СУХАН ДОНИСТА МЕГӮЯД...

Ҳар дафъае ба зодгоҳам –деҳаи дурдасти Эҷи ноҳияи Нурато меравам, бо занони дурандешу дар фарозу нишеби зиндагии деҳот пухташуда суҳбат карданро дӯст медорам.

 Яке аз онҳо холаи Мусаллам мебошад. Холаи Мусаллам синнаш аз ҳафтод гузашта бошад ҳам, шефтаи шеъру адабиёт аст. Аз «Овози тоҷик», эҷодкорони он пурсон мешавад ва албатта, аз кору зиндагии Шарофатбону хабардор шудан мехоҳад. 
– Барномаҳои тоҷикии «Рангинкамон»-ро бо шавқ тамошо мекунам. Ба барандаи он ҳавасам меояд. Мехоҳам набераҳоям чун Шарофат суханпардоз, фаъол ва тарғибкунандаи забони ноби тоҷикӣ гарданд, – мегӯяд холаи Мусаллам.     
Вақте бо донишҷӯёни ДДОЧ доир ба интихоби касб гоҳо суҳбат меоростем, аксарияти духтаракон мегуфтанд, ки мисли апаи Шарофат журналист, сухангӯ шудан мехоҳем. Ва барои ин ба кадом фанҳо бисёртар бояд аҳамият диҳем?...
– Аввало дар мактабу донишгоҳ бо хулқи намунавӣ, хониши аъло, ғайратнокию меҳнатдӯстӣ ангуштнамо бояд шуд, аз мушкилиҳо набояд ҳаросид. Забону миллати худро бояд дӯст дошт, мутолиа намуд, ашъори бузургони форсу тоҷикро омӯхт.  Чунин хусусиятҳо дар апаи Шарофат муҷассам, – мефаҳмондам ба онҳо.
Оре, хушбахт касест, ки мардум ӯро дӯст медорад, суханашро гӯш мекунад, ба рафтор, гуфтор ва маданияту маърифаташ пайравӣ кардан мехоҳад.  Вақте аз Рӯдакиву Ҷомӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Зебунисою Гулрухсор қироат мекунад, садои дилангезу форами ин бонуи фарҳангдӯст дилҳоро саршори фараҳ месозад ва ҳар як донандаи ин лафзи шаккарин шукрона мегӯяд, ки забони қадимию аҷдодиамон пойдор аст...    
Шарофат Эрматова зодаи деҳаи зебоманзари Нанайи ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд  мебошад. Сухангӯиро аввало дар муҳити оила, аз падару модари маърифатпарвараш омӯхт. Модараш холаи Умурҷон зани доною ҳозирҷавоб буд, падараш Ҷӯрабой Эрматов дар хоҷагии кирмакпарварӣ кор мекард, аз ғазалҳои бузургон қироат карданро дӯст медошт.  
Онҳо даҳ нафар фарзандро ба воя расонда, таълиму тарбия доданд.  
Зан дар оила ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Дар ин лаҳзаҳо ҳар яки мо модари меҳрубони худро ба ёд меорем.
– Аз қадимулайём то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон маърифатнок тарбият ёбанд. Пеш аз он ки фарзандон ба ҳаёти мустақилона гусел карда шаванд, онҳо бояд аз нозукиҳои оиладорӣ, одоби муошират, муносибат, хислатҳои неки инсонӣ бархурдор бошанд. Аз ҷумла, ба тарбияи духтарон ба ин мақсад аҳамияти зарурӣ дода шуда, ҳанӯз аз хурдӣ ба онҳо тарзи рӯзгордорӣ, муносибат, хушгуфторӣ омӯзонда мешавад. Мо дар оила шаш духтару чор писар ба воя расидем. Модарам сахтгир буд, ҳар як кори моро таҳти назорат мегирифт, – мегӯяд Шарофат. 
Бале, маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ дорад, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.
Ин буд, ки фарзанди панҷуми онҳо Шарофат баъди хатми мактаби зодгоҳ  дар техникуми маданияти Тошканд таҳсилро идома дод. Дар Донишкадаи давлатии маданият ва санъати Тошканд таҳсил гирифт. Баробари таҳсил дар  рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») кор кард.      
Аз соли 1990  муаллиф, муҳаррир ва барандаи барномаҳои тоҷикии Ширкати телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, ба монанди «Ширу шакар», «Меҳрангез», «Рангинкамон», «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо», «Дар оилаи ягона» фаъолият бурд. Аз соли 1989 фаъол ва баъдан раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно», аз соли 2012 то соли 2018 раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ буд. Дар хонаи «Дӯстӣ» дар қатори дигар марказҳо барои Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон хонаи алоҳида ҷудо карда шуд. Бо саъю ҳаракати Шарофат ин хона бо портретҳои бузургони форсу тоҷик, ашъори онҳо, китобҳои бадеӣ, либос, зарфу ашёҳои миллӣ муҷаҳҳаз гардид. 
– Аз хурдӣ гуфторҳои радио ва барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро бо шавқ гӯш мекардам, ба наттоқон ва бонувони сухангӯи тоҷик ҳавас мекардам. Дар тӯли фаъолиятам хидматҳои шоири зиндаёд Ҷонибек Қувноқ, драматург Элбек Мусоев, муаллифи барномаҳои телевизионии «Панди падарон» Ҳайдар Афзалов ва дигарон хеле зиёд, – мегӯяд мактаби аввалини сухангӯии худро ба ёд оварда Ш. Эрматова.     
Ӯ соли 2002 бо ордени «Дӯстлик», соли 2007 бо унвони «Ходими хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мукофотонида шуд.   
– Ба ҳар даврае, ки меравам, ё худ дар ҷашнвораву чорабиниҳои дӯстӣ барандагӣ мекунам, бар дӯш масъулияти зиёдеро ҳис мекунам, чунки ҳамчун намояндаи миллат сухан мегӯям, ки ин барои ман ифтихор аст, – мегӯяд Шарофат.
Узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, модари меҳрубон,  момои набераҳои ширин мебошад ҳоло вай.  
Носири Хусрав фармудааст:
Сухан дониста гӯ, чизе, ки гӯӣ,
Худ он оҳиста гӯ, чизе, ки гӯӣ.

Саодат БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: