МОЛ АЗ БАҲРИ ОСОИШИ УМР АСТ...

Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ

Агар кардӣ нигаҳ бар пораи санг,
Зи файзи орзуи ту гуҳар шуд.
Ба зар худро масанҷ, ай бандаи зар,
Ки зар аз гӯшаи чашми ту зар шуд.

Муҳаммад Иқболи ЛОҲУРӢ
Бино ба ривояте, одам вақте пулро ихтироъ намуд, шайтон чил шабонарӯз ид кард, ки акнун ин мавҷуди худхоҳ аз қолиби инсонигарӣ хоҳад баромад. Воқеан, вақте ба умқи бисёр низоъву кушторҳо фурӯ меравед, мебинед, ки сабаби онҳо пул, молу чиз, яъне сарвати моддист. Баъзе давлатҳои абарқудрат ба рӯ ниқоби хайрхоҳӣ кашида, ба мамлакатҳои заиф дасти таҷовуз дароз мекунанд, ки ҳадафи ниҳоии ин таҷовузҳо низ суди моддист... 
Дар гирдиҳамоиҳое вақте сухан аз сарвати моддӣ ва маънавӣ ба миён меояд, на ҳама идрок менамоянд, ки инҳо чӣ сарватанд. Сарвати моддӣ ва маънавиро наметавон аз якдигар ҷудо тасаввур кард. 
Хуб, сарвати моддӣ чист? Аз дидгоҳи инҷониб хонаву ҷой, пул, зару зевар, либосворӣ, ғизо, мошину чорво ва дигар амволе, ки барои хуш гузаронидани умр мусоидат менамоянд, сарвати моддиро ташкил медиҳанд. 
Илму дониш, таҷриба, фарҳанг, дину мазҳаб ва афкору ақоиде, ки аз ниёгон боқӣ мондаанд, истеъдоди фитрӣ ва донишҳое, ки имрӯзиён дар зеҳн доранд, сарвати маънавӣ ба шумор мераванд.
Дар боло изҳор доштем, ки сарвати моддӣ ва маънавиро аз якдигар ҷудо тасаввур наметавон кард. Инро чӣ хел бояд фаҳмид. Мисолан, дар дукони китоб сарвати маънавӣ – «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ мавҷуд аст. Вале барои харидани он бояд маблағи кофӣ дошта бошем. Ё бигирем, барои ба даст даровардани сарвати маънавӣ – дар курсҳои махсус омӯхтани забони англисию русӣ ва дигар забонҳо, бояд маблағи заруриро бипардозем. Дар мавриди таҳсил дар донишкадаву донишгоҳҳо низ инсон ба сарвати моддӣ ниёз дорад. Ҳамчунин, сарвати маънавӣ – дониш ва таҷрибаву малака, бе сарвати моддӣ – ғизо ба даст наояд. Яъне, дар ин вақт бояд шиками инсон сер бошад, ки маншаи нерӯ аст.
Умри инсон, аз он, ки як қисмаш бо хоб мегузарад, кӯтоҳ аст. Вай дар тӯли ин умри кӯтоҳ сарватманду муқтадир будан мехоҳад. Биноан, қисмате аз инсонҳо ба дунболи сарвати моддӣ, қисмате ба дунболи сарвати маънавӣ мераванд. Ин ду гурӯҳ, мисли обу оташ, ҳеч бо ҳам намесозанд, байни онҳо ихтилофи доимӣ вуҷуд дорад. Суоле ба миён меояд, ки аз ин сарватҳо кадоме беҳтар аст: сарвати моддӣ ё маънавӣ? Дар боло гуфтем, ки онҳо бе якдигар тасаввурнопазиранд. Оё метавон рушди иқтисодиётро бе рушди илму дониш ва технологияи нав тасаввур кард? 
Таассуф, ки имрӯз моддият дастболост ва маънавият рӯ ба таназзул овардааст, хусусан, қашшоқии маънавии ҷавонон дар ҳар қадам эҳсос мегардад, аксарияти онҳо таҳаммулнопазиранд, сабукфикру зудбоваранд, доираи ҷаҳонбиниашон танг аст, аз манбаи сарвати маънавӣ – илму дониш ва китобхонӣ хеле дур шудаанд. Иллат дар куҷост? Ба фикрам, дар низоми таълиму тарбия аст. Сарвари мамлакат ҷон мекоҳад, ки ин холигоҳи маънавиро пур кунад. Доир ба беҳсозии низоми таълиму тарбия қарору фармонҳо доир менамояд, мардумро ба китобхонӣ даъват месозад, соли равонро Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон кардани ӯ низ идомаи ин такопӯҳост. Бошад, ки илму маърифат рушд кунад... 
Аҳли илму дониш ба беш аз андоза гирд овардани молу сарват эътибор надодаанд. Кадоме аз шоирони классик ба ин маънӣ фармудааст:
Бузургон накарданд парвои мол,
Ки амволро рӯзе ояд завол.
Ҳақ бар ҷониби пири пандгӯёни дунё Шайх Саъдист, ки фармуда: «Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри  гирд овардани мол».
Сарвати моддӣ, бигирем пул, ё харҷ мешавад, ё онро дузд мерабояд, либос бо мурури вақт куҳна мешавад, автомобил ё аз кор мебарояд, ё бар асари садама ба оҳанпора табдил меёбад, ғизо низ имрӯз бошад, фардо нест... Баъдан, сарвати моддии беш аз андоза ҳузуру ҳаловатро аз байн мебарад, инсонро аз меҳнат ва ҳаракати ҷисмонӣ, ки маншаи тандурустист, то ҷое бозмедорад, садди роҳи ҷамъоварии сарвати маънавӣ мегардад, дар байни бародарон хусумат меангезад, пояҳои ахлоқи ҷомеаро суст мегардонад. Ривоят мекунанд, ки марде се писар дошт. Онҳо шабу рӯз ба дунболи моли дунё мегаштанд, танҳо дар вақти зурурат аз ҳоли падару модар хабар мегирифтанд, меҳри бародарӣ дар дил надоштанд, ба якдигар мисли бегонагон муносибат мекарданд. Мард аз ин ҳолат ғам мехӯрд, вақте ба баҳонае гирди ҳам меомаданд, насиҳат мекард, ки моли дунё чирки даст аст, шӯед меравад, ба якдигар меҳрубон бошед, бародарӣ аз ёд набаред. Вале панду насиҳат ба онҳо асар намекард. Пирамард рӯзе бемори бистарӣ шуд, писаронро даъват кард. Онҳо, ба хотири он ки шояд падарашон мерос тақсим мекунад, ба ҳузури ӯ рафтанд. Падар гуфт:
– Писаронам, магарам марг фаро мерасад. Дар сӯрохии девори хонаи шафат амонате гузоштаам. Баъди маро гӯрондан онро ба ҳам бинед. 
Фарзандон бо ризоият падарро мегӯронанд ва рӯзи чоруми дафн амонатро меёбанд, ки як ҷуфт ҷуроби куҳна будааст. Даст ба даруни ҷуроб меандозанд, як пора коғаз берун меояд, ки дар он ин суханон навишта шуда буданд: «Бубинед, фарзандонам, ба ман аз ин дунёи фонӣ ҳамин ҷуробҳоро бурдан  ҳам насиб накард. Ба якдигар меҳр варзед, умр бо як миҷа ба ҳам задан мегузарад». Ин суханон риштаи меҳри бародаронро ба ҳам пайваст...   
Эй хушо, онҳое, ки дорои ҳар ду сарватанд. Дар оилаҳои баъзе сарватмандон чунин ҳолатро ба мушоҳида гирифтаем. 
Тифл дар зоишгоҳ ба дунё меояд, ӯро бо ду-се мошин ба хона меоранд, вақте се-чорсола шуд, бо мошин субҳ ба кӯдакистон бурда, бегоҳ меоранд. То хатм кардани мактаби миёна ин аҳвол давом мекунад. Баъди хатми мактаб, барои равуо ба муассисаи таълими олӣ, ба ӯ мошини алоҳида харида медиҳанд. Надонистам, ин гуна фарзандон ҷисмонан то куҷо обутоб меёбанд, сахтиҳои ҳаётро чӣ хел таҳаммул мекунанд ва захираи сарвати маънавиашон чӣ миқдор аст...
Сарвати маънавии инсонро ҳеч кас аз ӯ рабуда наметавонад, он ҳар қадар бисёр бошад, ба соҳибаш ҳамон қадар бахту саодат меоварад. Донишмандон – сарватмандони қаноатпеша ба сахтиҳои ҳаёт тобоваранд, шебу фарози умрро сарбаландона пушти сар мегузоранд. Зеро онҳо ба умқи ин ҳадисҳои Расули акрам: «Қаноат сармояи тамомношуданист», «Бо қаноат зист кун, то подшоҳӣ кунӣ» рафтаанд.          
Чунин ба назар мерасад, ки бемаърифатӣ, аз китоб дур шуданҳо ва дастболо гардидани моддият ҷавонони моро маънан қашшоқ мегардонад. Ин ҷо ба тариқи мисол метавон лавҳаеро аз намоиши телевизионии «Овоза дар маҳалла» («Маҳаллада дув-дув гап», баранда Гавҳар Зокирова) овард, ки ба маърази тамошо гузошта шуд. Ҷавонеро (домоди оянда), ки бо духтар (арӯс) гапаш гурехтааст, ба студия даъват кардаанд. Ҳозирин аз ӯ пурсиданд, ки чаро гапатон гурехт? Шумо якдигарро дӯст медоштаед. Оё мешавад бо баҳонае ночиз ба висоли якдигар нарасид? Ҷавон изҳор дошт:
– Бале, мо якдигарро дӯст медорем. Мушкилӣ дар  либоси арӯсии сафед ва фата аст (онро ба орият мегиранд), ки ду ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад. Барилова, баъзе ҷойҳояш бадани арӯсро урён нишон медиҳад. Маҳбубаам мехоҳад, ки шаби тӯйи арӯсӣ маҳз ҳамон либосро дар бар дошта бошад. Дигарашро пешниҳод кардам, хуш накард. Мусоҳибон, барои равшанӣ андохтан ба масъала, ба арӯси оянда занг заданд. Ӯ гуфтаи ҷавонро тасдиқ намуд, ки ин ҳодисаи нишотбахш дар тӯли умри ӯ як бор рух медиҳад. Биноан мехоҳад, дар шаби базми висол айнан ҳамон либосро дар бар дошта бошад...              
Суоле ба миён меояд, ки духтар ба кӣ ба шавҳар баромадан мехоҳад: ба ҷавони дӯстдоштааш ё ба либоси арӯсии гаронбаҳо? Шояд духтар бо маслиҳати мисли худ ягон дугонаи сабукфикраш ин қадар истодагарӣ мекунад. Вақте ба суҳбат хоҳарбузурги ӯро кашиданд, вай ҳам хоҳарашро ҷонибдорӣ кард. Агар он духтар ва хоҳарбузургаш  аз ин ҳадисҳои Расули акрам огоҳӣ медоштанд: «Зане, ки харҷаш аз ҳама занон камтар бошад, баракаташ аз ҳама бештар аст», «Муъмин камхарҷ аст»... имкониятҳои моддии ҷавонро ба назари эътибор мегирифтанд. 
Таассуф, чунин ҳодисаҳое, ки аз бемаърифатӣ ё каммаърифатии ҷавонон ва бузургсолони мо дарак медиҳанд, кам нестанд. Сабаби зиёд пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва гумроҳии онҳо магар суст шудани пояҳои ахлоқ, бемаърифатӣ ва дастболо гардидани моддият нест?...
Шахсан, инҷониб, ҳарчанд имрӯз мӯд шудааст ва манъ кардани он амри муҳол, фатаро сарандози арӯсии миллӣ намеҳисобам. Мегӯянд: ҳар чӣ, ки собиқа дорад, оянда дорад. Агар ба гузаштаҳои дуру наздикамон назар афканем, либосҳои арӯсии зиёде пеши назар меоянд. Ба ҷуз ин, сандуқи момоён ва осорхонаҳои мо пур аз либосҳои арӯсиянд. Магар тарҳсозони (моделсозон, дӯзанда) тоҷику ӯзбек онҳоро ба талаби замон мутобиқ гардондан наметавонанд? Ба фикрам, агар дастандаркорон ва тарҳсозон бихоҳанд, бо назардошти талаби замон либосҳои арӯсии олии миллиро дӯхта метавонанд. Агар либосҳои арӯсии миллии мо олӣ дӯхта шаванд, бешубҳа, арӯсшавандагони Аврупо ва дигар қитъаҳо низ дар шаби висол пӯшидани онҳоро орзу мекунанд.
Низомии Ганҷавӣ дар мавриде фармудааст:
Дар навмедӣ басе умед аст,
Поёни шаби сияҳ сафед аст.
Мо бар онем, ки ислоҳот ва қарору фармонҳои доирнамудаи сарвари мамлакатамон доир ба беҳсозии низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва олӣ натиҷаи матлуб медиҳанд ва дар ояндаҳои наздик насле мисли аҷдоди худ бомаърифат ва ҷисмонан солим по ба арсаи ҳастӣ мегузорад.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: