ҶИҲАТҲОИ БА ХУД ХОСИ ПАРВАРИШИ САБЗӢ

Мутахассисон ба зироаткорон кишти навъҳои Мушак-195, Нурнок-70, Мирзои зард-304, Мирзои сурх-228, Нант-195, Шантанэ-2461, Зийнатдор ва Фаровони сабзиро тавсия медиҳанд.

Мутахассисон ба зироаткорон кишти навъҳои Мушак-195, Нурнок-70, Мирзои зард-304, Мирзои сурх-228, Нант-195, Шантанэ-2461, Зийнатдор ва Фаровони сабзиро тавсия медиҳанд. 
Барои ин тухмиҳои солим, осебнадида ва вазндорро интихоб намуда, бояд аз тухмиҳои растаниҳои дигар тоза кунанд. Барои кишту кори сабзӣ ба омодасозии замин низ эътибори алоҳида лозим мешавад, ки дар навбати аввал заминро аз алафҳои боқимондаи порсола ва бегона тоза карда, ба миқдори чуқурии 20-25 сантиметр нарм кунонида, ҷӯякҳои обёрӣ кашида шавад.
Дар мамлакати мо, ки обу ҳавои он дар ҳар фасл тағйирёбанда аст, аз сабзӣ соле 3 маротиба ҳосили фаровон гирифтан мумкин. Кишти аввали он дар вилоятҳои ҷанубӣ дар нимаи дуюми моҳи феврал, тобистона 1-15 август ва тӯқсонбостӣ бошад, 15-30 декабр гузаронида мешавад. Дар минтақаҳои марказӣ ва вилоятҳои водӣ навъи баҳоррӯя аз 1 то 15-уми март, тобистона дар давоми як моҳ – аз 10-уми июн то 10-уми июл ва тӯқсонбостӣ аз 10 ноябр то 10 декабр, дар минтақаҳои шимолӣ бошад, кишти баҳорӣ дар нимаи дуюми моҳи март, тобистонааш аз 10 то 20 июн ва тӯқсонбостӣ бошад, дар давоми моҳи ноябр кошта мешавад.
Фаромӯш набояд кард, ки дар майдони 10 сотих замин 500-600 гр. тухмӣ кифоя мекунад. Тухмии пош додашуда, бо кӯмаки хаскаш ба замин омехта карда мешавад. 
Яке аз масъалаҳои муҳими ҷараёни парвариши ин сабзавоти хушхӯр дар замини ҳамвор рӯёнида шудани он мебошад. Дар ин муддат намнокии замин дар меъёр дошта шавад, нишонаи аввалини он дар рӯзи 5 ё 7-уми кишт ба назар мерасад. Ягона ва аз алафҳои бегона тоза кардани онро саривақт бояд ба роҳ монд. Сабзиро бори аввал вақте ки барг мебарорад ва маротибаи дуюм, вақте ки шумораи ин баргҳо ба 3-4-то мерасад, хишова кардан кифоя аст. 
Азбаски сабзӣ чуқуртар реша медавонад, намгариро аз худи замин мегирад. Барои ин дар якуним ё ду ҳафта як маротиба, аз нимаи дуюми моҳи май бошад, бояд дар ҳар 7 ё 8 рӯз обёрӣ шавад.
Ба 10 сотих замини сабзи 15 кг азот, 8 кг фосфор 4,5 кг калий, ба замини ҳосилхез бошад, нисбатан камтар: 12 кг азот, 7 кг фосфор ва 4 кг калий дода мешавад.
75 фоизи солонаи фосфор ва ҳамаи нурии калий дар вақти шудгоркунӣ, қисми боқимондаи фосфор бошад, вақти ҷӯяккашӣ, нуриҳои азот бошад, ба 2 тақсим карда, вақти нашъунамо дода мешавад.
Доруҳои кимиёвӣ барои аз касалӣ ва зараркунандаҳои гуногун эмин нигоҳ доштани он истифода мешаванд. Ин ҷараён ҷиҳати нозукиҳои ба худ хосро дорад. Масалан, бар зидди алафҳои бегона дар тирамоҳ дорувори «галомекс» лозим мешавад. Барои алафҳои яксолаи 10 сотих замин  бошад, пеш аз кишту кор дорувории «гезагард»-и 50 фоиздор ба миқдори 200-300гр. истифода мешавад. Пошидани дорувори «стомп»-и 33 фоизнок ё ки «фюзилад супер»-и 12,5 фоиза то сабзидан ва ё ки 1-2-то баргак баровардани он тавсия дода мешавад. Чунин доруҳо бояд таҳти назорати мутахассисон истифода шаванд.
Ҳосили сабзӣ вақте ки диаметри ҳосилрешаи он ба 1,5-2 см. мерасад, ғундошта мешавад. Агар сабзиҳои азнав кошташуда то омадани рӯзҳои сард чида нашавад, бетаъм гашта, то дер нигоҳ дошта намешавад.

З. МИРЗААҲМЕДОВ,
мутахассиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ 
ва соҳибони замини наздиҳавлигии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: