БОВАРӢ БА ФАРДОИ ШУКУФОН

Табрики Президент ба халқи Ӯзбекистонро ба муносибати 28-умин солгарди қабули Конститутсия тавассути телевизион дидем.

Табрики Президент ба халқи Ӯзбекистонро ба муносибати 28-умин солгарди қабули Конститутсия тавассути телевизион дидем.
Дар он асосан оиди муҳимтарин рӯйдодҳое сухан рафт, ки тӯли чаҳор соли охир дар кишвари рӯ ба тараққиамон  ба амал омадаанд. Дар ин муддати кӯтоҳ, метавон гуфт, Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳо ба пешравиҳои мислаш диданашуда  ноил гашт. Диёр дар пеши назари мо боз ҳам ободу зебо шуда, зиндагии аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Дар Стратегияи амалиёт, ки таҳти ташаббуси роҳбари давлат мураттаб гашт, роҳҳои ба амал баровардани ислоҳоти васеъмиқёс дар саросари мамлакат тӯли ояндаи наздик  нишон дода шуда бошанд, он ҷодаҳо то андозае тай гардида, халқи шариф ва меҳнатзодаамон баҳри расидан ба мақсадҳои олӣ қадамҳои устувор гузошт.
Баробари дигаргуниҳои бузург дар ҷаҳонбинии халқҳои Ӯзбекистон тағйирот ба амал омад. Доираи тафаккур ва идроки сиёсию иҷтимоии халқи мо васеъ, сатҳи маданияти ҳуқуқиаш боло гашт. Ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон мавриди эътибор қарор гирифта, имрӯзҳо нуктаҳое татбиқи амалии худ меёбанд, ки дар Конститутсия таҷассум ёфтаанд. 
Дар давлате, ки ҳуқуқ-бунёд аст, баланд арзёбии қонунҳое ба  тасвиб расид, ки Сарқонун чун маҷмӯи қонунҳо фарогири онҳост.
Волоияти қонун, айни замон, аз ҳар чиз муҳтарамии инсон ва шаъну қадри одамӣ исботи худ ёфта, манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ ҳамчун меъёри конститутсионӣ ташаккул меёбад. Равшан дарк месозем ба тору пуди Конститутсия амиқтар воридшавии тамоюлҳои демократӣ дар даврае, ки ислоҳот доман густурда ва самараи он баръало ҳис мешавад, мисле воқеаи оддии ҳаётӣ шудааст.
Даврҳое буданд, ки мардуми ба душворӣ печида куҷо рафтани худ намедонист. Чӣ ҷойи пинҳон доштан, дар қабулхонаҳо роҳбарон шахсони алоҳидаро танҳо дар ҳолатҳои барояшон қулай қабул мекарданду халос. Ба ҳузури онҳо даромадани шахсони оддӣ осон намекӯчид. Ҳоло вазъ дигар аст: роҳбар ё шахси масъул ҳозиршавии шахсонро дар идораи худ мунтазир шуда нанишаста, худаш ба ҷустуҷӯи онҳо мебарояд, хона ба  хона гашта, мушкилоти аҳолиро меомӯзад, то имкон будан ба ниёзмандон дасти кӯмак дароз менамояд. Ҳамаамон бо чашми сар мушоҳида мекунем, ки мардум ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ ба мардум чӣ тавр амалан хидмат мерасонад. 
Соле, ки сипарӣ мешавад, барои инсоният соли душвор гардид – аз ҳар гуна таҳдидҳо, ки пештар ҳис мешуд, таҳдиди пандемияи коронавирус воҳиманоктар сурат гирифт. 
Рушдёфтатарин кишварҳои дунё саросема шуданд. Офати ногаҳонӣ Ӯзбекистонро низ ба ташвиш гузошт. 
Вале чораҳои қатъие, ки баробари паҳншавии вируси тоҷдор андешида шуданд, хавфҳоро то дараҷае рафъ сохтанд. Воқеан халқӣ будани давлат ва ҳукумате, ки Ӯзбекистонро идора месозад, баръало ба назар расид.
Дар давраи мушкил касе намонд, ки ба ҳоли худ гузошта шуда бошад. Аз кӯмакҳои давлатӣ дар навбати аввал қишри аҳолии аз нигоҳи иҷтимоӣ пасттаъмин баҳра бардошт. Дар хориҷ бинобар душвориҳое, ки пандемия тавлид сохт, аз фаъолият бозмондани корхонаҳо ва бекормониҳо ба мушоҳида расид, дар мамлакати мо бошад онҳое, ки муваққатан бекор мондаанд мавриди ғамхорӣ фаро гирифта шуданд. Ташкили ҷойҳои нави корӣ, дар даврае, ки талаботи карантин нарм шуданд, аз муҳимтарин вазифаҳо қарор ёфт. 10 триллион сӯм маблағе, ки дар ихтиёри бунёди зиддибӯҳронӣ қарор дошт, дар навбати аввал баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, шахсоне, ки бекор мондаанд, камтаъминҳое, ки ба кӯмак муҳтоҷанд, равона карда шуд. 
Соли  равон шамолҳои сахт дар Бухоро, офати табиӣ дар ноҳияи Сардоба низ халқи моро аз санҷишҳои ҷиддӣ гузаронд. Ҷабрдидагон танҳо набудани худро ҳис карданд. Фазилатҳо водоштанд инсонҳо багонаю бегона гуфта нанишаста, ба кӯмак шитобанд. 
Имрӯз оилаҳои дар Сардоба зарардида дар шаҳраки зебою замонавие умр ба сар мебаранд, ки «Ӯзбекистони нав» ном дорад.
Ӯзбекистон вақтҳои охир воқеан нав гардид. Ноҳияи кӯчаки Сӯхи мо дар иҳотаи кӯҳҳои баланд низ, ки аз гӯшаҳои дурдасти вилояти Фарғона аст, ба маънои ҳақиқӣ нав ва замонавӣ ба назар мерасад. Бо вуҷуди душвориҳо (паҳншавии коронавирус, як муддат тезутундшавии вазъ дар сарҳадҳо) соле, ки сипарӣ мешавад, барои аҳолии Сӯх фаромӯшнопазир хоҳад монд.
Қарори махсуси Президент оиди ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии ноҳия қабул гашт. Ободонӣ доман густурд. Кунҷак, Шашгектара ном мавзеъҳое, ки ҳамдеҳаҳои ман истиқомат доранд, низ аз файзи дигаргунсозиҳо баҳраманд гаштанд. Пештар кӯчаҳо танг ва пасту баланд буданд, чангу лой ба раҳгузарҳо халал мерасонд. Ҳоло кӯчае нест, ки мумфарш набошад. Таъминот бо барқ, гази табиӣ ва оби нӯшокӣ – ба дараҷаи талабот.
Синнам аз 85 гузаштааст. Дар «Маркази саломатӣ»-и ноҳия чун роҳбар ҳанӯз фаъолият бурда, дар роҳи сиҳатии ҳамдиёрон заҳмат мекашам. Таҳти ғамхории Президент маоши ходимони тиббиёт дар Сӯх ба таври алоҳида бардошта шуд.
1050 нафар ходимони тиббӣ, минҷумла 79 нафар духтурҳои маълумоти олинок, 735 нафар ҳамшираҳо, ки дар беморхонаи марказии ноҳия аз паи саломатии мардуманд, аз сазовор қадрёбии меҳнати худ ва касби интихобкардаашон мамнун.
Дар арафаи ҷашни Конститутсия як гурӯҳ диловарони майдони меҳнат бо нишони сарисинагии «Меҳр ва саховат» тақдиронида шуданд, ки қисми муайяни онҳоро ходимони тиббиёт ташкил менамоянд.
Президентамон дар фуроварди суханони табрикӣ гуфт: «Бебозгашт баланд бардоштани дараҷа ва сифати ҳаёти халқ, боз ҳам фараҳнок ва шукуфон сохтани зиндагӣ, дар ин мамлакат новобаста аз миллат, забон ва эътиқод эътибор, ғамхории давлатию ҷамъиятиро ҳис намудани ҳар як инсон – вазифаи асосии мо».
Самимияте, ки дар ин суханҳост, боварии моро ба фардои дурахшон боз ҳам қавӣ месозад.

Ҳ. САФАРОВ,
собиқадори 
меҳнат.

Ноҳияи Сӯхи 
вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: