ПАЗМОН

(Таронаҳо)

Аз ҳакиме пурсиданд:
– Тафовути ишқ аз муҳаббат чист? 
Посух дод:
– Муҳаббат то хатми ҳавас аст. Ишқ то қатъи нафас.
***
Солҳо гузаштанд... Наомадӣ... Ба ёди дирӯз умрам гузашт. Фардоро намепазирам  Имрӯзро дӯст медорам Чунки имрӯз паёме аз ту расид... Дарк кардам, ки ишқи мо то ҳол зиндааст...
***
Баъди чандин сол боз аз он  гулгаште, ки мо изҳори муҳаббат доштем, гузар кардам. Ба ёдам расид, ки мани интизор то омадани ту баргҳои ин маҷнунбедро як-як мекандам... Имрӯз фаҳмидам, ки он гоҳ баргҳои ишқи худро канда будаам...
***

Барф меборид... Барфи сап-сафед. Замин пироҳани оҳорӣ дошт.
Аз осмон гӯё бӯсаҳои барфии ту мерехт. Ба дарахтони боғ нигоҳ афкандам... 
Онҳо ҳам  сап-сафед буданд, қаду қомати рӯйи туро мемонданд...
Тозон ба кӯча баромада, ба гирду атроф назар кардам... Рӯйи кӯрпаи барф нақши пойи ту набуд...
***
Эй  ситораҳо!  Шумо ғамшарики бехобиҳои ман будед. Чаро ҳоло камсуханед... Гӯед, ки аҳду паймони ёри бевафо чӣ шуд? Ба ӯ хабар диҳед, то  ба маҳфили имшабаи маҳтоб биёяд, ман то ҳол  интизорам...

Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: