«ДӮСТ ОН БОШАД, КИ...»

Дӯст машмор он, ки дар неъмат занад,

Лофи ёрию бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад 
дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
Дар ин абёти пандомез  Саъдии Шерозӣ таъкид кардааст, ки инсоният набояд дар интихоби дӯст саҳв кунад. Шоир фарқи дӯсти ҳақиқиро аз дӯсти хасакӣ равшан нишон медиҳад, ин ҳикмати зебо ҳаргиз қимати худро гум намекунад. Дар ҷойи дигар ӯ ба аҳли башар маслиҳат медиҳад, ки  дар шинохти дӯст ҳушёр бошанд. Вай гуфтааст: 
Дӯстон се навъанд, ар бидонӣ,
Забонианду нонианду ҷонӣ!
Ба нонӣ нон бидеҳ,
 аз дар биронаш,
Навозиш кун ту ёрони забонӣ.
Валекин ёри ҷониро ба даст ор,
Ба ҷонаш ҷон бидеҳ, 
гар метавонӣ!
Аммо дар зиндагӣ на ҳамеша муяссар мешавад, ки кас дӯсти ҷонии худро пайдо кунад.  Аз рӯйи нишондоди шайх Саъдӣ дар зиндагӣ бояд дӯсте ёфт, ки ҳам дар хурсандӣ ва ҳам дар ғаму андӯҳ ҳамроҳу шарики кас бошад. 
Мо асосан дӯстонро дар рӯзи мушкили зиндагӣ мешиносем, зеро инсон дар чунин лаҳзаҳо чеҳраи аслии худро нишон медиҳад. Агар вай дӯсти ҳақиқӣ бошад, ба фарёдат мерасад, агар забонӣ бошад, пушт гардондаву аз пайи кори худ меравад. Албатта, дар тӯли зиндагӣ соҳиби дӯстони зиёде мегардем. Аммо дар байни онҳо дӯстони ҷонӣ, ки моро ҳама вақт дастгирӣ намуда, зиндагиамонро ширину гуворо мекунанд, хеле каманд. Чунки кас ба мушкилиҳои зиндагӣ дучор мешавад, аз даҳҳо дӯсташ танҳо як ё ду нафар дар паҳлӯяш мемонаду бас. Ин хеле аламовар аст. Ба қадри дӯст ва дӯстии чун оби чашмасорон зулол расидан нишонаи баланди тарбият ва хиради асил аст. Шоири бузург Мирзо Турсунзода фармудааст:
То тавонӣ дӯстонро гум макун, 
Дӯстони меҳрубонро гум макун. 
Дар ҷаҳон бе дӯст будан 
мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро 
гум макун.
Оре, дӯст дар зиндагӣ баъд аз падару модар шахси наздиктарини мост. Дӯстони ҷонӣ ғамро аз дилҳо дур карда, моро ҳамеша шод мегардонанд. Аз ин рӯ, ин гуна дӯстонро бояд қадр  ва эҳтиёт кард!
Ман ҳам дӯстоне дорам, ки онҳоро хеле эҳтиром мекунам. Онҳо ба мисоли чароғ ҳастанд, ки роҳи зиндагии маро равшан мекунанд. Вақте ки мактаби миёнаро хатм кардаву ба остони донишгоҳ қадам гузоштам, касеро намешинохтам. Дар ҷараёни дарсҳо бо ҳамсолон суҳбатҳо ороста шинос шудем. Ҳамин тариқ ба баъзеи онҳо меҳру муҳаббати ман зиёд шуд. Яке аз онҳо Азиза Раҷабова аст, ки ғолибан дили маро бо суханони ширину гуворо ва хулқу атвори хубаш ба монанди шамси тобон равшан кард. Ҳоло мо дӯстони ҷонӣ ҳастем. Мехоҳам, ки дӯстиамон ҷовидонӣ бошад. Тавре ки шоири бузург Абушакури Балхӣ мегӯяд:
Ҳама чиз пирӣ пазирад бидон,
Магар дӯстӣ, к-он бимонад ҷавон!

Зулбибӣ ИСКАНДАРОВА,
донишҷӯйи соли 2-юми бахши тоҷикии Донишгоҳи 
давлатии Тирмиз.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: