ЗАРАФШОН – ШАҲРИ КОНЧИҲО

Зарафшон шаҳрест дар вилояти Навоӣ дар синаи дашти Қизилқум.

Бунёди шаҳр ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта оғоз ёфта, дар соли 1965 расман мақоми шаҳрро гирифтааст. Дар шаҳри навбунёд биноҳои се, чор, панҷ ва ҳафтошёна қад афрохта буд. Дар ин биноҳо коргарони аз гӯшаву канори СССР омада буду бош доштанд. 
Зарафшон шаҳри саноатӣ аст. Коргарон асосан дар кони Мурунтов ва майдончаи саноатии Бессопан ба ҷустуҷӯ ва истеҳсоли тилло машғул мебошанд. Конҳо дар таркиби комбинати маъдани  кӯҳии Навоӣ фаъолият доранд. Идораи  кони Марказӣ бузургтарин шӯъбаи комбинати маъдани  кӯҳии Навоӣ дар шаҳри Зарафшон таъсис ёфта буд, ки дар 29 соҳа ба ҷустуҷӯ ва истеҳсоли металлҳои қимматбаҳо (тилло, уран, нуқра) машғул аст. Солҳои СССР дар кони Мурунтов 30 фоиз тиллои умумии  кишвар истеҳсол карда мешуд.
Баъдтар дар таркиби комбинати  маъдани кӯҳии Навоӣ корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ намуданд. Кони «SKVZ» «Auminzo – Amantoy», заводи гидрометаллургияи рақами 5, заводи гидрометаллургияи рақами 7, корхонаи истеҳсолии «Zarafshon oyna», фабрикаи матоъ истеҳсолкунандаи «Agama» ва чанд корхонаи хурду калон аз он шуморанд. Ҷойҳои нави корӣ пайдо шуд. Эҳтиёҷ ба коргарон афзуд. Аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ коргарон бо кор таъмин гардиданд. Аҳолии шаҳр афзуд. Имрӯз дар шаҳри Зарафшон беш аз 100000 нафар зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ доранд.
Маркази хидмати матбуоти ҳокимияти шаҳри Зарафшон хабар медиҳад, ки нимсолаи аввали соли равон дар рушди иқтисодиёт, ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии шаҳр рушду такомул ба мушоҳида расид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 320 миллиард сӯмро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 106,6 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли молҳои истеъмолӣ ба 129,6 миллиард сӯм расид, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 115,3 фоиз  афзудааст. Барои сохтмон 193,3 миллиард сӯм сарф гардид. Ҳаҷми экспорти мол нисбати ҳамин давраи соли гузашта 239,5 фоиз афзуда, ба 1,26 миллион доллари ИМА баробар шуд.
Вазъи иҷтимоии коргарон рӯз ба рӯз беҳ мегардад. Агар маоши миёнаи коргарон дар вилоят 5 миллиону 687 ҳазор сӯмро ташкил дода бошад, ин нишондод  дар шаҳри Зарафшон 8 миллиону 152 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад.
Соли равон бояд ба миқдори 22 миллион доллари ИМА инвеститсияи хориҷӣ ворид карда мешуд. Аллакай ба миқдори 27,5 миллион доллари ИМА ворид гардид. Дар нақша аст, ки то охири сол ин миқдорро ба 52 миллион доллари ИМА расонем. Дар нимсолаи аввали соли равон чор лоиҳа ба миқдори 451,8 миллиард сӯм тадбиқ гардида, шурӯъ ба истеҳсол намудаанд. 
Дар шаҳр ба рушди соҳибкорӣ эътибори зарурӣ дода мешавад. Нимсолаи аввали соли равон 167 субъекти бизнеси хурд таъсис дода шуд. Барои рушди «Соҳибкории оилавӣ» 33,5 миллиард сӯм қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст. Дар нимсолаи аввал ба соҳибкорон 16,5 миллиард сӯм қарзи имтиёздор дода шуд.
Ба мақсади рушд бахшидан ба кори таълиму тарбия, муҳайё намудани имконоти мусоид  барои толибилмон ва омӯзгорон аз инвеститсия васеъ истифода бурда мешавад. Бо маблағи 33,885 миллиард сӯм 8 мактаби таълими ҳамагонӣ пурра таъмир гардид. Ба мақсади тарғиби китобхонӣ аз буҷаи давлат солҳои 2017 – 2023 ба ивази 191,1 миллион сӯм 2418 номгӯй китоб ба китобхонаи мактабҳо дода шуд. Кори таълиму тарбия дар шаҳр хуб ба роҳ монда шудааст. Шаҳри Зарафшон тибқи рейтинги миллӣ дар ҷумҳурӣ ҷои панҷум ва дар вилоят дар ҷои дуюм қарор дорад.   

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: