Президенти Ӯзбекистон Сарвазири собиқи Қатарро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 ноябр Сарвазири собиқи Давлати Қатар, асосгузори якчанд холдинги бузурги сармоягузорӣ ва индустриалии мамлакат Ҳамад бин Ҷосим ал-Таниро қабул кард.

Ҳайати Қатар ба мамлакатамон барои вусъати қарордодҳо дар дараҷаи олӣ ташриф овард.

Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои истиқболноки сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд. Дар байни онҳо – сохтмони маҷмӯи замонавии меҳмонхонавӣ дар шаҳри Бухоро, маркази калони логистикӣ, маҷмӯи савдо ва иқоматӣ дар шаҳри Тошканд, ба вуҷуд овардани инфрасохтори тезгарди автомобилӣ ва роҳи оҳан, такомули аэропортҳо ва ҳамчунин лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, металлургия, саноати бофандагӣ, чорводорӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва ғайра ҳастанд.

Инчунин нақшаи ба вуҷуд овардани фонди муштарак барои дастгирии молиявии лоиҳаҳои мазкур муҳокима гардид.

Татбиқи лоиҳаҳо дар асоси «харитаи роҳ»-и муштарак ба амал татбиқ мегарданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: