Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши шарикии амалиро дар доираи СҲИ қайд кард

  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши шарикии амалиро дар доираи СҲИ қайд кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 ноябр Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.

Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ дар доираи иттиҳодия, инчунин баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ин сохтори бисёрҷониба баррасӣ шуданд.

Сарвари давлатамон барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, пеш аз ҳама, тавассути татбиқи лоиҳа ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ, инноватсия, экология ва сайёҳӣ мавҷуд будани имкониятҳои бузургро қайд намуд.

Дабири кулл барои иштироки фаъолонаи Ӯзбекистон дар фаъолияти СҲИ ва омодагии баланд ба саммити навбатии СҲИ, ки бори аввал дар шаҳри Тошканд таҳти шиори «Якҷоя барои субот ва рушди иқтисодӣ» баргузор мегардад, изҳори сипос кард.

Татбиқи пайгиронаи ташаббусҳои кишвари мо, ки дар нишасти Ашқобод дар соли 2021 пеш гузошта шуда буданд, бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд.

Зимни мулоқот вобаста ба рӯзномаи ҷаласаи дарпешистодаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии Тошканд табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: