Дар ҷамъомади видеоселекторе, ки Президент Шавкат Мирзиёев бо намояндагони соҳаҳои таълим, тандурустӣ, рақамикунонӣ, маданият ва варзиш гузаронида буд, таъкид дошт, ки ҳар як ҳокими ноҳия ҳар ҳафта ба мактаби ҳудуди худ рафта, аз вазъ ва ҳолати кори таълиму тарбияи хонандагон огоҳ гардад.
Чунки вазифаи раисии Комиссияи миллӣ доир ба бачаҳоро бевосита ҳоким ба ӯҳда дорад. Ҳамчунин мувофиқи Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ барои бесабаб ба дарс наомадани хонанда волидон ҷавобгӯ ва ҷазо мегиранд. Бо мақсади муҳокима ва тарҳрезии масоили номбурда ҳокими ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Азамат Файзиев бо падару модарони хонандагони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 3-юм вохӯрӣ гузаронд. Дар вохӯрӣ аз падару модарони толибилмон хоҳиш карда шуд, ки ба тартиб ва рафтори фарзандон бефарқ набошанд. Мунтазам иштироки онҳоро ба дарсҳо таъмин намоянд. Фарзандон бесабаб аз дарс намонанд. Вақти бекорӣ фарзанд ҳамеша зери назорат бошад. Таъкид гардид, ки беназорат гузоштани фарзанд ба оқибатҳои нохуш мерасонад.
Дар мактаби рақами 3, ки воқеъ дар маркази шаҳри Нурато мебошад, 603 нафар толибилмон дар ду баст таҳсил доранд. Дар басти аввал 276 нафар ва дар басти дуюм 227 нафар хонанда ба дарс меоянд. Рӯзи вохӯрӣ 5 нафар толибилм бо сабаб ба дарс наомадаанд.
Муносибат ба рафтори фарзанд дар моддаи 47-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайд гардидааст. Дар амалиёти соҳаи таълими давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ин ҳолат тадбиқ гардидааст. Барои собит намудани андешаи фавқ ҳоло ба Кодекси маъмурии чанд давлат муроҷиат менамоем.
Дар Ирландия агар падару модар иштироки фарзандашро ба дарс таъмин накунад, аввал огоҳонида мешаванд. Агар ин ҳолат такрор ёбад, падару модар ба ҷарима ва ё як моҳ ҷазои маъмурӣ мегиранд. Барои ҳар як рӯзи дермонда миқдори ҷарима зиёд мешавад.
Мутобиқи қонун «Дар бораи таълим»-и Британияи Кабир, ки соли 1996 қабул гардидааст, агар фарзанд ба мактаб наояд, падару модар ба қонуншиканӣ айбдор карда мешаванд. Агар ба дарс наомада бошад, падару модар ҳазор фунт-стерлинг ҷарима мепардозанд. Агар фарзанд такроран ба дарс наомада бошад, волидон то 2500 фунт-стерлинг ҷарима мепардозанд ё то се моҳ ба ҳабс кашида мешаванд.
Дар ин хусус дар шабакаҳои интернет ба маводи зиёд дучор мегардед. Мақсад бошад равшан, хуб ба роҳ мондани кори таълиму тарбияи фарзанд ва билохира тарбияи инсони комил. Ояндаи ҳар гуна ҷамъият марбут ба ҷавонон аст.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.