Масъалаҳои бо кор таъмин намудани хатмкунандагони мактабҳои олӣ ва касбӣ муҳокима шуданд

19 феврал вазири таълими олӣ, илм ва инноватсия Қўнгратбай Шарипов бо раиси Ассамблеяи иқтисодиёти Ӯзбекистон Мухтор Умаров мулоқот анҷом дод.

Лоиҳаҳо барои татбиқи муштараки онҳо, ки ба таъмини шуғли ҷавонон, бахусус донишандӯзон, донишҷӯён ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аҳамияти омӯзиши мақсаднок барои корхонаҳои бузурги истеҳсолии ватанӣ ва хориҷӣ таъкид гардид. Таҷрибаи тайёр кардани мутахассисон аз рӯи соҳаҳои алоҳида дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ бо роҳи бастани шартнома бо корфармоён ва зарурати ҷорӣ намудани чунин таҷриба дар тамоми муассисаҳои таълимӣ қайд гардид.

Лоиҳаи "EduJob" низ баррасӣ шуд - ин платформа барои омода кардани ҷавонон ба касби онлайн ва таъмини муколамаи онҳо бо корфармоён нигаронда шудааст. Дар доираи лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳои дахлдор омода намудани мутахассисони баландихтисос оид ба касбҳои гуногуни ҷавобгӯи  талаботи стандартҳои кишварҳои тараққикардаи хориҷӣ, бо ҷойҳои кории баландмузд таъмин кардани онҳо, инчунин додани шаҳодатномаҳои дар бозори ҷаҳонии меҳнат эътирофшуда ба нақша гирифта шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: