САДОҚАТ БА ОИНИ ДӮСТӢ

Боиси ифтихор ва хушнудии ҳамаи мо – шаҳрвандони кишвар аст, ки соли 1991 Ӯзбекистон баробари дигар ҷамоҳири Иттиҳоди шӯравӣ аз аввалинҳо шуда истиқлоли давлатӣ ба даст овард.

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
(Шайх Саъдии Шерозӣ).
Боиси ифтихор ва хушнудии ҳамаи мо – шаҳрвандони кишвар аст, ки соли 1991 Ӯзбекистон баробари дигар ҷамоҳири Иттиҳоди шӯравӣ аз аввалинҳо шуда истиқлоли давлатӣ ба даст овард. Соли ҷорӣ халқи сермиллати ҷумҳурӣ 32-юмин солгарди истиқлолро бо комёбиҳои назаррас ҷашн хоҳад гирифт. Яке аз бузургтарини онҳо, бешубҳа, садоқат ба оини дӯстӣ хоҳад буд. Чанде пеш мо нутқи Президенти дафъатан интихобгардидаи Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар маросими татанавии шурӯъ ба вазифа дар ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлис тавассути онлайн дидем ва шунидем. Ба ман, ҳамчун раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Самарқанд суханони зерин хеле писанд омаданд: «Тавре ки дар Конститутсия омадааст, мо Ӯзбекистонро ба давлати иҷтимоие табдил медиҳем, ки дар он ҳар як шаҳрванд новобаста аз миллат, забон ва эътиқод, озодона дар фазои сулҳу фараҳ зиндагӣ мекунад. Аз он ҷумла, мо вазифаҳои гузошташударо бобати рушди таълим ва тарбия, тандурустӣ, илм, маданият ва санъат, варзиш, сохтмони манзил, таъмини боэътимоди аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва неруи электр, беҳсозии инфрасохтори иҷтимоӣ иҷро мекунем».
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки бо сиёсати хирадмандонаи Президент риштаҳои дӯстӣ ва занҷири анъанаҳои мероси аҷдоди бузургамон бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя мустаҳкаму қавӣ мегарданд: 
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Воқеан, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек таърихи дуру дароз дорад. Агар эҷоди нотакрори Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, Садриддин Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ, Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом, Абдулло Орифов ва Лоиқ Шералӣ барин бузургонро пеши назар оварем, дарк хоҳем кард, ки ҳамдилии ду халқе, ки гӯё ду тори як рубоб аст, аҳамияти бузург дорад.
Муносибати ду халқи аз азал дӯсту бародар, ҳамдилу ҳамнафасро дида сатрҳои машҳури Боқӣ Раҳимзода, ки домоди самарқандиён буданд, ба ёд меоянд:
Фарқи ҳама мардумони дигар 
осон,
Аммо шуда мо ба ҳам чунон 
ҳам наздик.
Бинанда чунон суол орад ба миён:
– Эй ҷӯра, бигӯ, ту ӯзбекӣ ё тоҷик?!
Ҳамагӣ чанд сол пеш дар Самарқанд муҷассамаи шоирони бемисл Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба тарзи тантанавӣ гузошта шуда, дар он тадбири бошукӯҳ президентон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида буданд. Сипас сарони давлат ба чандин шартнома имзо гузоштанд, ки бинобар онҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ бештару беҳтар шуданд.
Шахсан худи ман якчанд маротиба ба Тоҷикистони бародарӣ сафар кардам.
Ҳоло рафтуои мардуми ду кишвари ҳамҷавор бидуни раводид амалӣ мешавад. Ин аст, ки аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон фавҷ-фавҷ сайёҳон ба Самарқанд меоянд, то ёдгориҳои меъмории онро тамошо кунанд, дар базму маърака ва тадбирҳои гуногун ширкат варзанд.
Хуллас, сиёсати кунунии Ӯзбекистон ин садоқат ба оини дӯстии халқҳо, ҳамҷиҳатии миллӣ, таъмини ҳаёти орому осуда, фарохдилӣ ва бародарию баробарӣ аст. 

Акбар МАҲМУДОВ,
раиси Маркази миллӣ-фарҳангии
тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: