Президенти Ӯзбекистон бо ҳамватанон мулоқот кард

  • Президенти Ӯзбекистон бо ҳамватанон мулоқот кард

Дар чаҳорчӯби сафари корӣ ба ИМА Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 сентябр бо як гурӯҳ ҳамватаноне, ки дар Амрико кор ва зиндагӣ мекунанд, ва стипендиатҳои Фонди «Эл-Юрт умиди», ки дар мактабҳои олии пешрафтаи Амрико таҳсил мекунанд, мулоқот кард.

Дар рафти чорабинӣ, ки дар шакли муколамаи кушоду зинда сурат гирифт, сарвари давлатамон дар бораи стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав суханронӣ намуда, таваҷҷуҳро ба имконоти бузурги ҳамватанон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар модернизатсияи кишварамон ҷалб намуд. Саҳми ҳамаҷонибаи ҳамватанон ва созмонҳои диаспора дар рушди ҳамкориҳои Ӯзбекистону Амрико, ки ба сатҳи бесобиқаи баланд расидааст, махсусан қайд карда шуд.

Роҳбари кишварамон ҷиҳати таҳкими робита бо ҳамватанон ва дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо бо як қатор ташаббусҳо баромад кард. Аз ҷумла, мусоидати васеъ дар ташкили курсҳои забони ӯзбекӣ дар хориҷ,  таҳияи пакетҳои сайёҳии махсус барои аз ҷониби ҳамватанон тамошо кардани шаҳрҳои таърихии Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

– Мо саъю кӯшиш менамоем, ки самараи ислоҳоти мо дар соҳаи таълим, нигаҳдории тандурустӣ, иқтисодиёт дар ҳаёти ҳар як ҳамватанамон ҳис карда шавад. Ва мо бояд тамоми шароитро фароҳам оварем, ки шумо, мутахассисони баландихтисос, ки дар хориҷа таҳсил намуда, дар ширкатҳои бузург таҷрибаи кор андӯхтаед, баргашта, бо неруи худ дар бунёди Ӯзбекистони Нав ширкат варзида тавонед, – гуфт роҳбари давлатамон.  – Дар ҳар як ӯзбекистоние, ки дар ин ҷо ҳозир аст, дидани ҳисси баланди Ватан ва майлу хоҳиши самимӣ барои саҳмгузорӣ ба ривоҷи он ба ман хурсандии бузург мебахшад, Мо шуморо дар Ӯзбекистон бесаброна интизорем.

Иштирокдорони вохӯрӣ таъкид намуданд, ки ислоҳоти амиқ ва васеъмиқёс, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев татбиқ мегарданд, ба боз ҳам баланд шудани дараҷаи некуаҳволии халқ ва баланд шудани обрӯю эътибори мамлакати мо дар ҷамъияти ҷаҳон хизмат мекунад.

Ҳамватанон, ки дар ширкатҳои бузург кор мекунанд ва дар донишгоҳҳои бонуфуз таҳсил мекунанд, андеша ва пешниҳодҳои худро баён доштанд. Аз рӯи масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъият ва иқтисодиёт мубодилаи афкор барпо гардид.

Ҳамватанон барои таваҷҷуҳи бузург ба онҳо изҳори миннатдории самимӣ намуда, омодагии худро барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди Ӯзбекистон қайд карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: