САРДОРИ ГУРӮҲ

Мо – 25 нафар донишҷӯ, факултети забону адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро соли 1981 хатм намудем.

Дар давоми 42 соли баъди хатм 5 нафари ҳамкасбон вафот карданд. Инҳо Ойгули риштонӣ, Исроили косонсойӣ, Иброҳими сӯхию Йӯлдошбойи нуратоӣ. Панҷуми онҳо – Қӯлдошбой Халлоқов – зодаи деҳаи Миришкори ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро (рӯҳашон шод бод!). 
Бо Қӯлдошбойи бухороӣ дар назди бинои комиссияи қабули донишкадаамон, қабл аз имтиҳонҳои дохилшавӣ шинос шуда будем. Вай ҷавони паҳлавонпайкар, ситорагарму хандончеҳра, пас аз вохӯрию шиносоиямон аз ман пурсид:
– Шумо ба кадом факултет ҳуҷҷат супоридед?
– Ба факултети забон ва адабиёти тоҷик.
– Ман ҳам. О.., чӣ хел нағз. Ману шумо ҳамкасб мешудаем-дия.
– Ҳамин тавр.
Баъд аз имтиҳонҳо мо ба номи донишҷӯйӣ лоиқ шуда, якҷо дар хобгоҳ зиста, таҳсил мегирифтем. Ҳамсабақони мо, ғайр аз Самарқанду Бухоро, аз вилоятҳои Навоӣ, Фарғонаю Намангон ҳам буданд.
Баробари таҳсил дӯстии байни мо низ мустаҳкам мешуд. Соли нави 1978-ро ману Халлоқов дар зодгоҳаш – деҳаи Миришкор бо аҳли хонаводаю меҳмонон пешвоз гирифтем ва меҳмони чанд хонадони бухороӣ гашта, ҳамдигарро ба шарафи соли нав табрик гуфтем. Аз ҳамон айём шиносоии ман бо оинҳои халқ ва ёдгориҳои меъмории бостонии Бухоро сар шуд. Дар ин сафар назари ман аввалин бор ба асари ёдгории Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд дар он шаҳри куҳан афтод, ки ин даргоҳи муқаддас имрӯза барин ободу зебо набуд.
Дар таътили тобистона дар донишкадаамон гурӯҳҳои бинокории донишҷӯён ташкил ёфта, ба сохтмони шаҳрҳои Русия равона карда шуданд. Ҳамин тавр гурӯҳи ҳамкурсони мо ба шаҳри Тошканд афтод. Мо дар қарибии бозори Олой  ба сохтмончиёни бинои чорошёнаи аҳолинишин ёрӣ расондем. Як рӯзи истироҳат ману Халлоқов хиёбони Инқилобро давр задем. Дар яке аз ошхонаҳои берунаи салқину шинам хӯроки пешин мехӯрдем. Соати бурҷе, ки ба хиёбон наздик буд, занг зад.
– Мо магар дар Москва нишастаем? – пурсид Халлоқов мағрурона. 
– Не, дар шаҳри Тошканд нишастаем. Мо ҳам ин хел соат дорем, – ҷавоб додам. 
Ба фикрам, аз мавҷудии соати бурҷ дар пойтахт ӯ огоҳ набуду огоҳӣ ёфт. 
Баъди хӯрок Халлоқов дар хиёбон ба сурат фуромад. То ҳол ин суратро дида, овони тиллоии ҷавониро ба ёд меорам.
Баъд аз Мавҷуда Тоҷибоева сардори гурӯҳамон Қӯлдошбой Халлоқов таъин гардид. Ӯ ин ӯҳдадориро ду ним сол – то хатми донишкада самимона адо намуд. 
Аз рӯи вазифа Халлоқов боре ба аудиторияамон дипломати пуру вазнинро оварду мужда расонид:
– Стипендияатонро овардам, – ва ба ман гуфт, – шумо стипендияи «аълочӣ» мегиред, ин моҳ ба шумо кам баромадааст. Ба муҳосибхона равед. Агар нашавад, дуямон ба назди проректор меравем. 
Дар муҳосибхона масъалаи ман ҳал гардид, дигар овора нагаштем.
Рӯзе аз шаҳр ба хобгоҳ бармегаштам, дар сари кӯчаи Красноармейское (ҳоло Спитамен), ки дар он донишкадаи мо воқеъ буд, ду ҷавони авбошнамо бандаро боздоштанд. Якеи онҳо пурсид:
– Ту аз куҷоӣ?
Азбаски ман қайди шаҳри Самарқандро доштам, нотарсона ҷавоб гардондам:
– Аз ҳамин ҷо.
Дигар гапе назаданд. Пас аз 3-4 дақиқа роҳ гаштан ба ҷониби рост тоб хӯрда, аз дарвозаи калон ба донишкада даромадам. Рӯзи дамгирӣ буду дар атроф касе набуд. Ба дарун 50-60 қадам монда будам, ки он авбошнамоёни сари кӯча омада расиданд. Аз велосипед дар пеши роҳам фуромаданд. Ин бор дуюми онҳо дод зад:
– Исто, чаро ту дурӯғ гуфтӣ?!
– Рафтем, бачаҳо ҳастанд, мепурсем, ман одами ҳамин шаҳрам, – гӯён ба ҷониби хобгоҳ ишора намудам.
Онҳо як ба он ҷойи ободу хуррам назари хунуке намуда, ҷуръати рафтан накарданд. Авбоши аввала аз сумкачаи велосипед, ки дар дасти шарикаш буд, бо ғазаб винттоб (отвёрка)-ро гирифт. Андешидам, ки ҳозир ӯ бо он ҳамла меораду байни мо нохушие рух хоҳад дод. «Силоҳдор» ба сӯйи ман ҳанӯз як қадам намонда буд, ба чашмонам бовар накардам. Аз тарафи хобгоҳ Халлоқови қоматбаланд барҳои костюми пешкушодаашро ба ду ҷониб бод дода, тез ба мо наздик мешуд. Авбошон бо дидани ӯ ғайб заданд. Халлоқов чизе нагуфта, бо виқору савлаташ пайи онҳоро аз он ҷо тарошид. Агар вай намебуду намеомад, дар «ҷанггоҳ» чӣ воқеа рӯй медод, ба тасаввурам намеғунҷид.
– Чӣ гап? – пурсид ӯ.
Ман шарҳро дароз накарда, ҷавоб додам:
– Ҳеч гап не. 
– Ҳа,.. ба шаҳр рафта биёям, – гуфту равон шуд.
Мани наҷотёфта ба хобгоҳ омадам.
Халлоқов, инчунин ба устодон чун шогирд, бо донишҷӯён аҳлу дӯст буд. Бо ҳамсабақон Исроилу Мирзораҳим ҳамчун хешу пайванд, бо Йӯлдошбой номҳояшон низ ҳамвазну қофия чун фарзандони як оила буданд. То анҷоми умрашон дар байни Пешкӯю Нурато равуои бародарӣ доштанд. 
Халлоқов дар мактаби зодгоҳаш аввал омӯзгор, баъд ҷонишини директору роҳбари мактаб фаъолият бурд. Дертар ҷонишини директори коллеҷи касбу ҳунари саноату сохтмони ноҳияи Пешкӯ гардид. Солҳои охир бемории паси ҳам Қӯлдошбойро азобаш медод. 
Ҳазрати Ҳофиз барҳақ гуфтааст:
Бунёди ҳастии ту зеру 
забар шавад, 
Дар дил мадор ҳеҷ, ки 
зеру забар шавӣ.
Марги нобаҳангоми дӯсти азизаш Йӯлдошбой «ба болои сӯхта намакоб» шуду  бемории Қӯлдошбойро бадтар кард. 
Бо иҷобати дуоҳои дӯстону ҳамкасбон ва табобат як навъ ҳоли ӯ беҳтар шуд. Моро ба хатнасури наберагонаш таклиф кард. Мо чанд нафар ҳамсабақони собиқ аз Самарқанд, Бухорою Намангон, хайрият, рафтем. Ин дидори охирин будааст. Оқибат бемории тӯлонии қанд дӯсти моро аз байнамон бурд. Роҳ дур, имконияти сафар ҳар вақт даст намедиҳад. Дер бошад ҳам, ҳамкасбон рафта, ба аҳли байти Халлоқов ҳамдардиву сабри ҷамил баён кардем.
Бо шарофати ӯ мо ба Бухоро борҳо сафар карда, урфу одати бухориён ва ёдгориҳои қадимию таърихии шаҳри маъруфро бо чашмамон дида, бо онҳо шинос шудем. Дӯстию шиносоиҳо ба мо хотираҳои нек боқӣ гузоштанд.

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: