Дар ҳоле ки мардуми ҷумҳурӣ ба давраи Эҳёи савум ворид гардида, баҳри бунёд кардану пойдор мондани Ӯзбекистони Нав камари ҳиммат бастааст, ба баланд бардоштани сатҳи маънавии одамон, инкишофи фарҳангу адабиёти миллӣ эътибори ҷудогона дода мешавад.
Бо мақсади амалӣ гардонидани чунин ҳадафҳои нек чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳафтаҳои китобхонӣ баргузор меёбанд.
«Ҳафтаи китобхонӣ» ин дафъа «Миллати китобхон» унвон гирифт. Як гурӯҳ меҳмонон, ки аз вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф оварданд, дар чорабиниҳои идонаи китобхонӣ ширкат варзиданд. Миёни онҳо раиси Маркази маънавият ва маърифати ӯзбекони вилояти Суғд, барандаи ордени «Дӯстӣ» Илҳом Юсуфов, сармуҳаррири маҷаллаи «Шарқнома» Ҳакимҷон Зокиров, шоирон Раҳимбердӣ Бердиев, Ёқуб Очил ҳузур доштанд. Бо иштироки меҳмонон ва раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов, сармуҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадулло Исмоилзода дар мактаби таҳсилаш ба забони тоҷикии рақами шашуми ноҳияи Янгиобод, воқеъ дар деҳаи Чаканд вохӯрӣ ба амал омад. Дар аснои вохӯрӣ тақдимоти китоби «Меҳрнома» ва маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» баргузор гардид. Меҳмонон аз бартарии фарҳангу адабиёт ва маънавияту маърифат дар ҳаёти ҷомеа, неъмати бузурги дӯстӣ, хоса дӯстиву бародарии ду халқ ҳарф заданд. Аз ҷониби Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон ба хазинаи китобхонаи мактаб якчанд номгӯй китобҳои бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо туҳфа карда шуд. Дар навбати худ масъулони ҳокимият ва шуъбаи маорифи ноҳия ба меҳмонон туҳфаву ташаккурномаҳо доданд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.