НБО РОҒУН: ТАҶАССУМИ ҶУРЪАТ, ҚУДРАТ ВА МАТОНАТ

  • НБО РОҒУН:  ТАҶАССУМИ ҶУРЪАТ, ҚУДРАТ ВА МАТОНАТ
  • НБО РОҒУН:  ТАҶАССУМИ ҶУРЪАТ, ҚУДРАТ ВА МАТОНАТ

1. ОБ – РӮШНОӢ

Ин ибора дар охири солҳои 70-уми асри гузашта вирди забонҳо буд. Романи нависандаи варзидаи тоҷик Муҳиддин Хоҷаев бо ҳамин ном баромад. Қаҳрамони асосии ин асар ГЭС – Неругоҳи барқи обии Норак (НБОН) буд. Ғайр аз ин боз як адиби номӣ Юсуфҷон Акобиров романашро («Норак», соли 1979) ба ин иншооти беназир бахшида, эҷод карда буд. Роҳбари онвақти Иттиҳоди Шӯравӣ Л. Брежнев 2 сентябри соли 1970 ин ҷо омада буд. Мо чанд нафар донишҷӯ ба зарбулмасали «Шунидан кай бувад монанди дидан» амал карда, яке аз саҳарҳои баҳори соли 1980 ба тамошои ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон омадем. Ва ҳанӯз зери таассуроти он диданҳо мебошем. Он замон шоири шаҳир Лоиқи Шералӣ дар қиссаи «Офтоби Норак» навишта буд:
Зар аз сандуқи кӯҳ 
омад ба берун,
Раҳо шуд Офтоб аз 
чоҳи Зиндон.
Зи кӯҳи Нор банди Нур 
во шуд –
Рамузи роҳи нуронии 
даврон...
Зи сеҳри нури Норак 
ақлҳо мот,
Ба сӯи барқи Норак 
чашми дунёст.
Зи роҳи нури Норак 
ҷӯй фардо,
Ки роҳи нури Норак 
роҳи фардост!
Чанде пеш дӯсти ҳамкасбамон Журналисти шоистаи Ӯзбекистон, сармуҳаррири рӯзномаи «XXI asr» Норқобил Ҷалил, ки соли гузашта дар ҳайъати гурӯҳи журналистони Ӯзбекистон аз Душанбе дидан карда буд, хотироти некашро аз он сафар нақл кард ва гуфт, ки «Кош, кӯли афсонавии Сарезро медидем». Ростӣ, аз ин пешниҳод дар қалби ман низ нияти сайри Сарез пайдо шуд. Ин азми сафарро Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода низ дастгирӣ кард ва мо чаҳор нафар қаламкашони ӯзбекистонӣ роҳи Душанберо аз тариқи автомобил пеш гирифтем. 
Аз убургоҳи сарҳадии «Ҳаштяк»-и воқеъ дар ноҳияи Бекобод бе ҳеҷ мушкилӣ гузашта, ба шаҳри бостонии Истаравшан расидем. Ман дар ин шаҳр таваллуд ёфтаам. Ин дафъа зодгоҳамро боз ҳам ободтар дида, масрур гаштам. Баъди як суҳбати гарму самимӣ бо сардори дастгоҳи ҳукумати маҳаллӣ Тоҳир Абдувоҳидов ва шунидани таронаҳои дӯстию рафоқат сафарро давом додем. Дидани кӯҳҳои сарбаланду пурвиқор, паймудани нақбҳои ағбаи Шаҳристону Анзоб, шохобҳои Фондарёву Варзобу Яғноб, болооби дарёи Зарафшон, нафас кашидан аз ҳавои мусаффою беғубор, фикр мекунам, ба ҳар касе, ки дар ин ҷойҳо мешавад, як олам таассуроти хуш мебахшад. Аслан, сафар кардан амали хуб аст, хусусан ба он макону манзиле, ки замоне овони донишҷӯият гузаштааст.
Душанберо тамоман дигар дидам: гулзорҳо, арчазорҳои қоматбаланд, роҳҳои ҳамвору тамиз...
Бо кумаки Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Ширкати саҳҳомии «Барқи Тоҷик» аз меҳмонхонаи хушсохту зебои «Сафо», ки ходимонаш «Хуш омадед, сафо овардед!» гӯён истиқбол намуданд, ҷой гирифтем. Дар шафати «Боғи Истиқлол» будан ҳам як кайфияти дигар дорад.
Аз сабаби он, ки дар атрофи кӯли Сарез ҳаво паст фаромада, аз нарасидани оксиген эҳтимоли барои мусофирон мушкилӣ (зеро кӯл дар баландии 3255 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст) эҷод менамояд, ин дафъа аз ин сафар даст кашида, ба дидани неругоҳҳои Норак ва Роғун азм намудем.
Субҳ ба шаҳраки назаррабои Норак рафтем. Шаҳр боз ҳам обод шудааст. 
– Мо, ки дар шаҳрҳои ҳавояш ғуборолуд бисёр гаштаем, ҳавои софи ин ҷойҳо моро «касал» кард, – ҳазломез мегӯяд сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳуррият» Абдурасул Ҷумъақул. 
Оре, инсон ҳар ҷое зиҳад, ба табиати ҳамон ҷо мутобиқ мешавад. Аммо ҳавои тоза, беғубор дигар аст.
Дар бинои маъмурии неругоҳ моро директор Фазлиддин Шоҳиддинов хуш истиқбол намуда, оид ба ин иншооти қаҳрамони достоншуда ҳикоя намуд:
– Корхонаи мо 50-сола шуд. Дар тӯли ним аср маъвои миллионҳо нафар одамон, ҳазорон кӯчаву хиёбонҳоро рӯшан кард. Неругоҳ азимтарин ГЭС дар минтақа ба шумор меравад. Ин иншоот аз тамоми дигар неругоҳҳо ҷиҳати сохт фарқ мекунад. Зеро сарбанди он на аз бетону семент, балки аз сангу шағалу гил бунёд шудааст. Сохтмони иншоот соли 1961 оғоз, соли 1979 анҷом ёфтааст. Иқтидори он аввал 2700 МВт буд. Баъд, пас аз таҷдиди ҳамаи 9 агрегат иқтидораш ба 3000 МВт расонида шуд.
– Дар солҳои истиқлолият бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷдиди неругоҳ диққату эътибори бузург дода шуд, – мегӯяд Ф. Шоҳиддинов.
Баъд дохили корхона шуда, 9 агрегати азимро аз назар гузаронидем. Барои таҷдиду модернизатсияи онҳо 328 миллион доллар сарф шудааст ва имрӯз низ тармим давом дорад. 
Аммо баромадан ба сарбанди неругоҳ файзи дигар дорад. Баландии дарғот 300 метр аст. Ҳангоми баҳор агар ҳаҷми об зиёд шавад, аз туннелҳои махсуси обпарто истифода мешавад. Хавфи канда шудани дарғот вуҷуд надорад. Мутахассисон мегӯянд, ки ҳангоми рӯй додани зилзила ашёи сарбанд – сангу шағал ва гил фишор хӯрда, боз ҳам зич ва мустаҳкам мешаванд.
Поёноби неругоҳ, ки маҷрои дарёи Вахш аст, аз моҳиҳои гуногун, хусусан гулмоҳӣ  хеле бой аст.
Бояд гуфт, ки дарёи Вахшро дар Тоҷикистон чун неъмату сарвати бебаҳои табиии Худованд медонанд. Дар ин дарё силсиланеругоҳҳои Норак, Шӯроб, Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Марказӣ, ҷамъ 7 неругоҳи бузургу хурд бунёд гардидаанд. Иқтидори яксоатинаи маҷмӯи неругоҳҳо ба 9147,6 МВт баробар аст. Дар сари ин ГЭСҳо, дар болооби дарёи муътабари Вахш неругоҳи азимтарин ва беқиёси «Роғун» сохта мешавад, ки ҳоло таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб кардааст. Аз ин хусус дар мақолаи баъдӣ ҳикоя хоҳем кард.
***
Барои ташкили ин сафари эҷодӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» сипосгузорӣ менамоем.

Шоқаҳҳор САЛИМОВ, 
ТОШКАНД – ДУШАНБЕ – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: