ЛОИҲАИ НАВИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРД

Барои таҳияи нахустин ҳуҷҷатҳои техникӣ-иқтисодии лоиҳа Бонки эҳё ва рушди Аврупо ба миқдори 350 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо кард.

Аз ҳисоби маблағи мазкур ширкати австриягии «ILF Consulting  Engineers Austria GmbH» асоси аввалини техникӣ-иқтисодии лоиҳаро таҳия кард. Барои коркарди ҳуҷҷати асосии техникӣ-иқтисодии лоиҳа Бонки эҳё ва рушди Аврупо 1,5 миллион евро равона намуд.
Бино ба натиҷаҳои савдои тендерӣ яке ширкатҳои Туркия ғолиб дониста шуда, шартномаи баробар ба 1, миллион евро ба имзо расид.
То ҳол аз ҷониби консултант нахустин лоиҳаи омӯзиши пешакии ҳисобот ва инвеститсия тақдим гардидааст ва инчунин аз ҷониби гурӯҳи корӣ қабул шудааст.
Дарозии умумии роҳи мазкур мувофиқи лоиҳа 305 километрро ташкил медиҳад. Лоиҳа дар асоси талаботи шоҳроҳи 305 километрии дараҷаи техникии I-а, 6 хати «Шоҳроҳ», ки ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошад, сохта мешавад. Инчунин, дар тӯли роҳ бунёди кӯпрукҳо ва гузаргоҳҳои нав ва насби системаи интеллектуалии нақлиёт (ITS) дар назар аст.
Дар натиҷаи бунёди шоҳроҳи пулакии «Тошканд – Самарқанд» суръати ҳаракати нақлиёт тақсим мешавад. Иқтидори борбардории сатҳи роҳ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ 13 тонна ва мӯҳлати хизмати роҳ 25 солро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа вазъияти экологии ноҳияҳо беҳтар шуда, бехатарии роҳҳо таъмин гардида, суръати боркашонии транзитӣ зиёд гашта, барои истифодабарандагони роҳҳо воситаҳои нақлиёт фароҳам оварда мешаванд.
Бо иштироки гурӯҳи кории Сарсадорати роҳи автомобилгарди вилояти Самарқанд аз рӯи лоиҳа муаррифӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои мукаммали вобаста ба лоиҳа дида баромада шуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: