоло чораю тадбирҳои ҳалли онҳо дида мешавад. Аз ҷумла гирифтани кредит, фарогирӣ бо кор, расондани ёрии моддӣ, хидматрасонии тиббӣ, таъминоти барқ, газ ва об, сохтани хонаю ҷой барин масъалаҳо коҳиш меёбанд. Масалан, бо мақсади беҳтарсозии таъминоти барқ 2 трансформатор аз таъмири пурра баромад. Бо ёрии 6 то симчӯб дар масофаи 750 метр хатти нав кашида шуд. Як қисми аҳолӣ соҳиби газбаллонҳои иловагӣ гардиданд. Мазору кӯчаҳо, манзилу ҳавлиҳои аҳолӣ ба тартиб даромада, гирду атроф обод карда шуд. Ҳоло ба 105 нафари аҳолӣ барои дастрас намудани 1,8 миллиард сӯм воми бонк бо мақсади соҳибкорӣ чораҷӯиҳо идома дорад.
3 феврал роҳбарони секторҳо  бо дигаргуниҳои маҳалла аз наздик шинос шуданд. Ба хонадони аҳолӣ даромада бо тарзи зиндагӣ ва масъалаҳои  онҳо ошно гардиданд. Ба эшон бобати истифодабарии самаранок аз заминҳои назди ҳавлӣ, обод, сабзу хуррам гардондани ҳудуд маслиҳатҳо доданд. Дар бораи масъулияти раиси маҳалла, ёрдамчии ҳоким бобати «маҳаллабайъ» ҳал кардани масъалаҳо ва розӣ намудани одамон аз давлат изҳори ақида карданд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: