5. САДОҲО АЗ ЖАРФОИ ТАЪРИХ

(Пурсиш ва посух аз гузаштагони бузург)

Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
профессор

5. САДОҲО АЗ ЖАРФОИ ТАЪРИХ
(Пурсиш ва посух аз гузаштагони бузург)

(Эссе)
(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои 
№ 68, 69, 71, 72).
ПУРСИШ ВА ПОСУХ АЗ 
АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО 
(980-1037)

Шайх-ул-раис! Зиёда аз ҳазор сол аст, ки номи мубораки Шумо дар қалби башарият маскан дорад. Асарҳои безаволатонро наслҳои гуногун такрор ба такрор мехонанд, баҳраи ҷисмониву маънавӣ мегиранд. «Ал-қонун фи-тиб» ҳанӯз соли 1180 ба забони лотинӣ тарҷума шуда, чун дастури дарсӣ асрҳо дар донишгоҳҳои мамолики Ғарб ва Шарқ истифода мешавад. «Наҷот», «Шифо», «Донишнома», «Ишорот ва танбеҳот», «Рисолаи ишқ» барин китобҳоятон маълуму машҳуранд, ки фалсафаи ақлонии Арасту ва ғояи Афлотунро дар олами ислом эҷодкорона идома додаанд. 
Барои абадӣ кардани хотири некатон, яке аз астроидҳо ба номи Шумо гузошта шуда, дар Маҳтоб бузургтарин кратер номи Шуморо дорад, табиатшиноси бузурги замони мо Карл Линей гиёҳеро бо номи Шумо номгузорӣ кард. Яке аз баландтарин қуллаи кӯҳи Помир дар Тоҷикистон, донишгоҳ, китобхона, кӯчаҳои зиёдеро дар кишварҳои бисёре ба номи Шумо додаанд.  Дар бораи ҳаёти Шумо филмҳои бадеӣ-таърихӣ ба навор гирифтаанд ва ғайра.
Китоби «Тадбири манзил»-ро, ки ба забони модарии худ – форсии тоҷикӣ навиштаед, он ба мо имкон медиҳад, ки барои ҳалли масоили рӯзмарраи замони худ аз Шумо суол кунем. Зеро мо Шуморо на танҳо чун бузургтарин табибу файласуф, балки боз чун донишманди беназири ҳаёт ва ҷомеа ҳам мешиносем. Шумо дардҳои маънавии замони худро хеле хуб баён кардаед, ки ба дардҳои даврони мо шабоҳат доранд. 
Инак, пурсиданием, ки чаро тарзи зиндагии одамон, дар ҳама вақту ҳолат, воқеият тибқи хостҳои онҳо  амалӣ намешавад? Чаро мардум барои зиндагии хубу осоиштаю осуда як нақша мекашанду, дар амал зиндагиашон сурати дигар мегирад? Чаро дар замони мо – замони иттилоотию рақамӣ, техникию технологӣ баробари сабук шудани бисёр корҳои ҷисмонӣ пойдории оила хароб мегардад? Чаро тарбияи фарзанд душвортар мешавад...? Шумо маслиҳат медиҳед, ки: 
– Азизон! Шумо фикр мекунед, ки ба ин саволҳо бузургони ақлу хирад, ба мисли Афлотун, Арасту, Форобӣ, Лао Сзи, Конфутсий, ё файласуфони Ҳинди бостонӣ ва дигар мутафаккирони мутақаддиму мутаохир ҷавоб дода метавонанд? Ҳаргиз! Ҷавоби чунин саволҳоро бояд дар худ биҷӯед! Зеро ба саволе, ки бевосита ба ҳаёти шахсӣ, ҳаёти оилавии шумо дахлдор аст, ё аз талошу хостҳои дили шумо ба миён меояд, танҳо бояд худатон ҷавоби дуруст ёфта, тибқи он амал кунед. На аз бузургони ақлу хирад ва на аз пайғамбарони бешумор! Онҳо танҳо васила ё омили ҷустуҷӯйҳои ҷавоб ба саволҳои зиндагӣ шуда метавонанд. 
Инсон, ки тавлид шуд, бояд дар баҳри беканори зиндагӣ, дар маҷрои он шино карданро омӯзад, вагарна дар соҳили зиндагӣ хоҳад монд. 
Агар сухан дар бораи оиладорӣ равад, ман дар асарҳои худ «Рисолаи ишқ» ва «Тадбири манзил» ба ин масъала ишора кардаам. Пойдории оила, пеш аз ҳама, ба ишқи софи байни зану шавҳар асос меёбад. Ишқи соф гуфта, ман силсилаи муносибатҳои рӯҳӣ, маънавии инсониеро дар назар дорам, ки  Парвардигор ба ҳар як фард барои қатъ нашудани ҳаёт зиндагӣ ато кардааст. Маҳсули он фарзандон, насли одамист. Бе ин ишқ на танҳо оиладорӣ пойдор нест, балки олам, коинот, ситораҳо, сайёраҳо ҳам, чуноне ки дар «Рисолаи ишқ» гуфтаам, аз ҳаракат бозмемонанд. Аз ин ҷост, ки онро бисёр файласуфон ва сӯфиён мусовӣ ба Худо таъбир кардаанд.
Ишқи соф воқеиятест, ки  дар байни зану шавҳар якдигарфаҳмӣ, якдигарпазироӣ, гузашти ҳамдигарӣ, эътимодро тақозо мекунад. Аз ҳама муҳимтараш он имкон медиҳад, ки  зану шавҳар душвориҳо, пасту баландиҳои зиндагиро бо ҳам ба осонӣ паси сар бикунанд, якдигарро танҳо нагузоранд, сангарҳои забонӣ, рӯҳӣ, фарҳангӣ, динӣ ва анъанавиро якҷо бартараф созанд.
                                                          
*** 
Ҳакими бузург! Ҳар он чӣ Шумо дар боло гуфтед, мо қабул дорем, мувофиқ ҳастему чун дастури ҳаёт истифода мекунем. Аммо моро чизи дигар ба ташвишу изтироб овардааст. Айни ҳол, дар байни тоҷикон-форсизабонон талоқдиҳии занҳо, вайрон шудани оила, бо сабабҳои иҷтимоӣ, рӯҳӣ афзудааст. Аксаран мардҳо ва баъзан занҳо муҳоҷир мешаванд, дар кишварҳои бегона ба сахтиҳои бисёре рӯ ба рӯ меоянд, мардҳо ба занҳои қавмҳои дигар издивоҷ мекунанд, занҳои тоҷик умре бешавҳар мегарданд ва афсӯс, ки ба корҳои ғайриахлоқӣ ҳам даст мезананд. Хулоса, ин масъалаи муҳим барои нигоҳ доштан ва ҳифзи ҳувияти миллӣ на фақат монеа мегардад, балки онро маҳв месозад. 
Дар ин ҷо бояд хотиррасон кард, ки миллат, на давлат, бояд, пеш аз ҳама, сарзамин ва занони худро аз ҳама гуна таҳдид (иқтисодӣ, ҳарбӣ, сиёсӣ ва ғ.) ҳифз карда тавонад. Таърихи инсоният собит сохта, ки манфиати миллат (кулли мардум) ва давлат (ҳизбҳо, гурӯҳҳо, қавмҳо ва ғ.) на ҳамеша мутобиқ меафтанд. Миллат агар аз муфлисӣ занҳои худро дар ба дар созад, аз ҷиҳати моддӣ онҳоро таъмин карда натавонад, дар кишвар Қонуни асосӣ аз ҷониби давлат риоя нашавад, яқинан, занҳо дар ҷустуҷӯйи бахту саодати худ меафтанд ва ҳувияти миллат зери хатар мемонад. Дар ин ҷо масъалаи худшиносии миллат ба миён меояд. Яке аз шартҳои асосии худшиносии миллӣ дар ҳимоят карда тавонистани кишвару занони  худ аз тасаллутгарон аст.
(Давом дорад).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: