Аҳолии ду вилояти Ӯзбекистон аз 4 миллион нафар гузашт

Аҳолии ду вилояти Ӯзбекистон аз 4 миллион нафар гузашт. Дар ин бора маълумотҳои Агентии омор шаҳодат медиҳанд.

Аз ҷумла, то 1 октябри соли 2023 дар вилояти Самарқанд 4 186 100  нафар зиндагӣ мекунанд, ки аз ин шумор 2 109 100 нафарро мардон ва 2 078 000 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Инчунин, шумораи аҳолии вилояти Фарғона 4 040 600 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумор 2 038 700 нафарашон мардон ва 2 001 900 нафарашон занон мебошанд.

Аҳолии доимии Ӯзбекистон ба ҳолати 1 октябри соли 2023  36 599 800 нафар, аз ҷумла 18 422 900 нафар мардон ва 18 176 900 нафар занон буданд.

Аз онҳо аҳолии шаҳрҳои ҷумҳурӣ ба 18 667 200 нафар, аҳолии деҳот ба 17 932 600 нафар расид.

То 1 октябри соли 2023-ум 32 фоизи аҳолии доимии ҷумҳуриро шахсони синнашон аз синну соли қобили меҳнат поён, 56,5 фоизашонро синну соли қобили меҳнат ва 11,5 фоизашонро аз синни қобили меҳнат калон ташкил доданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: